ХАБАРИ ДОҒ

Бо газетаҳои мустақил кор куне(м)д!!!

  • Панҷшанбе, Май 26 2016

(Чанд таклиф ба Ҳукумат)

1.Дар ҳамаи вилояту ноҳияҳо супориш дода шавад, ки ба рӯзномаҳои хусусии “СССР”, “Фараж”, “Наҷот”, “Миллат” ва дигарҳо дар идораву ташкилотҳо бисёр не, 2-3 донагӣ обуна шаванд.

Ин газетаҳо ҳам рӯзномаи ҳукуматианд ва моҳияти давлату миллатро ҳифз мекунанд. Тавассути инҳо аққалан сардорони ташкилоту муассисаҳо аз вазъи сиёсии давлат воқиф гарданд. Газетаҳои ҳукуматӣ бошад, аз чопи маводҳои хонданбоб аз қабили фелетон, памфлет, ҳаҷвия, қисса, лавҳа, репортаж, мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ, маслиҳатӣ даст кашидаанд. Одамон то дараҷае ҳавсалаи газетаро кушодану дидан надоранд. Агар пурсӣ, ки чаро газет намехонӣ? Мегӯянд, ки чиро хонем? Газетаҳои давлатӣ ба ғайр аз чопи қарору қонун ҳеҷ чиз надоранд. Газетаҳои хусусиро, ки хонданбобанд, намеоранд ва аз оварданашон худдорӣ мекунанд. 

2. Коркунони масъул, сардорони корхонаву идораҳо мунтазам рӯзномаҳоро варақ зада, маводи лозима ва проблемавиро таҳрир карда, муҳокима намоянд, чора бинанд. Ба пиндори ман ҳоло ҳам дер нашудааст, маводи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, №31, 6 августи соли 2015 зери сарлавҳаи “Кирмак+парвона=ДИИШ” чоп шудааст, аввал хонанд, баъд ба муҳокимаи умум гузоранд, қарор қабул кунанд. Ин мавод дар бораи ҷавононро чӣ гуна  ДИИШ  ҷалб мекунад, сухан мекунад.

3. Дар баробари ашхосе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд, ватанро мефурӯшанд, хиёнат мекунанд, бисёр эҳтиёткор шудан даркор. Мисли Ислом Каримов шудан даркор. Ғами давлати миллатро хӯрдан лозим аст. Аз дасти ин гурӯҳҳо ҳама кор меояд. Онҳо боз лаҳзаҳое мешавад, ки аз паи амалӣ гаштани ниятҳои бади худ мешаванд. Хоин ҳамеша хоин аст. Онҳоро ҳеҷ гоҳ бахшидан набояд. Ин гурӯҳҳо дар куҷое набошанд, ба пешравии ҷомеа халал мерасонанд ва ин гурӯҳҳо дар куҷое бошанд, бо тамоми аҳли оилаашон бояд дар назорати Кумитаи амният ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бошанд.

4. Мақолаҳои рӯзномаи СССР қариб ҳамааш танқидианд. Супориш дода шавад, ки кадом нуқтае мавриди танқид қарор мегирад, ба газета ҷавоб гардонанд ва санҷидан лозим, ки ҷавобҳо дурӯғ неву ҳақиқат бошанд. Агар ислоҳ нашуд, роҳбарон ҷавоб гӯянд ё аз кор сабукдуш шаванд. 

5. Биёед дар ҷамъомаду ҷаласаҳо аз таърифу тавсифи болохонадори якқолаба даст кашему ба ислоҳи камбудиву норасоиҳо даст занем. Биёед темпи корамонро анча дигар кунем, бинем чӣ мешавад, агар хуб нашуд, боз ҳамин роҳи пешгирифтаамонро давом медиҳем, чӣ гуфтед? Мо метавонем!

Бегиҷони Эшон,

узви Ихвон-ал-СССР, н.Тоҷикобод



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter