ХАБАРИ ДОҒ

ФБД: парвозҳои «Уралские авиалинии» ва «Ютэйр» тибқи реҷаи муқаррарӣ амалӣ ёфта истодааст

  • Панҷшанбе, Апр 06 2017


Парвозҳои хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии рус «Уралские авиалинии» ва «Ютэйр» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз тибқи реҷаи муқаррарӣ ва тасдиқшуда амалӣ ёфта истодааст.

Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, вобаста ба манъи парвозҳои ин ширкатҳо ба Душанбе аз аз соати 10:30-и рӯзи 6.04.2017 аз ҷониби вазорати нақлиёти кишвар ягон дастур наомадааст ва хатсайрҳо тибқи реҷа фуруд ва парвоз карда истодаанд.
Бояд қайд намоем, ки вазорати нақлиёти ҶТ рӯзи душанбе эълон намуда буд, ки дар ҷавоб ба манъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон эйр» аз Душанбеву Хуҷанд ба Маскав аз тарафи Россия, парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигари рус –«Уралские авиалинии» ва «Ютэйр» низ ба Душанбеву Хуҷанд манъ хоҳад гашт. Вобаста ба қазия парвозҳо байни Тоҷикистону Россия субҳи имрӯз намояндагони вазорати нақлиёти мамлакат озими Маскав гаштанд ва қарор аст фардо ин мушкил дар ҷаласаи муштараки авиаторони 2 кишвар матраҳ гардад.



СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter