ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ҷ.Балхӣ рав!

  • Ҷумъа, Июн 09 2017

Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи хушбоду ҳаво ва сарсабз буда, ҳама ҷо сабзу хуррам, талу теппаҳо сабзпӯш, гандум расидаву мардум ба даравидани он саргарм. Ҳар нафар бо кори худ андармону барои худ шароити беҳтаре муҳайё месозад ва барои ин ҳақ ҳам дорад.


Чуноне ки хонандагони газетаи мардумии СССР медонанд, тайи 2 моҳ аст, ки лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ» идома дорад ва мухбирони газета ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба қабули ин ё он раиси шаҳру ноҳия рафта, сипас дар ҳамон ноҳия меҳмон мешаванд. Ин маротиб мо ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро интихоб намудем ва рӯзи шанбеи 27.05.2017 ба қабули раиси он Убайдуллои Файзулло рафтем.

 «Ман ҳаминам, ки мебинед…»
Субҳи рӯзи 27.05.2017. Соат бо вақти Ҷ.Балхӣ 07:45 дақиқа. Мо, ки субҳи барвақт аз пойтахт ба роҳ баромада будем, аллакай ба назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Ҷ.Балхӣ ҳозир шудему рост ба сӯи утоқи кории раис Убайдуллои Файзулло рафтем. Фикр намекардам, ки қабулгоҳи раиси ноҳия 1 утоқи оддӣ ва хоксорона асту дар назди дар мардуми зиёд дар интизори қабул нишастаанд. Пас аз 5 дақиқа Убайдуллои Файзулло моро қабул кард ва шод аз он гаштем, ки эшон сари фурсат газетаи СССР-ро мехондаасту номи ҳар яки моро ғоибона мешиносад.
-«Ман ҳаминам, ки мебинед, бо мардум мушкил надорам, зеро фарзанди ин диёрам ва қариб, ки ҳамаи сокинонро шахсан мешиносам, медонам, ки кӣ чӣ проблема дорад, кӣ бо фиреб меояд ва кӣ бо мушкили ҳақиқӣ, пас аз 3 дақиқа қабул сар мешавад. Биёед, бо ҳам равем, раис бояд дер накунад!» - гуфт Убайдуллои Файзулло ва мо бо ҳам аз утоқаш баромадем. Мардуми дар қабулгоҳ ҷамъшударо низ раис бо худ ба толори калони барои қабули шаҳрвандон пешбинишуда бурд...

 Раисе, ки ҳамаро шахсан мешиносад
27.05.2017. Соат бо вақти Ҷ.Балхӣ 8:00 дақиқа. Ба қабули раиси ноҳия 13 нафар аз сокинон омада буданд. Мушкили №1-и аксарияти ин мардум замин ва ҷудо намудани қитъаи наздиҳавлигӣ буд. Раиси рост гуфт, тамоми мардуми ба қабул омадаро Убайдулло Файзулло шахсан мешинохт:
 «Ту фалонӣ нести? Ту писари фалониӣ, а? Бародарат хуб аст? Падарат чӣ ҳол дорад?»-гуфта вай ба ҳар 1 сокин муроҷиат мекард. Аҷиб он буд, ки раис бо мардум бештар шӯхӣ карда, онҳоро рӯҳбаланд менамуд, таъкид мекард, ки то метавонад дасти кӯмаки хешро хоҳад расонид. Латифа мегуфту мардумро механдонд, то ин ки онҳо аз назди ӯ бо табъи болида бираванд. Чунин бархӯрдро то ҳол надида будем. Қабули шаҳрвандон аз 1,5 соат тӯл накашид ва пас аз он мо баромада, боз ба утоқи кори раис рафтем.
Инҷо низ чанд нафар омада буданд, ки мехостанд мушкили хешро дар танҳоӣ бо раис матраҳ намоянд. Убайдулло Файзулло ҳар яки онҳоро шахсан пешвоз ва гусел карда, боз таъкид менамуд, ки «ба ин ё он салом расон, аз ҳоли вай маро огоҳ кунед, гӯед ба хабаргирияш меравам, расонед худаш биёяд, интизорам». Раис дар ҳақиқат ҳар 1 сокини ноҳияашро мешинохт, ки ин хеле хуб аст!

 Шаҳраке, ки тартиб дорад
27.05.2017. Соат бо вақти Ҷ. Балхӣ 10:00 дақиқа. Бо ҳамкорам Баҳодур Уроқов, ки мухбири газета дар вилояти Қӯрғонтеппа аст, аз бинои ҳукумати ноҳия баромада, ба тамошои шаҳрак ва маркази ноҳия рафтем.
Маркази ноҳияи Ҷ. Балхӣ 1 шаҳраке будааст бо тартиб, ором, бе ҳаёҳӯи мошинҳову ронандаҳо, ҳар кас дар ҷойи худ, ҳар кас бо кори худ. Касе аз сокинон ба аксбардории мо аҳамият ҳам надод. Мо бо Баҳодур аз беморхонаи наву замонавӣ, бозори марказӣ, марказҳои савдо, терминали нақлиётӣ, ки ноҳияро бо пойтахт ва дигар шаҳру навоҳӣ мепайвандад, дидан кардем. Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи хушбоду ҳаво ва сарсабз будааст. Ҳама ҷо сабзу хуррам, талу теппаҳо сабзпӯш, гандум расидаву мардум ба даравидани он саргарм. Ҳар нафар бо кори худ андармону барои худ шароити беҳтаре муҳайё месозад ва барои ин ҳақ ҳам дорад.

 Толори тренажери апаи Давлатмоҳ
27.05.2017. Соат бо вақти Ҷ.Балхӣ 11:00 дақиқа. Бо Баҳодур ба тарафи деҳоти Калинини ноҳия роҳ гирифтем. Гуфтанд, ки он ҷо 1 зане ҳаст, ки аз ҳисоби худ барои мардуми деҳа 1 маркази маишӣ бунёд карда, онро бо тамоми имконоти муосир муҷаҳҳаз намуда, барои истифодаи ройгон пешкаш кардааст. Хостем бо ин зан ошно шавем ва аз толори варзишии бунёд кардааш боздид намоем.
Апаи Давлатмоҳ Мирзомуродоваро дар ошёнаи 2-юми марказ, ки ҳам барои толори варзишӣ ва ҳам барои маркази дӯзандагиву адрасбофӣ ҷудо шудааст, пайдо намудем. Ӯ кори зани ҷавонеро, ки дар дастгоҳи махсус адрас мебофид, назорат мекард. Таҷҳизоти нав, имконияти хуби корӣ, толори варзишӣ бо тренажерҳои замонавӣ, ки ҳатто дар пойтахт камтар дидан мумкин аст, барои ҷавонони ноҳияи мазкур ба таври ройгон пешкаш шуда буд. Апаи Давлатмоҳ мегӯяд, к мехоҳад ҷавононро аз ҳар гуна амалҳои нопок дур ва ба варзишу касбомӯзӣ ҷалб намояд. Кори ӯ боиси таҳсин аст!



 Фурудгоҳ барои авиатсияи хурд
Дар баробари рушд додани истеҳсолоту кишоварзӣ, тиҷорату савдо, маорифу илм, касбомӯзӣ ва бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим, Убайдулло Файзулло азм дорад дар ноҳия боз 1 иншооти дигари муҳим-фурудгоҳ бунёд намояд. Бояд қайд кард, ки дар ин ноҳия қаблан дар замони шӯравӣ фурудгоҳ будааст ва то ҳол ҳам хати парвози он арзи вуҷуд дорад. Акнун онро азнавсозӣ намуда, бо шароити лозима муҷаҳҳаз карда, барои авиатсияи хурд омода кардан лозим аст, - чунин тасмим дорад раиси ноҳия.
- Ҳар гуна ҳолат метавонад пеш ояд, барои ҳамин мо бояд 1 фурудгоҳ дошта бошем, ки барои чархболу ҳавопаймоҳои хурд фароҳам бошад. На танҳо омилҳои инсонӣ, балки барои пешбурди иқтисодиёту кишоварзӣ низ фурудгоҳ ва алоқаи ҳавоӣ нақши муҳим мебозад ва мо бояд онро таҷдиду азнавсозӣ намоем, иброз медорад Убайдуллои Файзулло, раиси н. Ҷ. Балхӣ.
Боздиди мухбирони СССР аз ноҳияи мазкур идома дорад. Мо метавонем!


Ҷамила Ҳусейнова, Баҳодур Уроқов,
н.Ҷ.Балхӣ, 27.05.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter