ХАБАРИ ДОҒ

Имомхатиб: Эшони Қиёмиддин шиа шудааст!

  • Панҷшанбе, Дек 28 2017

Имомхатиби масҷиди ҷомеи "Тиллои сафед”-и шаҳри Ваҳдат-Амир Баҳодуров, дар сайти интернетии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маъракаҳо, дар 1 матлаб таҳти унвони "Гузаштан аз 1 мазҳаб ба мазҳаби дигар гумроҳист!” гароидани Эшони Қиёмиддин-рӯҳонии маъруфи солҳои 90-ро ба мазҳаби шиа шадидан маҳкум карда, навиштааст: “Шукронаи оромӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ки Худованди таборак ва таъоло бандагони худро ба сӯи иродаи қавӣ ва роҳи рост ҳидоят карда, аз дурӯягӣ ва заъфи имон наҳй кардааст. Вале мутаассифона, баъзе аз афрод дар мисоли Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, мулаққаб бо Эшони Қиёмиддин каломи Худовандро нодида мегиранд ва аз 1 ақида ба сӯи ақидаи дигар ва аз 1 мазҳаб ба сӯи мазҳаби дигар аспи ҳавову ҳаваси худро медавонанд, ки ин омил ба гумроҳии худи онҳо боис мешавад. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: Дар миёни ину он дудилаанд, на ба сӯи инонанд ва на ба сӯи онон. Ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳе наёбӣ (сураи  Нисо, ояти 143)”.
Дар идома имомхатиб бо такя ба ояти мазкур гуфтааст, ки “дудилагию дурӯягӣ сабаби гумроҳии абадӣ мешавад ва инчунин ҷомеае, ки бо меҳнатҳои зиёд ва ранҷҳои гарон барои ин мардум аз ҷониби Худованд тавассути хизматҳои родмардони ин марзу бум, хусусан тавассути хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъом шуд, таъсири манфӣ мерасонад”.
Дар охир Баҳодуров афзудааст: “Аслан мусалмон бояд аз вазъи ҷомеа ва ҷаҳон хуб бохабар бошад ва сабабгори нооромии ҷомеа ва фитнаву даргириҳо набошад ва аз неъматҳои бадастомада шукургузор бошад ва илло муъотаб ва муохаза хохад шуд”.
Хотиррасон мекунем, ки “генерали мардумии” майдони Шаҳидон дар солҳои 1992 Эшони Қиёмиддин аз 21.11.2017 дар СИЗО қарор дошта, бино ба хабарҳо, ӯ ба барангехтани кинаву адовати динӣ ва таблиғи мазҳаби шиа айбдор мешавад. Ғозӣ, аз рӯҳониёни маъруфи оғози солҳои 1990 ва “оратор”, ва ё ба гуфти шоир Бозор Собир “Ситсерон”-и “Шаҳидон”, шаби 20.11.2017 вақте бо ҳавопаймо аз Истамбули Туркия ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия омад, дар фурудгоҳи Пулково дастгир шуд. Он шабу рӯз ба ӯ гуфтаанд, ки номаш дар рӯйхати сиёҳи афроди мамнӯъулвуруд буда, ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надорад. Ва худи ҳамон шаб эшонро бо парвози Санкт-Петербург-Хуҷанд ба Тоҷикистон фиристоданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter