ХАБАРИ ДОҒ

Собиқ генпрокурор боздошт шуд!

  • Ҷумъа, Фев 23 2018


Дирӯз дар Тошканд Рашид Қодиров-собиқ генпрокурори Ӯзбекистон ва ҳамзамон 2 муовини собиқаш низ боздошт шуданд. Ин амал тибқи дастури прокурори генералии кишвар сурат гирифта, Рашидро дар чанд иттиҳомот, аз ҷумла, азхудкунии амволи давлатӣ ва пулшӯӣ тавассути бонкҳои хориҷӣ айбдор мешуморанд. Тибқи иттилои матбуоти Тошканд, писари ӯ Алишер низ чанд рӯз пеш аз кишвар фирор карда, айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Бояд гуфт, Рашид 15 сол ба ҳайси прокурори генералии Ӯзбекистон фаъолият намуда, апрели с.2015 аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҳанӯз августи соли гузашта Шавкат Мирзиёев-президенти ҶӮ дар яке аз мулоқотҳои хеш аз прокуроронаш интиқод намуда, гуфта буд, ки онҳо дуздони калони кишваранд. Иттиҳомот зидди роҳбарони мақомоти қудратӣ ва интиқодҳои Мирзиёев аз фаъолияти кормандони ин ниҳодҳо дар чанд моҳи ахир бори аввал нест. 31.01.2018 президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Рустам Иноятов-раиси СНБ (КГБ)-и кишварашро аз вазифа сабукдӯш намуд. Иноятов аз с.1995 роҳбарии ин ниҳодро бар ӯҳда дошта, яке аз шахсиятҳои калидӣ дар даврони ҳукуматдории Ислом Каримов ба шумор мерафт. Коршиносон мегӯянд, маҳз СНБ ва дахолати шахсии ӯ буд, ки режими Каримов сахту сангин гашта, ҳар касе вокуниш нишон медод, зуд боздошт мешуд. Рустам ба қавле дар дохили давлат «давлат» сохта буд ва ахир Мирзиёев ӯро сабукдӯш намуда, бо тағйир додани системаи корӣ дар СНБ ба режими Иноятов нуқта гузошт.
Ҳафтае баъд, 26.01.2018 бо дастури Мирзиёев Адҳам Аҳмадбоев, собиқ вазири корҳои дохилии ҶӮ, ки ӯро президент «хоин» номида буд, боздошт шуд. Бино ба иттилоъ, Аҳмадов аз с.2013 то моҳи январи с.2017 вазири ВКД буда, ӯро низ дар хиёнат, пулшӯӣ, суистифода аз мансаб ва баромадан аз ваколатҳои хеш айбдор медонанд. Чанде пеш ҳангоми сафари худ ба Бухоро Мирзиёев ба роҳбарияти маҳбаси шаҳр, ки зертобеи КДАМ аст, дастур дод, ки маҳбусонро шиканҷа накунанд, зеро аз ҳар коре, ки дар маҳбас мешавад, президент хабар дорад.
«Ман дар Бухоро ахбори зиёд дорам ва медонам, чӣ гуна беадолатона мардуми зиёдро ба маҳбас кашидаанд. Шоҳиду аксҳои бисёр ҳаст, алалхусус, дар мавриди шиканҷа. Ному насаби пурсишкунандагон низ ҳаст. Вақташ ояд мо дар бораи ҳамаи ин хоҳем гуфт. Мо дар Бухоро «чистка»-ро сар мекунем!»-гуфта буд Мирзиёев.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter