ХАБАРИ ДОҒ

Саидалӣ Сиддиқро ба «Ховар» оварданд

  • Чоршанбе, Март 30 2016

Саидалӣ Сиддиқ, ки то ба имрӯз ба вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТкор мекард, бо 1 фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба вазифаи директории АМИТ «Ховар» таъин гашт ва дар ин мансаб Заробиддин Қосимиро, ки рӯзи гузашта сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистион дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин гашта буд, иваз намуд.

 

Ҳамчунин, бо фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз 30 март ба имзо расид, Маҳмадтоир Зокирзода аз вазифаи вазири кишоварзии ҶТ озод гашта муовини сарвазири кишвар таъин карда шудв ҷойи ӯро дар вазифаи вазири икшоварзӣ  Изатулло Сатторӣ, раиси Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат иваз намуд. Раҷаббой Аҳмадзода, ки то ин дам вазифаи раиси шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошт, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардида Шариф Шарифзода акнун ба ҳайси иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд аз Роғун ба вилояти Суғд рафт.

Бо амрҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, Ёқуб Исмоилзода аз вазифаи директории КВД «Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» озод гашта ба ҷойи ӯ Қурбоналӣ Файзуллозода директории «Шарқи озод» таъин шуд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter