ХАБАРИ ДОҒ

(Микс-афсона барои калонсолон)

Буд-набуд, будгор буд, кулӯх набуд шудгор буд. Хулласи калом, 1 Бузаки Ҷингилапо буду 7 бузғола дошт. Рӯзе Бузаки Ҷингилапо болои боми Гург баромада, бо ҳар 2 по ва 2 даст, ки онҳо низ пое беш наянд, шиферҳоро кӯфтан гирифт. Гург садое намебаровард. Буз гизала шуда, сахттар задан гирифт, боми Гургро. Гург бо овози хаставу шикаста, ларз-ларзон садо баровард:

-Буз-апа, о, меҳмонҳоямро «подставить» карда, бо Саг-акотон бурда суд кардед. Чанд бор аз ман пул кандед. Дигар чизе дар бисотам надорам. Боз чӣ мехоҳед???

Бузаки Ҷингилапо ба ғазаб омада бонг зад:

-Ту хӯрдаӣ Алӯли ман, ту хӯрдаӣ Булули ман…Хиштаки сари танӯри маро ту хӯр…

-Исто, буз-холаҷон, - сухани Бузакро буррид Гург - о, мана, ман дида истодаам, ки Алӯлакат бо телефон моҷароро аз паси буттаҳо сабт дорад, Булулакат диктофон дар даст садову Хиштакат видео гирифта истодаанд. Ин корро, ки буд карданд, мебаранду Мехчапараку Тоқчапарак онро монтаж мекунанд, Болошинак овервойс месозад, яъне садои сунъӣ медарорад ба ин навору Поёншинакат, ки хаккер асту ҳатто дар интихоботи президенти Америка ба тарафдории Доналд Трамп овозҳои Ҳилларӣ Клинтонро дуздида буд, ин ҳамаро дар Фейсбуку Инстаграм, Ютюбу Имо мепартояд ва ана баъд Саг дело кушода, боз маро кашокаш мекунад. 

-Баро ба ҷанги ман, козёл!-аз ғазаб ларзида бонг дардод Бузаки Ҷингилапо.

-Хобатро ба об гӯй, апаҷон!-Гург занҷираи дарро кушода гап мезад, то ҳадаҳа боз онро пӯшад, - Шерро фиреб дода, ба хонаат бурдӣ, бечораро лучи модарзод навор гирифта, суд карданд. Паланг гӯиё барои таҷовуз бар номуси Хиштаки Сари Танураки ноболиғат 15 сол гирифт, Шағоли бечора баъди тӯҳмати бузғолаҳоят ба Русия фирор кардаву «дворник» шудааст. Дар ҷангал 1 дарранда намонд! Ҳамаро бо макру фиреб «козлит» ва несту нобуд кардед. Навбати ман расид? Намебароям!

-Хайр чӣ?-Бузаки Ҷингилапо бо фахр сари синаашро кӯфт, - даври шумо гузашт. Фикр кардӣ, дарранда, ки шудӣ, 1 умр буз хӯрда мегардӣ? Ҳоло давр даври бузҳо! Осиёб ба навбат!!!

-Маро ба ҳолам гузор, Буз-апаҷонакам, - Гург ба зорӣ даромад, - О, ман ба шумо чӣ бадӣ кардаам? Мо-гургон санитар, яъне поккорони ҷангалем. Бузу бузғола, оҳуву сайдҳои касалро меқапему мехӯрем.

-Аз ёдат рафт, ки бобоят чӣ қадар момаву холаҳои маро азият медод?

-О, ун давраҳо гузаштанд, ба гузашта салавот, ҳоло давр-даври бузҳо, бузигарӣ карда, ҳамаро «иск» баста мегардӣ-ку?

-Салавот??? Аҳаааа… Ту экстремист будаӣ-ку?!

Бузаки Ҷингилапо телефони мобилашро бароварда ба Саг занг мезанаду мегӯяд, ки 1 экстремистро ошкор кардааст. Чанде баъд Саг бо чанд кучук пайдо шуда, дасту пои Гургро баста мебаранд. Буз нафаси осуда кашида, мегӯяд:

-Давр-даври мо-бузҳост! – Ва рафта бо Гурги асиру сархам селфӣ мекунад. Ҳамту, барои хотира. Шаб бошад, Мехчапараку Тоқчапарак ин аксро ба Фейсбук гузошта зераш менависанд:

-Гурге, ки кӯшиши таҷовуз бар номуси Модар-Бузро дошт, дастгир гардид. Ӯ ба замми он, ки ошиқи очаи мо буд, боз 3 зан доштааст…

 Давом дорад

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter