ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳритуз: СССР-ро то 10 сомонӣ фурӯхтанд!

  • Чоршанбе, Дек 11 2019

   

Хонандагони доимии газетаи мардумии СССР аз н.Шаҳритус дар меҳмонии идораи СССР дар вил.Хатлон аз нархи гарони газета изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки шумораи №48 (585)-ро бо нархи 5-10 сомонӣ харидорӣ мекардаанд!!! Яке аз хонандагони СССР бобои Раҳим Рӯзиматов иброз дошт, ки гарчанде, ки нафақаи ман 280 сомонӣ бошад ҳам, ман 4 сомонӣ дода, ҳар ҳафта газета мехаридам. Шумораи гузашта 1 мавзӯи доғи ноҳия бо номи «Шаҳритуз: майдони варзиширо фурӯхтанд» чоп шуд, ки ҳақиқат дорад. Дӯкони газетфурӯшии воқеъ дар назди беморхона ҳар 1 дона газетаро ба хотири ин матлаб аз 5 то 10 сомонӣ фурӯхт. Мехосте(а)м аз Сайёфи Мизроб сардабири ҳафтанома суол кунам: ё нархи газетаро шумо гарон кардед ё ин беинсофон худсарона нархи газетаро бардоштанд? Агар минбаъд нархи газета чунин боло рафтан гирад, эҳтимолан дигар СССР-ро наметавонем харид…

Баҳодури Абдусалом, СССР

Аз редаксия: Бобои мӯҳтарам! Нархи 1 дона газетаи мо бе хизмати алоқа 2 сомониву 20 дирам аст. Оне, ки фурӯшандагон нархи онро дар маҳалҳои аз пойтахт дур то ба 10 сомонӣ баровардаанд, аз рӯи виҷдони онҳост! Мо соли дуюм аст, ки нархи рӯзномаро яксон нигоҳ доштаем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter