ХАБАРИ ДОҒ

 

07.02.2022. Эммануел Макрон-президенти Фаронса ва Путин В.В. аккурат 5 соат дар Кремл гуфтугӯ карданд ва ба чизе нарасиданд. Расидан мехостанд, албатта, вале таври маълум Аврупо кайҳо вассали Амрикост ва сухани №1 ҳамеша аз Вашингтон садо медиҳад. Вале дар ҳар сурат Макрон гуфт, ин гуфтугӯ ба деэсколатсияи вазъ меоварад ва ба Киев рафт, то Зеленскийро бубинад. Нафареро, ки ВВП танзомез «зебосанами хушрӯча» (красавица) хонд ва дар ҳузури Макрон!...

ВВП дар ин дидор Зеленскийро айбдор кард, ки «Тавофуқоти Минск»-ро аслан риоят намекунад ва кишварашро оҷил мусаллаҳ месозад. Таври маълум, ояндаи ин низоъ маълум нест. Сиёсатмадорон бошанд ҳаргиз ҳарфи рост намегӯянд. Зимнан биё, хонанда, баҳси 2 тан аз элитаи сиёсии Тоҷикистон-Сафват Бурҳонов ва Сайфулло Сафаровро ин ҷо корем ва ҳадс занем, ки ҷанги хохолу урус мешавад ё не?

Дар аввал Сафват Бурҳонов:

-Чашми тарс калон аст мегӯянд, рост. Чашмони моро чунон тарсондаанд, ки хурдтарин чизи бегонаро бузург мебинем. Бигирем дар моҷарои имрӯзи русу укроин, Тоҷик бовар дорад, ки рус чунон нерӯи ҷангие дорад, 1 техникаҳое дорад, ки ҳамаи ҷаҳон метарсад. Вале пардаи тарси каҷнамо аз пеши чашмаш афтад, мебинад, ки рус чизи сохтааш ҳамин мошини ГАЗ-53, Масквичу чангкашаки Ракетаю тилвизори Горизонт. Техникаи ҷангияш ҳам ҳамин-Ракетаҳош бо мотори украинӣ мепарад, то имрӯз моторсозиро ёд нагирифтаст. Ҳамаи нерӯи ҷангии ФР ба 1 соат ҷанг намерасад. Ун "бомбаҳои атомӣ" аз ҷошон ҷунбанд-метарканд. Паридан наметонанд. Худое накарда, яке ягонтош парид, болои кадом шаҳри худаш меғалтад.

Сайфулло Сафаров:

-Сафват! Россияро бо чашми кам набин. Ракетаҳои амрикоӣ то дирӯз бо двигателҳои русӣ ба осмон мепариданд. Суръати ракетаҳои имрӯзаи Россия аз Амрико дида, 3-4 баробар зиёд аст. Шумо бародар зери тарғиботи ҷойи зистатон мондаед!

Сафват Бурхонов:

Сайфулло, мо Ленинро ҳам худо мегуфтему СССР-ро абадӣ. Ҳамаш пуфак инҳо устод, пуфак!

Сайфулло Сафаров:

-Ёд надорам, ки касе Ленинро худо гуфта бошад, гарчанде хизмати бебаҳое барои мардум кардааст…

Ва дар охири ин баҳс корбаре бо Сафват гарав мебандад, ки ВВП Киевро ҳатман ғасб мекунад. Сафват шарт мезанад, ки ҳич гоҳ наметавонад. А, мо бошем, хонандаи гиромӣ, мунтазири ҷанги абарқудратҳо мешинем. Гӯшзад мекунем, ки Гурҷистону Молдова ва Украинаи соли 2014 низ бовар доштанд, ки Россия ҷанг карда наметавонад ва Осетияву Приднесровйеву Донбассро намегирад, ИГИЛ-ро дар Сурия барҳам намезанад, Қазоқистонро аз инқилоби рангаи январи 2022 наҷот намедиҳад… Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter