ХАБАРИ ДОҒ

  

- Президенти РФ Владимир Путин амри худро дар бораи тартиби адои хидмати шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Россия ба имзо расонид. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба хизмат ҷал хоҳанд шуд.

 - Дар даъвати тирамоҳии хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ 124 нафар фарзандони мансабдорон, аз ҷумла фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, кормандони Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони ш.Кӯлоб ҷалб шудаанд.

 - Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро 100% иҷро намуд.

 - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли роҳбарии худ 400 маротиба ба кишварҳои хориҷа сафар кардааст. Аз он ҷумла, 68  маротиба ба Росся, 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба ИМА ва 11 маротиба ба Эрон.

 - Парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»-ро қабул намуд. Минбаъд барои ҷовидонӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан дафни хизматчиёни ҳарбӣ бо шарафи низомӣ, гузоштани санги мазор, сутунҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳо дар қабристонҳо ва номи фавтидагон ба маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузошта мешавад.

 - Ҳукумати ш.Маскав гуфтааст, ки соли 2023 арзиши патент барои муҳоҷирони кориро, ки дар ш.Маскав фаъолият то 6600 рубл боло мебарад.

 - Бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакони 2 моҳаи аҳолии кишвар бо вояи якуми ваксина бар зидди сирояти пневмококкӣ фаро гирифта мешаванд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter