ХАБАРИ ДОҒ

    - 01.03.2023 Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ” содир шуда, даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири май идома меёбад.

 

05.03.2023. Дар Лас Вегаси Амрико, Лоиқ Раҷабови Тоҷик дар нахустин ҳарбаш бо ҷангии бебохти аргентинӣ Эстебан Рибович, дастболо шуда, бо 11 тейкдаун (партоби муваффақ), рекорди нави UFC-ро гузошт. Муборакамон бод!

      - КДАМ ҶТ Иқболи Неъматулло, мудири Шуъбаи маорифи н.Рӯдакиро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир намуд, ки ҳамагӣ дар тӯли 4 моҳи раҳбарӣ бо баҳонаи аттестатсияи директорони мактаб, 65 700 сомониро аз худ кардааст.

    - Дар раддабандии ҷаҳонӣ аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ Global Firepower Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 145 кишвар зинаи 120-умро ишғол намуд.

    - Бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 рӯз (аз 19 то 26 март) истироҳат эълон шуд: 18 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон гашта, 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март рӯзҳои истироҳатӣ эълон шуданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter