ХАБАРИ ДОҒ

 

05.04.2023. Сафари расмии якрузаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

 

   - Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар гуфтааст, тоҷироне, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулотро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд.

 

   - Бино ба итиллои Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, дар соли 2022 нисбати 252 нафар шахсони мансабдор барои заминфурӯшӣ ва истифодаи нодурусти он парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

 

   - Маркази миллии тестӣ (ММТ) аз аҳолӣ даъват кард, ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ваъдаи дохил кардани довталабонро медиҳанд, бовар накунанд.

 

   - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват ба артиш нақшаи баҳориро дар сар то сари вилоят 100 % иҷро кард.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter