ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 22 2018


Шореҳи футболи дар Русия бо сухани қабеҳу дағалаш маъруф, Василий Вячеславович Уткин, дар сафҳаи Твиттераш Равшан Ирматов-реферии баландмақоми ӯзбектабори ФИФА-ро писари хар (ишачий сын), ё худ, хутик хонд. Ӯ навиштааст, «Равшан Ирматов-ишачий сын где карточки?». Аллакай дар сайтҳои иҷтимоӣ мрдум талаб мекунанд, ки Уткини бадахлоқ аз Ирматови довари ӯзбек расман бахшиш пурсад.
Хотиррас мешавем, ки ба фарқ аз Уткини «хартабиат», ки ҳанӯзам дар сар андешаи фашистӣ-бадбинии миллатҳои собиқи шӯравиро дорад, Ирматов реферии тозатарини ФИФА аст. Чемпионати мазкур, саввумин қаҳрамонии олам оид ба футбол аст, ки Равшани тошкандӣ дар он доварӣ мекунад.


Дебюти Равшан-ако аз ҶҶ дар соли 2010 шуруъ шуд, ки дар Африқо баргузор гардида буду Испания чемпион шуд. Он замон Равшан ҷавонтарин реферии бозиҳо буд (32 сол).
Баъдан дар соли 2014, дар Бразилия низ ӯ ҳунарнамоӣ кард.
Ҳоло ҳадс зада мешавад, ки Равшан Ирматов шояд дар финали ин сабқат, дар Москва доварӣ кунад.
Дар ҷамъ Ирматови 40-сола 5 бор беҳтарин довари Осиё ва 10 маротиба судяи хубтарини Ӯзбакистон баргузида шудааст. Дар соли 2015 бошад ӯ Ҷоизаи беҳтарин довари оламро гирифта буд.

Панҷшанбе, Июн 14 2018


Иди футбол - Ҷоми ҷаҳон - 2018 дар Россия баъди чанд соат оғоз меёбад. Ифтихорманду сарбаланд аз онам, ки як тоҷикписари фарзона АВРАНГЗЕБИ АСРОРИЁН тарҷумони ходимони баландрутбаи ФИФА мебошад. Аврангзеб (писари озодаву фарҳехтаи фарҳангшинос ва журналист ҶОНИБЕК АСРОРИЁН) донандаи 7 забон, айни замон донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи шоҳии Шоҳигарии НИДЕРЛАНДИЯ буда, соли 2015 зимни дар синфи 12 хонданаш дар Амрико маҷозан дар имтиҳонҳои ин Донишгоҳ иштирок ва дохил шудааст. Хоҳишмандам зери ин матлаб "суппер" гузореду таҳнияташ бигӯед.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

Чоршанбе, Июн 06 2018


   Аз 14 июни соли ҷорӣ дар Федератсия Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 шурӯъ гашта, он то 15 июли соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Бояд қайд намуд, ки чемпионати оид ба футбол 21-умин буда, он бори нахуст дар Россия баргузор мешавад.
   Бозиҳои чемпионат дар 11 шаҳри ин кишвар-Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Нижний Новгород, Волгоград, Қазон, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург дар 12 варзишгоҳи наву замонавӣ, ки ҳар яке аз 35 ҳазор то 45 ҳазор ҷойи нишаст доранд, баргузор хоҳад гашт.
   32 тими мунтахаб қарор аст барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳонӣ байни ҳам қувваозмоӣ намоянд: Россия, Бразилия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷопон, Мексика, Белгия, Корея, Арабистони Саудӣ, Олмон, Англия, Испания, Нигерия, Коста-Рика, Лаҳистон, Миср, Исландия, Сербия, Португалия, Фаронса, Уругвай, Аргентина, Колумбия, Панама, Сенегал, Марокко, Тунис, Швейсария, Хорватия, Шветсия, Дания, Австралия ва Перу.

Ҷумъа, Июн 01 2018


Имрўз дар Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шиногоҳи шаҳриро дар лаби дарёи Сир, ки 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бо ташаббуси Раҷаббой Аҳмадзода он аз сари нав дар худуди 5 гектар фаъол гашт.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба мо расида, дар шиногоҳ майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ низ ташкил гардида, бояд қайд намуд, ки барои азнавсозии шиногоҳ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ шуда, дар он соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст. Дар шиногоњ заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.
Раиси вилоят зимни маросими ифтитоњи ин мавзеъ таъкид намуд, ки дар ояндаи наздик боз 2 шиногоҳи азкормонда барқарор карда мешавад. Шиногоҳҳо бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои истифодаи хориҷиён низ пешбинӣ мегардад.







Панҷшанбе, Май 24 2018


Ҳаҷиме Китаока, сафири давлати Япония дар ҶТ дар моҳи мубораки Рамазон ба аёдати варзишгарони маъюби Тоҷик ба Федератсияи варзишгарони маъюби кишвар рафта, дар анҷоми лоиҳаи «Таъмин намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб» ширкат варзид.
Чуноне ки ба мухбири мо дар сафорати давлати Япония дар ҶТ хабар доданд, лоиҳаи мазкур барои фароҳам овардани шароит барои одамони маъюб тарҳрезӣ шуда, татбиқи он имкон медиҳад, ки нафарони имконияташон маҳдуд  бо аробачаҳои маъюби варзишӣ таъмин гардида, дар марафон, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ҷудои паролимпӣ ва ғайраҳо иштирок намоянд.Тибқи ин лоиҳа толорҳои варзишии Федератсия воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва н.Шаҳринав бо  8 аробача барои баскетбол, 8 аробачаи фаъол барои тенниси рӯи миз, 3 аробача барои марафон, 4 адад  роҳдавак, велотренажер, курсии маҳскунӣ ва 300 м2 тати гӯштингирӣ  таъмин гардиданд. Таҷҳизоти мазкур барои тайёр кардани варзишгарон барои мусобиқаҳои байналмилаллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Федератсия дар саросари кишвар мусоидат менамояд.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 82,929 доллари ИМА буда, дар доираи кумакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Япония  ва барномаи “SPORT FOR TOMORROW” (Варзиш барои фардо) ҷудо  шудааст.

Душанбе, Май 14 2018


20 майи соли ҷорӣ дар кишвар Рӯзи дави миллӣ эълон шуда, он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар 1 вақт-расо соати 08:00 шурӯъ мегардад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду нумӯи варзиш ва оммавияти он дар байни мардум сурат гирифта, масофаи дав 10 км. масофаро ташкил медиҳад.
Дар ш.Душанбе дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ сар шуда, баъдан ба воситаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то боғи Наврӯзгоҳ идома меёбад. 1 рӯз қабл аз ин бошад, рӯзи 19.05.2018 соати 9:00 дар сартосари мамлакат марафони велосипедронӣ ба нақша гирифта шуда, хоҳишмандон метавонанд дар ин чорабиниҳои варзишӣ ширкат варзанд.



саҳ 9 аз 28

Китобҳо

Flag Counter