ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 13 2019


   Дар моҳи марти соли 2019 дар қаламрави кишвар 1 қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию солимгардонӣ ва омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.
   Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз оғози моҳи марти соли ҷорӣ мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба намудҳои варзиши дастхобонӣ дар н.Шаҳринав, гӯштини тарзи озод дар ш.Ҳисор, гӯштини миллӣ дар ш.Турсунзода, таеквадо ВТФ дар ш.Ҳисор, гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 200- 2005 дар ш.Ҳисор ва н.Рашт доир мегардад. Дар ш.Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таевкандо байни калонсолон ва ҷавонон (мардон ва бонувон) дар пойтахт роҳандозӣ гардида, инчунин баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ од ба тенниси рӯи миз ва футболи хурд миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.
   Дар ин мусобиқаҳо дастаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои роҳхат пайдо намудан ба даври ҷумҳуриявӣ миёни ҳам рақобат менамоянд. Чорабиниҳои мазкур ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 2019 бахшида шуда, иштироки дастаҳо дар тамоми шуру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҷумъа, Март 01 2019


Рӯзҳои 2-12 март дар ш.Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) 29-ум Универсиадаи зимистона доир мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.
Тавре ба мухбири СССР аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 4 варзишгар-Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар ин Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд. д. Варзишгарони мо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоиҳои слаломи бузург (7-8 март) ва слалом (10-11 март) баромад мекунанд.
   Дар ин чорабинии варзишӣ донишҷӯёни 17-25-сола аз тамоми ҷаҳон имкони иштирок доранд. Донишҷӯ-варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мекунанд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек. Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст.

Панҷшанбе, Фев 21 2019


   Собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Футболи Тоҷикистон, Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Кӯктош”-и н.Рӯдакӣ таъйин гардида дар ин вазифа Алиҷон Турдиназаровро иваз намуд. “Кӯктош” таҳти раҳбарии сармураббӣ Турдиназаров соли гузашта дар Лигаи олии Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуда, аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 “Беҳтарин мураббии Лигаи олии Тоҷикистон” эълон гашт.
    Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Раҳматулло Фузайлови 40-сола 19.02.2019 расман ба вазифаи нави худ дар бошгоҳи «Кӯктош» оғоз кард. Даста рӯзи 20-уми феврал бо роҳбарии ӯ дар доираи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бо тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки сармураббиаш бародари бузурги Раҳматулло - Ҳаким Фузайлов аст, рақобат кард. Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:2 хотима ёфт.
Раҳматулло Фузайлов 16-уми сентябри соли 1978 дар ш. Бохтар ба дунё омадааст. Ӯ, ки аз оилаи маъруфи футболбозон Фузайловҳо мебошад, солҳои мухталиф ҳамчун ҳимоятгар дар дастаҳои “Ситора” (Душанбе), СКА “Помир” (Душанбе), “Динамо” (Душанбе), “Энергетик” (Душанбе), инчунин бошгоҳҳои Узбекистон - «Нефтчӣ» (Фарғона), «Бухоро» (Бухоро) ва «Самарқанд» (Самарқанд) - бозӣ кардааст. Вай аз соли 2000-ум дар бошгоҳҳои русиягии «Шинник» (Ярославл), «Алания» (Владикавказ), «Лада» (Толятти), «Носта» (Новотроитск) ва «Звезда» (Иркутск) ҳунарнамоӣ намудааст.
Аз соли 2007 дар ҳайати бошгоҳҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат варзидааст.
   Раҳматулло Фузайлов дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2010 ҳамагӣ 18 бозӣ карда, 2 гол задааст. Карйераи бозигариашро соли 2014 ба анҷом расонидааст. Ӯ дар ССКА «Помир»-и Душанбе ба ҳайси сармураббӣ, дар «Барқчӣ»-и Ҳисор ҳамчун мураббии калон ифои вазифа намуда, инчунин ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.


Панҷшанбе, Янв 31 2019


Ҳама тимҳои футболи Тоҷикистон машқу тамринҳояшонро оғоз карданд, аммо аз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб на ном ҳасту на хабар (нангу номуси кӯлобдорӣ куҷост???). Барои беҳбудии «Равшан» на аз тарафи шаҳрдорӣ, на аз сӯи соҳибкорони кӯлобитабор ягон хел дастгирӣ нест!!! «Равшан» дар солҳои 2012-13 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб гашт. Ҳатто Блаттер-Садри ФИФА барои он, ки ягон бозиро дар ҳини чемпионӣ набохта буд, дастаро табрик гуфт. Сарпарастияш он замон танҳо аз тарафи шербачаҳои ш.Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф» буду халос...
Р-авшан
А-долат
В-аҳдат
Ш-араф
А-срор
Н-омус

Чолу Саидшоҳ хизмат карданд…
Ногуфта намонад, ҳамун Саидшоҳ Шамолу Қурбони Чолов… ҳам ба мисли мову шумо кӯлобӣ буданду «Равшан»-ро бетараф нагузоштанд. То ҳатто дар солҳои нотинҷиву сахтиҳои ҷумҳурӣ маҳз онҳо нагузоштанд, ки «Равшан» аз байн равад, аммо мову шумо чӣ хизмате барои Кӯлоб кардему кардан дорем? Чаро дар чунин фазои тинҷу ором нисбати он бепарвоем? Дар Кӯлоб ҳар ободие мебинем, ҳамагӣ бо дастгирии Ҷаноби Олӣ асту халос. Соҳибкорони маҳаллӣ-ку мардона нависанд, барои Кӯлоб чӣ сохтанд??? Вилояти Суғд дастаи футболи Равшани худро сохт, аммо дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз байн рафта истодааст. Дар ноҳияи Зафарободи вил.Суғд дастае бо номи ФК «Равшан» бо бозингарони маҳаллияш, бо ҳунари ҳайратоварашон дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо мухлиси худро паёдо кардааст.
 
Зиҳӣ, Маҳмадзоҳир!!!
Ногуфта намонад, ки аз бозиҳои зебову диданӣ ва ҳунари мухлисони «Равшан»-и Кулоб сокинони тамоми манотиқи кишвар то ҳол ҳавас мехӯранд, то мисли он даста командае дошта бошанд. Боз ҳам аҳсант ба суғдиҳо! Офарин, ки дастае бо номи ФК Равшан сохтанд. Садҳо шердилу мардони бономуси зодаи Кӯлобро мебинем, ки дар тамоми манотиқи мамлакат ва берун аз он соҳиби вазифаю мартабаҳои баланданд, лек 1 нафаре пайдо нашуд, ки ҳадди ақал ба хотири номи Кӯлоб «Равшан»-ро каме ҳам бошад дастгирӣ кунад. Мухлисони «Равшан» доимо 1 шеър мехонанд барои сарпарасти ин даста-Маҳмадзоҳир-соҳиби бозори «Ҳоҷӣ Шариф»:
Маҳмадзоҳир мард аст,
Хайру саховатмард аст!
Дар инкишофи Равшан,
Ӯ бузургтарин фард аст!
Дастаи футболи «Равшан»-и Кулоб аз Лигаи Олӣ ба Лигаи 1 фаромад ва дар ҳоли ҳозир аз Лигаи 1 ҳам дар ҳолати барҳамхӯрӣ қарор дорад. Аз кулли соҳибкорони кӯлобӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба мушкилоти дастаи «Равшан»-и Кӯлоб чораандешӣ кунанд, то мардуми Кӯлоб аз шунидани номи чунин мардони баномус фахр созанд. Мо Метавонем!!!

Диловар Қурбонов,
мухлиси футбол, ш.Кӯлоб


«Киллер»-и Равшан кӣ буд???
Аз СССР: Мехоҳед «қотили Равшан»-ро донед? Ин шумо-мухлисони сарсупурдааш қотили Равшанед ва инро мардона бояд касе ба шумо мегуфт, ки мо ҳам гуфтем. Зеро мо метавонем!
1.    Кадоме аз шумо тӯли ин қадар сол ақаллан ба 3 сомонӣ билет харидед?
2.    Чаро ҷангу ҷанҷолу хархаша мекардед?
3.    Чаро мошинҳоро чаппаву вазъро ноором месохтед?
4.    Магар мухлисӣ ин авбошист???
…Ана ҳамин беодобиву авбошиву «крахабориятон» буд, ки даста барҳам хӯрд. Зеро агар 20000 мухлис бо 3 сомонӣ билет мехарид, дар ҳар бозӣ даста 60000 сомонӣ даромад меёфту агар 5 сомонӣ мехариданд-100.000 сомонӣ даромад ва умри клуб дароз мешуд! Инро мо ҷавонмардона мегӯем, зеро худ мухлиси Равшан будем. Мо Метавонем!
Сарватмандони Кӯлобро наҳ назанед. Зеро онҳо бо ибтикори газетаи мардумии СССР чанд сол пеш ҷамъ шудаву беш аз 2 млн сомонӣ ёфта, ба фонди Равшан рехтанд, ки онро ҳам клуб фурӯ бурд. Зеро футбол варзиши серхароҷот аст. А, шумо, чӣ фикр доред, аз Ганаву Ӯзбекистону Эрон бе пул омада дар Равшан мебозиданд? Ана ҳамон соле, ки Равшан ҷои 3-ро гирифту шумо-мухлисонаш дар 3 сомонӣ 1 билет нахаридед, клуб пурра бонкрот шуд. Аввал гиребони худро бӯй кардан лозим. Хатои мо-мухлисонаш буд, ки Равшан маҳв шуд. Суғдиҳо бошанд, барои клуби худ ба 10-20 сомонӣ билет мехаранд. Зеро медонанд, ки ин пул клубро наҷот мебахшад.
Сахт гуфтем? Хуб кардем! Мо Метавонем!!!

Панҷшанбе, Янв 24 2019


Криштиан Роналдо-футболисти КФ “Ювентус”-и Италия 22.01.2019 шахсан ба суди Мадрид-пойтахти Испания ҳозир шуда, 23 моҳ шартан аз озодӣ маҳрум гардид. Ва худи ӯ ҳукми судро эътироф кард. Ӯ розӣ шудааст, ки ба хотири саркашӣ аз супурдани андоз наздик ба 19 млн евро ҷарима супорад ва дар муқобил ҳабси 23-моҳаи ӯ шартӣ хоҳад буд. Дар гузашта ситораҳои дигари футболи дастаҳои маъруфи испанӣ, ба мисли ниммуҳофизатгари дастаи “Реал Мадрид” Лука Модрич ва капитани дастаи “Барселона” Лионел Мессӣ барои саркашӣ аз супурдани андоз ҷазо гирифта буданд.

Панҷшанбе, Янв 10 2019


Барои рушди соҳаи варзиш дар ҳудуди ш.Бохтар 2 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 85 майдончаи варзишӣ ва майдони теннис дар истифодаи умум мебошанд, ки ба онҳо беш аз 960 тан ҷавонон ва наврасон ҷалб шудаанд. Дар мактаби варзишӣ бошад 840 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуда, 26 тан мураббиён аз рӯи 12 намуди варзиш ҳамарӯза бо варзишгарон тамрин медиҳанд. Инчунин, варзишгарони шаҳр дар 18 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 196 медал ба даст оварданд, ки аз он 57 адад медали тилло, 66 медали нуқра ва 73 медали биринҷӣ мебошад.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

саҳ 7 аз 31

Китобҳо

Flag Counter