ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 20 2019

   22.06.2019 соати 6:00 дар назди Шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ  бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар доир карда мешавад. Ин машқи дастаҷамъона дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҳаракати олимпӣ-23 июн баргузор хоҳад гашт.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ба ифтихори Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

 

Чоршанбе, Июн 12 2019

   Аз 1.06.2019 дар кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот-«Ҷоми Пешвои миллат» оғоз гардида, он дар 4 марҳила баргузор хоҳад гашт. Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

   Таврое ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, марҳилаи интихобии якум, санаи 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир мегардад.

    Марҳилаи интихобии дуюм, аз санаи 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум (бо баргузории фестивали оммавӣ), марҳилаи интихобии сеюм аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҶТ дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва ш.Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм (бо баргузории фестивали оммавӣ) ва марҳилаи (ниҳоӣ) чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар ш.Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии ҶТ бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот ташкил ва баргузор карда мешавад.

   Маблағи умумии ҷоизаи “Ҷоизаи Пешвои миллат оид ба шоҳмот” 100 (сад) ҳазор сомонӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбинӣ гардида,  барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ  ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи 3 синну сол 25000 сомонӣ пешниҳод мегардад.

 

 

Ҷумъа, Май 31 2019

Лигаи Чемпионҳо. Финал. Ливерпул-Тотенхэм

Сармурабии “Ливерпул” Юрген Клопп изҳор намуд, ки ба футболбозони диндораш бисёр эҳтиромона муносибат дорад. Мутахассиси олмонӣ таъкид кард, ки Мане ва Салоҳ тақводортарин бозингарони дастааш ҳастанд. “Мо ба он бозингароне, ки рӯзадоранд ягон мушкилӣ надорем. Ман дини онҳоро эҳтиром мекунам. Онҳо новобаста аз оне, ки рӯзадоранд, ҳамеша дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор доранд. Мешавад ҳолатҳое, ки бо сабаби намозгузорӣ ба тамринҳо дертар мекунанд. Ягон мушкилӣ нест ва ман онҳоро танбеҳ намедиҳам. Дар дунё чизҳое ҳастанд, ки аз футбол дида муҳимтар мебошанд. Ман тақводории бозингарони худро эҳтиром мекунам”

 

Чоршанбе, Май 08 2019


Кумитаи Миллии Олимпии кишвар Баҳодур Усмонов ва мураббии ӯро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуд. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов 2 ҳафта пеш дар мусобиқот оид ба бокс пирӯз омада, чемпиони Осиёи Марказӣ дар вазни 64 кг. гашт.
   Дар кори ҷаласае, ки рӯзи 4.05.2019 дар Кумитаи Миллии Олимпии кишвар баргузор гашт, муовини 1-уми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, котиби генералии КМО-и Тоҷикистон Абдуллозода Маҳмадшо, роҳбари Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф Эргаш Маҳмадбеков, мураббиёну варзишгарони шинохтаи ин риштаи варзиш, экспертҳо ва намояндагони ВАО кишвар иштирок доштанд.
   Аз ҷониби Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф бо мақсади ҳавасманд намудани варзишгарони тоҷик ба Баҳодур Усмонов 25000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ низ 25000 сомонӣ тақдим карда шуд.


Чоршанбе, Май 01 2019


Шоми 30.04.2019 варзишгарони маъруфи тоҷик, қаҳрамони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров ва қаҳрамони бозиҳои Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов пас аз мусобиқот ба Ватан баргаштанд.
Бояд қайд намуд, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар ш.Давҳаи Қатар баргузор гардид, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони чемпиониро соҳиб  шуд. Дилшод  Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар ш.Бангкоки Тайланд  дар вазни 64 кг миёни мардон чемпиони Осиё шуд. Баҳодур Усмонов дар вохӯрии ниҳоӣ бар варзишгари Урдун Обада Ал-Касбе ғолиб омад.

саҳ 17 аз 43

Китобҳо

Flag Counter