ХАБАРИ ДОҒ

ФУТЗАЛИСТОНИ ТОҶИК БА БОЗИҲОИ ДӮСТОНА ТАЙЁРӢ МЕБИНАНД

  • Сешанбе, Июл 05 2016

Имрӯзҳо дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ мегузаронад. Ҷамъомади омӯзишӣ-машқии футзалистони тоҷик бо мақсади баромади бомуваффақият дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби миллии футзали Узбекистон нигаронида шудаст. 

 

Зери роҳбарии сармураббии даста Ҳусейн Шодиев 14 футзалбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон ба тамрин фаро гирифта шуданд.  Шумораи бештари бозигарони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистонро футзалбозони дастаи «ДИСИ Инвест» ташкил медиҳад. Ин дастаро дар мунтахаби миллӣ ҳафт  нафар бозигарон намоядагӣ мекунанд.  

Дар муқоиса бо чемпионати Осиё-2016, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Тошканди Узбекистон доир шуд, дар ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон тағйиротҳо ҳастанд. Барои иштирок дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Узбекистон ба ҳайати даста Умед Кузиев («ДИСИ Инвест»), Умед Мирзораҳимов («Сипар») ва Фирӯз Сангов («Соро Компания») даъват шуданд. Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби футзали Узбекистон рӯзҳои 12, 13 ва14 июл дар Тошканд баргузор мегарданд. 

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Газпром»);

Бозигарони майдон: Муҳаммад Раҳмонов, Дилшод Саломов, Собирҷон Гуляков, Раҳмоналӣ Шарипов, Шавкат Ҳалимов, Умед Кузиев (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Мансур Мамедбабаев («Натсбанк»), Меҳрубони Тиллозода («Газпром»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳар ду аз «Карон»), Умед Мирзораҳимов («Сипар»), Фирӯз Сангов («Соро компания»).

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter