ХАБАРИ ДОҒ

Ассотсиатсияи футболи навтаъсиси Осиёи марказӣ (СAFA) фаъолияти худро бо баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» шурӯъ мекунад. Мақсади асосӣ аз таъсисёбии Ассотсиатсияи футболи мазкур рушду инкишофи бевоситаи футбол дар кишварҳои узви ин Ассотсиатсия – Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар нахустин мусобиқа, ки аз 6 то 9 август дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд доир мешавад, мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 солаи ҳамаи 6 кишвари узви Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ (СAFA) иштирок хоҳанд кард. Инҷо ҳаминро месазад илова намуд, ки собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳум Ислом Маҳмадшоев яке аз аввалин ташаббускорон ва ташкилкунандагони ин Ассотсиатсия буд. 

 ТоҷикистонVSЭрон&Туркманистон 

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 6 то 9 август дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» иштирок мекунад. Ин мусобиқа барои дастаҳои мунтахаби то синни 19 солаи кишварҳои узви Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ  дар Тошканди Узбекистон баргузор мешавад. 

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» муқобили ҳамсолони худ аз Туркманистон (6 август) ва Эрон (7 август)  бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «А» бошад мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон баромад хоҳанд кард. Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи бозиҳо ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ вомехӯранд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои медалҳои биринҷии мусобиқа бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳои зинаҳои охирони гурӯҳҳо бошанд  барои мақоми таскинбахши панҷум  бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Бозиҳои мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои кишварҳои иштирокчии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар варзишгоҳҳои «Жар» ва «Пахтакор» дар Тошканд баргузор хоҳанд шуд.   

Тақвими мусобиқа:

Даври 1-ум

6 август (шанбе)

16:00 – Узбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Туркманистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 Даври 2-юм

7 август (якшанбе)

16:00 – Афғонистон – Узбекистон. Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 Даври 3-юм

8 август (душанбе)

16:00 – Қирғизистон – Афғонистон. Варзишгоҳи «Жар»

18:00 – Туркманистон – Эрон. Варзишгоҳи «Пахтакор»

 9 август (сешанбе)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

11:00 – А3 – В3. Варзишгоҳи «Жар»

Бозӣ барои ҷои 3-юм

16:00 – А2 – В2. Варзишгоҳи «Жар»

Финал

18:00 – А1 – В1. Варзишгоҳи «Пахтакор»

Нуралӣ Хоркашев

ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter