ХАБАРИ ДОҒ

Яке аз беҳтарин дастаҳои мардумӣ, халқӣ, фолклорӣ ва дӯстдоштанӣ-Далерони Ӯротеппа аз идомаи сабқат дар Лигаи Олии футболи ҶТ канора рафтанист. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ 2 сол пеш ин даста чун қаҳрамони Лигаи 1 дар водии Сӯгд вориди корзор шудаву дар соли аввали фаолият дар Лигаи Олӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буд. Ногуфта намонад, ки он сол Далерон-Ӯротеппа қариб ҳама лидерҳои чемпиони вақт-Равшани Кӯлобро харид. Бо гузашти ҳамагӣ 24 моҳ бо ин даста чӣ рух дод, ки ҳамакнун тарки Лига карданист?

Сабаби асосӣ-бетаваҷҷӯҳии ҳукумат

Ба пиндори сирф инфиродии мо сабаби муфлисшавии дастаҳои Тоҷик ин бепарвоии ҳукуматҳои маҳаллӣ дар алоҳидагӣ ва бепарвоии ҳукумати марказӣ дар ҷамъ нисбат ба футбол аст. 7:0 шикаст хӯрдани мунтахаби миллӣ аз Австралия ин оғози кор аст. Истиқлоли ҳамагӣ 2 моҳ пеш финалисти Ҷоми АФК ва костяки мунтахаби миллӣ низ суст шудаву аз 3 бозӣ 1 хол ба даст овард, ки сабабаш набуди рақобат дар Лигаи Миллист: Ким бо Истиқлол мебозад? Клубҳои муфлис ва футболистони ғайриҳирфаӣ...

Усулан бо ин бархӯрд, ки ба футбол дорем, дур нест, ки аз Туркманистону Қирғизистон низ шикасти ҷонкоҳ бинем.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар ҳамсоякишварҳои мо футбол бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад. Фарзи мисол, Ӯзбакистонро гиред. Дар ин кишвар спонсорҳои футбол-Варзиши №1 аз андоз нисбатан озоданд. Зимнан дари клубҳоро охурча кардаанд, то пул пардозанду барои рушди футбол саҳм гиранд. Дар мо баракс аст. Консерту базму тарабро аз спорт боло гузоштаем, ки хеле бад аст...

 

Варзиш, хоса футбол бояд ҷои консертҳоро дар стадионҳо танг кунад, на баракс. Вагарна чи хел фаҳмем, ки дар Ҳисор ба чанд миллион стадион созанду дастаи футболашон ақаллан дар Лигаи 1 набошад???

 

Футболро наҷот бахшед!

Дар зер матлаберо аз сайти интернетии Радиои Озодӣ меорем, ки бозгӯи ҳоли бади футбол дар музофот, ба вежа Ӯротеппа аст...

 

Сайёфи Мизроб, Махсус барои ҳукумати марказӣ

Нома ба Рустами Эмомалӣ

Як гурӯҳи мухлисони бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” дар як номаи саркушода аз раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки ба ин бошгоҳ дасти ёрӣ дароз кунад.

Мухлисони бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” дар як номаи саркушода ба унвони раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода хостаанд, ки ин бошгоҳи футболро аз вартаи барҳамхӯрӣ наҷот диҳанд ва нагузоранд, ки сокинони Истаравшан аз имкони тамошои футбол ва мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон аз бошгоҳи пурмухлистаринаш маҳрум шаванд. Дар зери ин нома, ки нусхааш рӯзи 28 март ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, 51 мухлиси “Далерон-Ӯротеппа” имзо кардаанд.

“Далерон-Ӯротеппа”, ки дар лигаи олии футболи Тоҷикистон аз шаҳри Истаравшан намояндагӣ мекард ва дар мусобиқоти қаҳрамонии соли 2014 сазовори ҷои сеюм ва нишонҳои биринҷӣ шуда буд, ҳафтаи гузашта бо ирсоли номаи расмӣ ба Лигаи миллии футболи Тоҷикистон эълон кард, ки ба далели мушкилоти молӣ дар мусобиқоти имсола ширкат карда наметавонад. Дар пайи ин қарор, ки дар лигаи олии футбол танҳо 10 тимро боқӣ гузошт, қуръакашии бозиҳои мусобиқоти имсола аз нав доир карда шуд.

Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” дар номаи худ ба номи Рустами Эмомалӣ ва ду мақоми дигари баландпоя навиштаанд, ин бошгоҳ тавонист дар муддати ҳамагӣ 3 соли вуҷудаш то мақоми сеюм дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бирасад ва дар соли 2015 аз сӯи ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт” “Сермухлистарин дастаи сол” эътироф шавад. Муаллифон меафзоянд, мушкилоти даста соли гузашта оғоз ёфта, имсол ба ҳадде расид, ки он ҳатто имкони ширкат дар мусобиқоти лигаи олиро аз даст дод.

Барои наҷот вақт ҳаст!!!


Вале мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” мутмаинанд, ки то оғози мусобиқот – 8 апрел – ҳанӯз “барои наҷоти даста аз барҳамхӯрӣ вақт ҳаст.” Онҳо аз Рустами Эмомалӣ, Абдураҳмон Қодирӣ ва Наим Набизода хостаанд, ки ба тақдири сермухлистарин дастаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд:

"ба нест шудани футбол дар шаҳри бостонию футболдӯсти Истаравшан роҳ надиҳед. Зеро Истаравшан маҳз бо мухлисони сершумору содиқи худ дар футболи тоҷик мақоми хосро ишғол мекунад ва манбаи асосии истироҳати мардуми шаҳр футбол аст. Футбол ягона чизест, ки ҷавононро дар зери як даста, як парчам ва як ном муттаҳиду ҳамовоз мекунад. Дар Истаравшан имрӯзҳо футбол болотар аз варзиш аст.”

Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” ҳамин тавр, нақши ин бошгоҳи футболро дар таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии Истаравшан ва дар амри пешгирии ҷавонон аз гароидан ба гурӯҳҳои ҷиноиву ифротгаро таъкид карда, навиштаанд: “Аз он рӯзе, ки дастаҳои Истаравшан иштирокро дар лигаи олӣ сар карданд, тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ паҳн гардид. Мардуми шаҳр ба варзиш таваҷҷӯҳи зиёд пайдо карданд, сатҳи ифротгароиву ҷинояткорӣ бамаротиб кам шуд. Бешубҳа, аз байн рафтани дастаи сермухлисе чун “Далерон Уротеппа” ба футболи тоҷик зарбаи ҷонкоҳе шуда, боиси паст шудани таваҷҷӯҳ ба лигаи олии кишвар мегардад ва боз дар ахлоқу мафкураи ҷавонони шаҳр низ таъсири манфӣ мерасонад.”

$200000 барои наҷот

Ҳафтаи гузашта Парвиз Почокалонов, раҳбари бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳукумати шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини фаъолияти имолаи бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” солона тақрибан 1,5 миллион сомонӣ, муодили ҳудуди 200 ҳазор доллар лозим аст, вале “имсол ҳукумати маҳаллӣ ба далели масъалаи бӯҳрон мушкилоти иқтисодӣ дорад. Аз тарафи дигар, имсол соҳибкорони маҳаллӣ, ки низ имконоти иқтисодиашон заифтар шудааст, натавонистанд дар маблағгузории бошгоҳи футболи шаҳри Истаравшан моро дастгирӣ кунанд.”

Мухлисони футбол аз майдон рафтани “Далерон-Ӯротеппа”-ро як талафоти дардовар барои футболи тоҷик мешуморанд ва мегӯянд, бо хуруҷи ин тим рақобати бе он ҳам начандон шадид дар лигаи олӣ боз ҳам камрангтар мешавад.

Сермухлистарин даста капут?

“Далерон-Ӯротеппа” пурмухлистарин тими футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва дар ҳар бозиаш дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан дастикам 5000 тамошобинро ҷамъ меовард. Ин тим ҳамин тавр, як гурӯҳи бузурги мухлисони содиқе дошт, ки барои тарафдорӣ аз “Далерон” ҳамроҳаш ба шаҳрҳои дигар сафар мекарданд.

6 сол пеш бошгоҳи футболи "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар айни вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти лигаи олӣ зери суол рафта буд, дар пайи дахолати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт...

 

Мирзои Салимпур-радиои Озодӣ



 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter