ХАБАРИ ДОҒ

Ветеранҳои футболи Афғонистон дар Душанбе

  • Чоршанбе, Апр 13 2016

Собиқадорони футболи Афғонистон бо сарварии президенти Федератсияи футболи Афғонистон  Киромиддин Каримӣ барои гузаронидани якчанд бозии дӯстона бо собиқадорони футболи Тоҷик ба Душанбе омаданд. Дар баробари баргузории бозиҳои дӯстона масоили ҳамкорӣ ва дурнамои рушду инкишофи футболи ҳар ду кишвар таҳлилу баррасӣ мешаванд.

 

Дар доираи ташрифи меҳмонон ба Тоҷикистон рӯзи 10 март, дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт” бозии дӯстона байни собиқадорони футболи Академияи “Истиқлол” ва устодони футболи Афғонистон баргузор шуд. Новобаста аз мазмун ва дараҷаи дӯстона доштанаш, вохӯрӣ бисёр ҷаззоб, шавқовар ва диданӣ сурат гирифт. Дар рафти бозӣ натиҷа тағйир меёфт. Мусовии дӯстона ҳеҷ кадоме аз дастаҳоро қонеъ намекард. Бозигарони собиқадори ҳар ду даста сидқан талоши ба дигарӣ ғолиб шуданро доштанд.  Собиқадорони  Академияи “Истиқлол” бозиро бохта истидода, дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ муваффақ шуданд, ки ҳисобро баробар – 5 бар 5 созанд. Дар сонияҳои охири бозӣ бошад меҳмонони афғон барои бори шашум қоидаи бозиро вайрон карданд ва мувофиқи қоидаҳои бозии футзал сардовари вохӯрӣ Беҳрӯз Муртазоев ба дарвозаи онҳо ҷаримаи дабл-пеналтии 10 метра таъин намуд. Аммо, ба бозигари соҳибтаҷрибаи дастаи мизбон Рустам Хоҷаев муяссар нашуд, ки тӯбро вориди дарвозаи собиқадорони футболи Афғинистон созад. Баъди зарбаи сахти Рустам Хоҷаев тӯб ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрд. Ба ин тартиб чуноне, ки дар футбол мегӯянд, дар ин бозӣ дӯстӣ ғалаба кард ва вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Дар ин  бозӣ ду голи собиқадорони Академияи “Истиқлол»-ро Қурбон Хоҷаев, як голиро Рустам Қурбонов, Субҳон Хоҷамов ва Рустам Хоҷаев ба самар расонданд. Дар ҳайати собиқадорони футболи Афғонистон се голро Халид Диловар, як голиро Ғулом Фурӯг ва сармураббии мунтахаби миллии футзали Афғонистон Абдул Разоқ Момрак ба дарвозаи Саид Гаюрови 60-сола ворид карданд. Дар бозии дуюм, ки рӯзи 12 март дар Варзишгоҳи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ байни собиқадорони дастаи “Панҷшер”-и ноҳия ва меҳмонони афғон доир гардид,  собиқадорони футболи Афғонистон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд. Бозии ҷамъбатии меҳмонон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо собиқадорони футболи Тоҷик бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи собиқадорони футболи Тоҷикистон анҷом ёфт. Ба ғайр аз баргузории бозиҳои дӯстона меҳмонони Афғонистон бо фарҳангу маданияти бои миллии мардуми Тоҷик аз наздик шиносу ошно шуданд.

ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter