ХАБАРИ ДОҒ

Ғиромӣ дар олимпиадаи Файзобод

  • Панҷшанбе, Фев 16 2017

8.12.2016 дар мактаби №59-и н.Файзобод даври якуми минтақавии Олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи фанҳои дақиқ барпо шуд, ки нисбати солҳои қаблӣ теъдоди довталабон зиёд буд. Рафти баргузории олимпиадаро дидам, ки аксарияти аъзои ҳакамон чун солҳои қаблӣ аз доираи 1 мактаби миёнаи №11-и деҳаи Элок дар фанҳои дақиқ ширкат доштанд, ки ба ҳақиқат рост намеомад. Аъзои ҳакамони мактаби №11 аз рӯи мақоли «худам шоҳу…» амал карда, шогирдонро пешакӣ, яъне то баргузории олимпиада саволҳои тестиро аломат гузошта, пинҳонӣ пешкаш карда буданд. Озмун аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, забон, адабиёт, химия, биология, информатика низ шаффоф набуд, зеро дар ин фанҳо аъзои ҳакамон аз мактаби №11 буданду шогирдонро пинҳонӣ ёрдам карда, ҷойҳои аввалро муносиб медонистанд. Аксари довталабоне, ки бо умеду дониши хуб ба олимпиада омаданд, рӯҳшикаста шуданд. Ба синф-кабинети фанни ҳуқуқшиносӣ омадам, ки аъзои ҳакамон, Ҳотам Бобиев-директори мактаби №11 аз дарун дарро маҳкам карда, иҷозати даромадан намедод. Ман ҳамчун хабарнигор аз Бобиев пурсидам, оё довталабони имсола аз солҳои пешин фарқ доранд? Ӯ бо ғазаб «кори Шумо набошад, аз ин ҷо баромада равед» гуфта, фишор овард. Пасон фаҳмидам, ки ӯ дафтарҳои  шогирдонро ислоҳ ва барои ширкат дар даври 2-и олимпиада «омода» мекардааст. Азбаски олимпиадаи фанни ҳуқуқ шаффоф набуд ба раиси комиссияи олимпиадаи шуъбаи маориф эътироз овардам, аммо эътирози ман нагузашт…

Ҳокими САФАР,

хабарнигори мардумии СССР, н.Файзобод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter