ХАБАРИ ДОҒ

Зани муаллим бесоҳиб нест!

  • Душанбе, Фев 20 2017

Шумораи гузаштаи СССРро варақ зада, чашмам ба навиштаи устод Комрони Далер бархӯрд, бо номи «Нони бенамоз ҳаром аст». Он чизе, ки ӯ навиштааст нисбати чунин шахсони кӯрнамак ҳақ аст. Муаллим шахсест, ки тамоми инсоният дар назди ӯ илм омухтааст. Муллоҳое, ки имрӯз аз дину мазҳаби худ рӯ тобида, ба дигар мазҳабу равияҳо шомил шудаанд, назди муаллим илми дунявӣ ва илми шариатро омӯхта мулло шудаанд. Акнун нони муаллимро ҳаром ҳукм мекунанд. Баъди суқути давлати СССР тамоми давлатҳо соҳибихтиёр шуданд, аз ҷумла, Тоҷикистони мо ҳам. Исломистон даъво карданд, ки «мо Тоҷикистонро исломӣ мекунем». Магар дар Тоҷикистон ислом набуд? То солҳои 1990 дар ҳар ноҳия 1-2 масҷиди ҷомеъ бошад ҳам, дар ҳар ноҳия 10-15 масҷиди умумӣ дар хизмати намозгузорон буд, дар ҳар деҳа масҷидҳои 5-вақта амал мекард. Чаро то солҳои 1990 домуллоҳои забардаст, ба мисли эшони Абдураҳмонҷони обигармӣ, эшони Тӯраҷони ваҳдатӣ, эшони Пирмуҳамадзода ва Эшони Мизроби Кӯлобӣ, Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, домулло Шарифи Ҳисорӣ… боре Тоҷикистонро исломӣ мекунем гӯён даъво накарданд? Акнун нимчамуллои бузрише фатво додааст, ки «зани муаллимро дар никоҳи худ дарорӣ дуруст аст». Эй Худо занад, ту барин муллои мазҳаббезорро бо ин фатвои додаат!!! Шумо муллоҳои гумроҳ ҳамқадами Шайх Темуру мулло Асомиддин ҳастед, ки ба обрӯи муллоҳои забардаст иснод меоред.

Шамсиддини Қудрат,

деҳаи Тутака, н.Ҳисор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter