ХАБАРИ ДОҒ

Дар моҳи январ дар ҳамаи сохторҳои ноҳиявию шаҳрӣ то вилояту ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотӣ доир шуданд. Медонед, чӣ моро дар ҳайрат гузошт? Дар бештари нишастҳо муовинони якум бештар бо журналистон рӯ ба рӯ шуданд. Чунончи муовини якуми вазири молия, муовини Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», муовини раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»… дар нишастҳои матбуотӣ ба саволҳо посух гуфтанд. Чаро вазири молия-А.Қурбонов, раиси «Тоҷикаэронавигатсия»-Ашӯров Лоиқ Бегиҷонович, раиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон-Комил Мирзоалиев ва дигар вазирону раисон аз нишастҳо мегурезанд? Барои онҳо амри Президенти ҶТ таҳти №622 арзиш надорад ва ё аз журналистон қимобанд? Дар вақти вазифагирӣ-ку намегурезед! О, бародарҳо, бо мардум рӯ ба рӯ гап зада наметавонед, ақаллан аз журналистон нагурезед. Дар музофот бошад, аксар раисон чунон тарсончаканд, ки баромади ҳисоботиашонро зӯр зада, то 1 соат мехонанду ба 1 савол ҷавоб дода-надода «вақт тамом шуд, рафтем хӯрокхӯрӣ» гуфта мехезанд! Гӯё журналистон шикамсеркунию бензинпулигирию роҳкирогирӣ омада бошанд!

Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор, н.Муъминобод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter