ХАБАРИ ДОҒ

Ман аз касе пул нагирифтаам!

  • Душанбе, Июл 24 2017


«Пулчинии Холова қонунист?» ном матлаби собиқ омӯзгори мактаби №6-и н.Вахш Нуриддин Назаровро дар газетаи СССР (№25, 22.06.2017) хонда, ба андеша рафтам. Наход, ман ба маоши омӯзгорон чашм ало кунам? Назаровро худам ба кор қабул кардам. Ҳурмати мӯи сафедаш, ки аз камбудии зиндагӣ дар қади кӯчаҳо менолиду ба дастгирӣ ниёз дошт, дар мактаби №6-и ноҳия бо фармоиши №323 аз 20.08.2015 бо 10 соати дарсӣ, 0,5 воҳиди корӣ, сипас бо 24 соат, 1 воҳиди корӣ таъминаш кардам. Аз байн 2-3 моҳ гузашту ба аризанависӣ сар кард. Тибқи дастуру супориш ва нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вил.Хатлон дар н.Вахш аз рӯи 4 фанни таълимӣ олимпиадаи вилоятии соли 2015 гузаронида шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ тамоми чораҳои заруриро андешида, олимпиадаро ҷамъбаст кардем. Пас аз баргузории олимпиада бо аризабозиҳои ӯ ба Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ, аз Прокуратураи генаралӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ бо намояндагони Раёсати маорифи вил.Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон ва Прокуратураи вил.Хатлон гуруҳи корӣ ба ноҳия омад. Ҳамаи далелу рақамҳое, ки дар мактубаш дарҷ шуда буд, тасдиқи худро наёфт! Вақте, даъвогар дид, ки тир ба ҳадаф намерасад роҳи дигареро пеш гирифта, ба навиштани ҳангомаҳо дар рӯзномаҳоро сар кард. Ман ҳамчун мудир аз ягон омӯзгор ягон дирам нагирифтаам. Дар масъалаи олимпиадаи фаннии соли 2016 бошад, дар н.Вахш на олимпиада гузаронида шудаасту на ягон дирам аз омӯзгорон ҷамъ овардаем.


Шаҳноза Маҳмадсаидзода,
мудири Шуъбаи маорифи н.Вахш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter