ХАБАРИ ДОҒ


Аз рӯи маълумотҳои оморӣ баръало дидан мумкин аст, ки имрӯз пошхӯрии оилаҳо, хоса, ҷавонон зиёдтар шуда истодааст. Ин раванд боиси сар задани проблемаҳои зиёд мегарданд:
1.Кӯдакон беназорат, бесару либос, бе озуқавории дуруст монда, носолим, касалманд, дағал… ба  камол мерасанд.
2.Наврасон ба гурӯҳҳои авбошон, бекорагардон, ифротиҳо… мепайванданд.
3.Сафи нашъамандон, майзадаҳоро… зиёд мекунанд.
Муҳоҷират боиси он шудааст, ки ҷавонон 2-3 ҳазор доллари ба даст овардаро ба Ватан баргашта тӯю сур мекунанд, зан мегиранд. 1 сол нашуда «характерҳоямон мувофиқ наомад», «айби хушдоманам» «айби хусурам»… гуфта, арӯси ҷавонро талоқ медиҳанду боз Россия мераванд. Ҷавонеро аз н.Муъминобод медонам, ки 4 бор зан гирифта, аз арӯсакони ҷавон ҷудо шуд. Аз онҳо 5 кӯдаки хурдсол дар ба дару сарсон гаштаанд. Агар оилаҳои пошхӯрдаро бе ЗАГС-сабти асноди давлатӣ, яъне бо никоҳи мусулмонӣ гирем, вазъ боз ҳузнангезтар мешавад. Акнун меоем, сари рӯёнидани алимент. Аввалан чунин ақида ҳаст, ки алиментро умуман пурра барҳам диҳанд. Чаро? Чун аксар ба он фикранд, ки ташаббускори бештари ҷудошавиҳо бонувонанд. Онҳо мегӯянд: «Аз пирхар алиментро мегираму каттагӣ карда мегардам!». Дар ҳақиқат бонувон аксаран маблағи алиментро на барои нигоҳубини фарзанд, балки барои орою торои хеш, кӯчагардӣ масраф мекунанд. Чун кӯчагардию фоҳишагарӣ низ 1 дарду проблемаи ҷомеа шудааст. Аммо алиментро бояд супурд. Мард бояд ғами фарзандро хӯрад, агар мард аст…

Нурулло Ҳасанов,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter