ХАБАРИ ДОҒ

Дар Панҷ судяро боз заданд!

  • Душанбе, Дек 04 2017


Рӯзи 16 ноябр судяи суди ноҳияи Панҷ Зоирзода Саидаҳмадро 1 нафар сокини ҳамин ноҳия лату кӯб кардааст. Судя бо ҷароҳатҳои бардоштааш ба беморхонаи ноҳия муроҷиат кард. Одиназода Фирӯз-сардори ШВКД н.Панҷ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Додов Шарофуддин-сокини 32-солаи ҳамин ноҳия ҳоло дар боздошт аст ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 328, яъне Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият, кушодаанд. Тибқи ин модда гунаҳкор ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол суд хоҳад шуд. Сардори ШВКД мегӯяд, байни судя Зоирзода ва Додов дар рафти мурофиа муноқиша пайдо шудааст. Додов гуфтааст, ки «Зоирзода маро гапҳои қабеҳ гуфта, модарамро дашном дод». Дар натиҷа ӯ худро ирода карда натавониста, судяро лату кӯб кардааст. Сардухтури беморхонаи ҳамин ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, худи судя, ки аз ҷамоати деҳоти шаҳраки Панҷ аст, ба табибони беморхона занг зада, муроҷиат кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ соати 14:55 дақиқа ба табибони беморхонаи ноҳия занг зада, онҳоро ба утоқи кориаш даъват намудааст, то ташхис кунанд. Ҳамсӯҳбати мо қайд намуд, ки қисмати чапи гардан ва пешонаи раиси суд ҷароҳат бардоштааст, аммо аз бистарӣ шудан даст кашидааст.

Б.Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter