ХАБАРИ ДОҒ

Чӣ хел писари ман 7 сол суд шуд?

  • Ҷумъа, Дек 15 2017


Писари ман Холов Давлаҳмадро моҳи августи с.2017 дар сартарошхонаи иҷора (дар шоҳидии 3 кӯдаки ноболиғ)-аш, дар мкн.Маяковскийи н.Сино бачаҳои ҳамсоя бо сардории Иброҳим ва 2 шарикаш латукӯб мекунанд. Сабаби ин ҷанҷол баҳонаи напардохтани 20 сомонӣ барои таъмини болопӯши нимсохти хонааш дар маҳаллаи «Грабзавод»-и н.Фирдавсӣ буд. Ҳол он ки ин пулро ӯ ба Иброҳим пардохт намудааст. Ин ҷавонон ба хотире, ки «дар маҳаллаи мо ту сартарошхона дорӣ» хостанд қасд гиранд. Ӯ ба шарти бачаҳо розӣ нашуда, онҳоро аз дӯконаш пеш мекунад. Бо ин қаноат накарда, Иброҳим 2 шарикашро оварда Давлаҳмадро секаса мезананд. Ӯ дар ҳолати асабоният ва барои ҳимояи ҷони фарзандон дар ҷои кораш бо олот-отвёрка дар чанд ҷои бадани яке аз ҳамлагарон мезанад. Онҳо бо ҳамин мегурезанд. Баъди ҳодиса кӯдаконашро ба хона бурда, пеши модарашон мегузорад ва бо хоҳиши худ ба ШКД н.Сино рафта, асли воқеаро нақл мекунад. Нисбати ӯ делои ҷиноӣ кушода… бе иштироки ману дигар наздиконаш 7 сол суд карданд. Аҳволи фақиронаи моро дида падари ҷабрдида ва модараш аз гуноҳи писарам гузашт, аммо Хуршед-судяи суди н.Сино бо исрор мегӯяд, «агар ҷабрдида аз гуноҳаш гузашта бошад ҳам мо аз рӯи қонун кор мекунем». Охир, наход судя зану фарзандони писари маро фикр накунад?

Шарафнисо Абдуллоева,
деҳаи Зиракӣ, ш.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter