ХАБАРИ ДОҒ

Саллаю каллабиёрии комиссияи маҳаллӣ

  • Душанбе, Дек 11 2017


Ҳафтаи гузашта дар н.Ҳамадонӣ будам ва аз нақли шахсе, ки аз овардани ному насабаш худдорӣ кард, ба хулосае омадам, ки ин ҷо мақоли «саллаю калла»-ро аъзои комиссияи маҳаллӣ ба кор мебаранд. Он шахс гуфт, «дар тӯйи домодию арӯсии писарам, ки ба рӯзи шанбе рост омад, намояндагони комиссияи маҳаллӣ ба хонаам омада гуфтанд, дар давоми 3 соат бояд ҳам ба меҳмонон хӯрок диҳаму ҳам базми тӯёна барпо кунам. Ман, ки нишондодҳои ин Қонунро намедонам, ба онҳо итоат кардам ва дигар намедонистам, дар ин 3 соат чӣ кор кунам. Бовар кунед, сари калобаамро гум кардам». Мантиқ куҷост, масъулини Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо? Дар ҳоле, ки дар моддаи 10-и банди 1-и ҳамин Қонун омадааст: «Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз 2 рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар 2 ҷониб гузаронида мешавад». Ин 3 соат танҳо барои барпо кардани базми тӯёна аст. Аз ин бармеяд, ки аъзои комиссияи маҳаллӣ Қонунро дуруст намедонанд. Аз ин рӯ, ба Комиссияҳо афроди тасодуфӣ не, балки касоне бояд ҷой дода шаванд, ки аз Қонунҳои қабулкардаи Ҳукумат ба пуррагӣ бархӯрдор бошанд, то ки боиси нороҳатии мардум нагарданд.

Назари Наврӯз,
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter