ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Сен 15 2017


Журналист, Маликаи Аваз, аз маҳаллаи Маяковскийи н.Сино (тел: 98 845 62 33) дар меҳмонии СССР гуфт, ки 1 гурӯҳ сокинони кӯч.Маяковский дирӯз ба банда оид ба маблағ супурдан ё насупурдани ҳаққи коммуналӣ муроҷиат карданд. Намояндагони ин корхонаҳо ҳар рӯз дари мардумро мекӯбанд. Кор то ба ҳадде расидааст, ки онҳо барои ситонидани «коммунальный» гоҳе ба таҳдид ҳам мегузаранд. Таври маълум, ягон манзили истиқоматӣ дар ин ноҳия роҳрӯб надорад, ҳол он ки масъули ин вазифа Хоҷагии манзилию коммуналии №13-и н.Сино асту сарвараш С.А.Алиаҳмадзода. Сокинони ҳар бино ба ҳашар мебароянду атрофи зисташонро чун ҳарвақта тоза мекунанд, аробаеро аз ҳисоби худ киро намуда, партовҳоро бурда мепартоянд. Пештар барои ҳар метри квадратӣ маблағ месупурдем. Ҳозир баракс, андоз месупорем. Пас аз байн рафтани «метри кв» ин хоҷагиҳо қонуни дигар баровардаанд, ки «жилфонд» ном дорад. Тибқи фаҳмиши ман, жилфонд он аст, ки ҳар хонаи истиқоматӣ бояд бо роҳрӯб таъмин ва «подъезд»-ҳо таъмир шаванд. Имрӯз бошад, худи сокинон маблағ ҷамъ ва ин ҳама корро иҷро мекунанд. Пас ҳаққи коммуналиро мо барои чӣ супорем?

Ҷумъа, Сен 15 2017


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат, аз деҳаи Тутакаи ноҳияи Ҳисор меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки дар бораи 2 мушкил мухтасар гуфтаниям. 1.Имрӯз мардум рӯ ба бозор овардаву ба фурӯши либосаву хӯрока... машғуланд, минҷумла, набот. Набот барои рӯзгор зарур аст, аммо 100 афсӯс, фурӯшандаҳо наботҳоеро ба савдо мезананд, ки тамоман пастсифат буда, дар вақти пухтани он соҳибкор 1 намуди химикат меандозанд. Ин химикат юпи аст, то ки набот ранги сурх гираду бозоргир шавад. Аммо истеъмоли чунин набот ба саломатии инсон 100% зарар дорад. Оё мутасаддиёни Тоҷикстандарт аз болои наботпазон назорат мекарда бошад? 2.Ёдам ҳаст, дар замони шӯравӣ дар марказҳои шаҳр 24 соат автобусу троллейбус дар хизмат буд. Вақте дохили он мешудем истгоҳи худро ба ронанда мегуфтем. Ронанда бо микрофон ҳар истгоҳро эълон мекарду мусофир мефаромад. Ҳоло ҷои онҳоро микроавтобусҳо гирифтаву гоҳо мусофирон аз бехабарӣ ё фаромӯшхотирӣ истгоҳи даркории худро гум мекунанд. Дар ин ҳолат ронанда бояд кӯмак кунад. Аммо чунин фаросатро ронандагони имрӯза надоранд!

Душанбе, Сен 11 2017


Узви Ихвона-ал-СССР, Саид Камолзодаи 69-сола, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман таърифро дӯст намедорам! Аммо росташро мегӯям, ки газетаи СССРро сар аз №1 то ин ҷониб мехонам ва ҳатман подшивка мекунам! Ҳоло бошад назди шумо бо гуфтани 2 андеша омадаам. 1.Дар бораи андешаи Туманҷон Сафаров, ки перомуни танзим гуфтааст: «Ҳуқуқҳои моро ҳифз кунед!». Роҳбарияти Ҳукумат оид ба танзим дар масъалаи хароҷоти беҳудаву исрофкорӣ гуфтааст ва ин ягон ҳуқуқпоймолкунӣ нест! Баракс, танзим ба фоидаи ҷайбу дастархони мост. Шумо аз рӯи инсоф баҳо диҳед, ки ҳамин иди Қурбони имсола дар Тоҷикистон нисбат ба идҳои гузашта чӣ хел зебову нозанин гузашт. Ҳама розӣ аст! 2.Дар бораи назари Ғуломалӣ Асоев гуфтаниям. Ӯ дар шумораи гузаштаи СССР роҷеъ ба арақу шаробхорӣ гуфтааст. Ман зидди гуфтаҳои ӯям. Ҳич вақт шаробхорӣ-алкоголизмро таблиғ накунед! Аз барои Худо, ҳар чиз меъёр дорад. Дар ин росто, аз СССР низ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки андешаву пешниҳодоти мардумро бо таҳрир чоп кунад. Вагарна, ин оқибати нохуб дар пай дорад…

Душанбе, Авг 21 2017


Холмаҳмад Раҷабов, сокини ҷамоати Амондараи ш.Панҷакент (тел: 900 62 38 78), аз аввалин мухлисони газета то имрӯз, меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки ман 1 мушкили судӣ дорам. Писари ман Холмаҳмадов Баёнқул Раҷабович (с.тав.1978), собиқ корманди СКС КДАМ ҶТ с.2009 бо ҳукми Суди Олии ҶТ, бо моддаҳои 195 қ.2, 393 қ.3 КҶ ҶТ ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Писарам аз 14.05.2008 ба тақдир тан дода, то ҳол дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекунад. Шаҳрванд ҳақ дорад, ки тибқи ариза аз мақомоти дахлдор талаб кунад, ки фарзандашро ба муассисаи ислоҳии дигар гузаронанд. Бо ин мақсад ба Суди Олӣ ариза додам. Ба аризаам А.Ашурзода-муовини раиси Суди Олӣ ҷавоб дод, ки ба суди ноҳиявии маҳалли адои ҷазо муроҷиат кунед. Рӯзи 14.07.2017 ба суди н.Сино ариза додам, то ин ки писари маро ба муссисаи дигар гузаронанд, то имконияти бо ӯ дидор карданро дошта бошам. Аризаро судя Бахтиёр Искандарзода худаш танҳо дар 15 дақиқа дида, навишт, ки «писари шумо ислоҳ нашудааст». Наход, дар мӯҳлати 9 сол Баёнқул ислоҳ нашуда бошад? Судя пеш аз ин посухро навиштан бояд бо маҳкумшуда сӯҳбат кунад ва ӯро бисанҷад, ки оё ислоҳ шудааст, ё на?

Панҷшанбе, Авг 10 2017

Ҷума Насриддинов, аз ноҳияи Турсунзода (тел: 907 07 63 10) дар меҳмонии СССР гуфт, ман ветерани Хадамоти махсуси амниятии Вимпел буда, беш аз 30 сол дар мақомоти амниятии собиқ СССР ва ҶТ ҳастам... Маро дар асоси мактуби КГБ СССР аз 1.02.1983 таҳти №11/214 ба мактаби олии КГБ фиристоданд ва январи с.1993 барои хизмат ба ш.Душанбе гузарониданд. Оилаам аз 1 хона ба хонаи дигар иҷорашин буд. Анҷомҳои хонаам дар яке аз иншоотҳои хоҷагии КДАМ пурра хароб шуданд. Дар натиҷаи ситами бераҳмона ҳамсарам маъюб шуд ва духтарам ҳатто мактаби миёнаро хатм карда натавонист. Аз январи с.1995 то с.2000 ҳамчун иҷорашин дар кӯч.С.Шерозӣ, хонаи 20/5, ҳуҷраи 105, ки аз тарафи КДАМ ҶТ ба корманд Шароф Каримов, ки дар маркази ш.Душанбе бо манзил таъмин буд, зиндагӣ намуда, ба маблағи $3000 онро харидам. Вале Каримов хонаро бо баҳонаи беморӣ ба расмият надаровард. Соли 2007 дар Агентии коррупсия ва с.2010 дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ баёнот дод, ки хонаро ба номи ман расмӣ мекунад, аммо боз ҳам фиреб кард! Болои ин, 18.06.2013 ба хонаи ман ҳуҷум намуда, анҷомҳои камбағалонаи моро ба кӯча партофт. Аз раиси Дастгоҳи иҷроияи президент хоҳиш дорам, ки ба мушкили ман расидагӣ кунад ва ҳақро ба ҳақдор расонад...

Душанбе, Авг 07 2017


Мағфират Ҷенбуратоваи 55-сола, аз ҷамоати деҳоти Сайёд, деҳаи Хоҷадурбод (собиқ Партизан)-и ноҳияи Шаҳритус (тел: 900 25 53 55) меҳмони гиромии СССР шуд ва гуфт, ки ҷигарбанди ман Рафоат Шомиддинова 29-сола асту мубталои дарди гурда. Мехоҳам, ки духтари ман ҳам мисли атрофиёнаш тани сиҳат дошта бошаду дили беғам. Аммо шароити иқтисодӣ надорам, ки ба доруву дармон фаро гирамаш. Беш аз 1 сол шуд, ки тамоми молу амволи хонаамро маҳз барои шифо ёфтани ӯ фурӯхтам, аммо ягон беҳбудие дар саломатияш ба назар нарасид. 2 акааш дар Русия муҳоҷири меҳнатианд ва ҳич имкони кӯмак карданро барои хоҳар надоранд. Аз ин рӯ, аз Насим Олимзода-Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои зери табобат гирифтани ҷигарбанди ман кӯмак расонад. Иншооллоҳ, савоби дунёро хоҳад гирифт.

саҳ 45 аз 62

Китобҳо

Flag Counter