ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Март 13 2017


11.03.2017, тахминан соати 14:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-130”, марди 41-солаи сокини ш. Ваҳдат, пас аз маросими дафн, ҳангоми бозгашт аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор дар ҳудуди қабристони мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷа, 6 нафар мусофирони автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, 19 нафар мусофирони дигари автомашинаи мазкур, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд. Пас аз чанд муддат, 1 нафар ҷабрдида, дар беморхона ба ҳалокат расид.  Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.


СССР

Душанбе, Март 13 2017


Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба СССР хабар дод, ки дар толори азназаргузаронии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ сокини н.Қубодиёни вилояти Хатлон, Ҳ.А. бо гумони дар боғоҷи дастии худ доштани китобҳои динии шубҳанок боздошт шуд. Аён гардид, ки номбурда дар дохили борхалтаи худ 4 адад китобҳои динӣ, аз ҷумла, «Куллиёти Канзулҳусайн», «Тадбири хоб», «Тасвири Шиаи Исмоилия» ва «Бӯстони Саъдӣ»-ро мехост бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанг вориди Тоҷикистон кунад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон.

Шанбе, Март 04 2017

2.03.2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” ҷасади зани 52-солаи сокини ш. Душанбе, соҳибкор, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва баданаш дарёфт карда шуд. 

Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии кишвар дастгир гардид.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Акс аз интернет.

 

СССР

 

Ҷумъа, Март 03 2017

Ба маълумоти масъулони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2016 зиёда аз 250 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ дастгир гардида, баъди барасмиятдарорӣ 1 қисми онҳо ба намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон супорида шуданд. Ин нуқта дар машварат дар мавзӯи «Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳади давлатӣ оғоз мешавад», ки дирӯз дар ш. Қӯрғонтеппа баргузор гашт, зикр карда шуд.

Бино ба иттиллои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба АМИТ «Ховар», мақсади машваратро дар пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин воқифсозии онҳо бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар ва ҷалби аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ ба муҳофизати сарҳади давлатӣ арзёбӣ намуд.

 Ба иттилои манбаъ, зимни машварат подполковник Насимҷон Раҷабов, сардори Раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти мубориза бар зидди маводи нашъадор» маърӯза намуда, зикр кард, ки дар таъмини амнияти давлат танҳо бо қувваи сарҳадбонон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан душвор аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамкории аҳолӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ хеле заиф аст. Баръакс, дар бисёр ҳолатҳо дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бештар сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ даст доранд ва ба қочоқчиён мусоидат мекунанд.

Муовини сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон подполковник Диловар Сафаров зимни суханронии хеш гуфт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи нашъамандон дар соли 2017 ба 1385 нафар расидааст ва аз ин шумора 18 нафарашон занҳо мебошанд. Ба қавли ӯ, шумораи нашъамандон нисбат ба соли гузашта 54 нафар коҳиш ёфтааст. Мусодираи маводи мухаддир ба минтақаи Кӯлоб 1243 кг 562 г (77%) ва ба минтақаи Қӯрғонтеппа 338 кг 501 г (21%) рост меояд, — гуфтДиловар Сафаров. Аксари ин мавод дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла Панҷ (165 кг 732 г), Ҳамадонӣ (263 кг 670 г), Шамсиддини Шоҳин (604 кг 754 г), Фархор (279 кг 574 г) мусодира карда шудаанд.

Мувофиқи маълумотномаи Маркази наркологии вилояти Хатлон, шумораи беморони нашъаманд аз ҳама зиёд дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Фархор, Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Бохтар ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 126 нафар истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор дар қайди маркази наркологӣ гузошта шудаанд ва онҳо пайваста таҳти назорат қарор доранд, — зикр кард Д. Сафаров.

Дар асоси маълумоти Маркази бемориҳои нашъамандии вилоят, дар соли 2016-ум 4 сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аз истеъмоли барзиёди воситаҳои нашъадор фавтиданд.  Диловар Сафаров иброз дошт, ки маводи нашъаовар барои генофонд ва амнияти миллӣ хавфи калон дорад.

 

СССР



 

Панҷшанбе, Март 02 2017

Рауфзода Хуршед-сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вил.Хатлон  дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар толори азназаргузаронии гумруки «Панҷи Поён» ҳангоми гузаронидани муонаи гумрукӣ шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон, истиқоматкунандаи вилояти Ҳирот Ҷамшед Носир, соли таваллудаш 1992, бо гумони дар боғоҷи дастиаш доштани маводи монанд ба маводи нашъаовар боздошт шуд. Баъд аз ташхиси лабораторӣ исбот шуд, ки ин мавод ба навъи психотропии «Метамфитамин» мансуб буда, вазни холиси он 3 килограмму 905 гр будааст. «Метамфитамин» маводи нашъаовари хатарнок ба ҳисоб рафта, истеъмоли он ба лоғаршавии бадан, паст шудани масъунияти бадан, кори номӯътадили ҷигару гурда, фишори баланди хун ва оқибат ба сактаи дил гирифтор намуда, ба марг оварда мерасонад. Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Ҷамшеди Носир бо дастрасии моддаи 200 қисми 4, банди «Б» ва моддаи 289 қисми 3, банди «Г»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

Баҳодур Уроқов

 

Панҷшанбе, Март 02 2017

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ кардааст. 

Ин нуқтаро вазири корҳои дохилӣ дирӯз дар ҷаласа ВКД ҶТ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа зикр намуда дар ин маврид 1 қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Чуноне ки смонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия), ки рӯзи 1.03.2017 дар ин ниҳод баргузор гардид, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди муҳокима қарор дода, зикр кард, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта равона созанд.

СССР

 

 

 

саҳ 54 аз 83

Китобҳо

Flag Counter