ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 22 2017

Имрӯз, 22 феврал Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия-Солеҳзода Искандар ҳайати афсарон ва сарбозони қисми низомии №3503-и Раёсати Қушунҳои дохили ВКД ҶТ, дар шаҳри Қурғонтеппаро бо ҷашни 24-умин солгарди Артиши Миллӣ таҳният гуфт. Зимни суханрони Солеҳзода Искандар қайд намуд, ки «таҷлил аз ҷашни 24-умин солгарди Артиши миллӣ дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунофари кишварамон бори дигар якдилию ҳамбастагӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи ин миллати бонангу номус, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд. Бовар дорам, ҳайати шахсии Қушунҳои дохилии ВКД ҶТ масъулияти ба зима доштаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, вазифа ва уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона ба ҷо меоранд».

Баҳодур Уроқов,

СССР, вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Фев 21 2017

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи кишвар рӯзи якшанбеи гузашта бо 1 сафари ғайрирасмӣ ба тарафи ағбаи Анзоб ва нақби «Истиқлол» рафта аз вазъияти ба амал омада ошно гаштаааст. Ӯ таъкид намудааст, ки на ҳамчун вазир, балки мисли 1 шаҳрванди оддӣ ба аҳволпурсии мардуми дар банд монда ва кормандони ширкати IRS омадааст.

Чуноне ки яке аз шоҳидони ин боздиди Рамазон Раҳимзода мегӯяд, вазири корҳои дохилӣ дасти ҳар 1 корманди ширкати IRS-ро шахсан фишурда барои кори хатарноки онҳо изҳори сипос низ кардааст. Субҳи рӯзи дигар аз номи Рамазон Раҳимзода барои тамоми кормандони ширкат оши палав ташкил карда шуд. 

Ин иқдоми вазири корҳои дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода кормандони IRS-ро хеле рӯҳбаланд намуд, зеро он намунаи беҳтарини мардумӣ будан барои мансабдорони дигари мамлакат аст.

СССР

 

 

 

 

Душанбе, Фев 20 2017

Рӯзи 18.02.2017 дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, 7 нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Ин ҳодиса дар нимаю дуюми рӯз сурат гирифта аз ин 7 нафари бедаракшуда, 3 нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда ҷасади 3 нафари дигар дарёфт гардид. Чуноне ки маркази матбуоти ширкати номбурда хабар медиҳад, ин кормандон то лаҳзаи охири умрашон барои тоза карпдани роҳи мошингарди кӯҳӣ заҳмат кашиданд.

Бояд зикр кард, ки дар 3 рӯзи охир дар минтақаҳои гуногуни кишвар, хусусан роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуда дар натиҷа беш аз 80 тарма фаромадааст. Бо ин сабаб наздики 75 воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур банд гардидаанд. Тармаҳои шадид дар километри 48 ва 72-юми роҳ фаромада аз ҷониби сохторҳои масъул мардуми дар муҳосира монда ба ҷойҳои бехавф гузаронида шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ таъкид медорад, ки хавфи хатари тармафароӣ боз 5-8 рӯзи дигар боқӣ мемонад ва мардуми мамалакат дар ин рӯзҳо бояд аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

 

СССР

 

 

Чоршанбе, Фев 15 2017

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 2007 то соли 2016 дар кишвар 8373 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2963 ҷиноят ё 35,4 фоизи он дар шаҳри Душанбе содир гардидааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳамасола қариб сеяки ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд дар шаҳри Душанбе содир гардида, 38 фоизи нашъаҷаллобонсокинони шаҳри Душанбе мебошанд. Зиёда аз 58 фоизи моддаҳои фалаҷкунандаи асаб, ки дар мамлакат ошкор карда шудааст, низ ба шаҳри Душанбе рост меояд.

 - Шумораи шахсони нашъаманд низ нисбат ба вилоятҳои Хатлону Суғд мутаносибан 4,5 ва 5,4 баробар зиёд аст. Ҳамаи ин ҳолатҳо водор менамоянд, ки мубориза дар ин самт ба таври қатъӣ тақвият бахшида шавад.

Ман андешаҳои худро дар бораи хатари экстремизму терроризм борҳо изҳор доштаам. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт дар шаҳри Душанбе ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Солҳои 2012-2017-ум 148 нафар сокинони шаҳри Душанбе ба сафи ташкилотҳои ифротӣ шомил гардидаанд, ки 11 нафари онҳоро донишҷуён ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии шахсони зикршуда 16 нафари онҳо соли 2016 ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд.

Баъзе маҳалла ва шаҳракҳои шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи мазкур осебпазир маҳсуб меёбанд. То ҳол 110 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ ба таҳсили динӣ машғуланд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мубоқоти хеш бо фаъолони пойтахт.

Ӯ таъкид намуд, ки барои баргардонидани онҳо фаъолияти роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллаву шаҳракҳо, инчунин, падару модарон бояд пурзӯр карда шавад.

СССР

 

Сешанбе, Фев 14 2017

Имрӯз дар толори ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа нақша- чорабинии амалиёти «ТАРТИБОТ» дар ҳудуди шаҳри мазкур доир гашт. 

Ин амалиёт бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмин намудани амнияти шаҳрвандон гузаронида  шуда дар чорабинии мазкур кормандони ҷузъу томҳои РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кормандони Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, шабакаҳои барқӣ, НДСЭ, Кумитаи андоз, «Тоҷиксандарт», ХНДФ «Фармасевтӣ», шӯъбаи маориф, экологияи ш.Қӯрғонтеппа, шӯъбаи нақлиёт, «Тоҷикматлубот», шӯъбаи ҷавонони шаҳр ширкат намуданд. Онҳо ба 9 гурӯҳи корӣ тақсим гардида барои хизмат сафарбар карда шудаанд.

 

Баҳодур Уроқов,  СССР,  вилояти Хатлон

 

Душанбе, Фев 13 2017

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»-ро эълон менамояд. Дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд, метавонанд фаъолона иштирок намоянд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти ВКД ҶТ иттиллоъ доданд, беҳтарин наворҳои видеоӣ вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо аз тарафи комиссияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.

Озмун дар 3 моҳ 1 маротиба ҷамъбаст гардида, барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда шудааст:

- барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ;

- барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;

- барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.  Наворҳо бояд кӯтоҳ, мушаххас ва ба талаботи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ буда, дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Хабарнигорони фаврӣ метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаҳои электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. истифода намуда, наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд.

Телефонҳо барои маълумот: 227-66-50, 93 445-09-35, 985- 92-02-02. 

 

СССР

 

 

саҳ 56 аз 83

Китобҳо

Flag Counter