ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Апр 18 2016

Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд.

Чоршанбе, Апр 13 2016

Амиралӣ Муртазоев, сокини ноҳияи Хуросон, соли таваллудаш 1994, ки то Русия рафтан дар як масҷиди шаҳри Қурғонтеппа ба ҳайси имом-хатиб фаъолият мекардааст, дар Русия тавассути расонаи Zello бо шахсе зери тахаллуси «Эшон» ошно шуда даъвати ӯро барои ба Сурия рафтан ва ба ДИИШ пайвастан қабул мекунад.

Сешанбе, Апр 12 2016

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани рейдҳо бо кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе фурӯши чойи хушки пастсифатро бо нархи гарон ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Душанбе, Апр 11 2016

Кормандони Хадамоти гумруки "Майдони ҳавоӣ"- аз интиқоли ғайриқонунии сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ дошта, пешгирӣ намуданд.

Душанбе, Апр 11 2016

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вил.Хатлон ҷиҳати пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонии маводи мухаддир, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо пайваста тадбирҳои зурурӣ андешида, мавриди амал қарор дода мешаванд.

Ҷумъа, Апр 08 2016

ВКД ҶТ аз боздошти 1 сокини 23-солаи ш.Душанбе бо ҷурми таҳияи пулҳои қалбакӣ хабар дод. Боздошти ин сокини пойтахт 6 апрел дар пайи 1 амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сурат гирифтааст.

саҳ 79 аз 83

Китобҳо

Flag Counter