ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 14 2020

15 октябри соли 1985, роҳбари нави Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев дар Пленуми навбатии КМ ҲКИШ нақшаи худро бобати роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар СССР эълон намуд. Ин нақша "навоварии сотсиализм" ном гирифта, мебоист ин сохти иҷтимоиро бо демократия муттаҳид мекард.

“Сарвазири гирён”

Пленум нақшаи Горбачевро пазируфт ва самтҳои асосии рушди иҷтимои-иқтисодии СССР-ро барои солҳои 1986-1990 ва то соли 2000-ум тасдиқ кард. Ин самти иқтисодӣ баъдан, дар Анҷумани XXVII-уми ҲКИШ ба таври расмӣ "бозсозӣ" унвон карда шуд. Горбачев дар пленум баромад намуда гуфт, ки дар кишвар ислоҳоти амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ мегардад ва аз ҳозирон даъват намуд сифати нави ҷомеаи шӯравиро кор карда бароянд. Ин сифати навро бояд кадрҳои нав ҷустуҷӯ мекарданд ва дар ҳамин пленум, роҳбари пешинаи ҳукумати шӯравӣ Николай Тихонови фартут ба истеъфо фиристода шуда, ба ҷои ӯ Николай Рижкови ҷавон сари кор омад. Рижков баъдан дар таърих чун "Сарвазири гирён" маъруф гардид. 

Аксарият, ин иқдоми Горбачевро аввалин қадами ӯ дар роҳи пароканда кардани СССР медонанд ва муътақиданд, ки Михаил Сергеевич аз ҳамон оғоз мехост Иттиҳоди Шӯравиро аз харитаи сиёсии ҷаҳон барои ҳамеша поккорӣ кунад. Дар ин кор Горбачев ҳақиқатан муваффақ гардид ва ислоҳоти роҳандохтааш баъди 6 сол ба нокуҷообод расид. Расо 5 сол баъд,15 октябри соли 1990 ғарбиҳо Горбачевро бо ҷоизаи Нобели қадрдонӣ намуданд. Ин ҷоиза ба ӯ барои саҳмгузориаш ба раванди сулҳ дар муносибати СССР бо кишварҳои ғарбӣ супорида шуд. Аммо баъзеи дигар мегӯянд, ки Горбачевро барои ба иҷро расонидани нақшааш дар парокандасозии СССР бо ин ҷоиза қадрдонӣ намуданд.

Тафаккури нав

Қадами дуввум соли 1987 гузошта шуд. Моҳи январи соли 1987 Пленуми навбатии КМ ҲКИШ доир гашта, дар он мубориза бо бюрократия ва гузаштан ба арзишҳои демократии идоракунӣ, асоси фаъолияти ҳизбӣ эълон гардиданд.                                       Ин самти нави фаъолият “тафаккури нав” ном гирифт. Тезиси асосии ин тафаккурро пазируфтани якпорчагии дунё, алоқамандӣ ва вобастагии кишварҳо аз ҳамдигар ташкил медод. Тибқи ин “тафаккури нав” манофеъ ва арзишҳои умумиинсонӣ бар манофеъ ва арзишҳои синфӣ авлавият пайдо мекарданд. Муносибатҳои байнидавлатӣ низ тибқи ин тафаккур тағйири ҷиддӣ диданд. Ин “тафаккури нав” заминаи хуберо барои фаъолияти амалӣ эҷод мекард. Маҳз дар натиҷаи ҳамин тафаккур, баъди гуфтушунидҳои тӯлони бо Афғонистон 15 майи соли 1988 раванди баровардани Артиши шӯравӣ аз ин кишвар оғоз гардид ва моҳи феврали соли 1989 нерӯҳои шӯравӣ ба пурраги Афғонистонро тарк карданд. Воқеан ошкорбаёнӣ ва гуногунандешии эълонкардаи Горбачев дар ҷомеъаи  шӯравии он рӯз беназир буданд. Дар натиҷаи ин сиёсат, норозиён бо сохти шӯравӣ низ аз зиндонҳо ва бемористонҳои рӯҳӣ берун омаданд. Васоили ахбори омма низ “аз боло” соҳиби озодии танқид кардани роҳбариятро пайдо карданд. Гарчи ин озодӣ бисёр маҳдуд буд, аммо бо вуҷуди ин рӯзноманигорон акнун метавонистанд дар масоиле, ки то дирӯз ҳаққи ҳарф задан надоштанд, ибрози ақида намоянд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои зиёди нав рӯи чоп омаданд. Аммо мавҷи ахбороти ҷадид, ки як тӯфонро мемонд, дар муддати кӯтоҳ зербинои тафаккури коммунистиро хароб кард. Албатта ташаббускорони бозсозӣ ин натиҷаро пешбинӣ накарда буданд.  

Чоршанбе, Окт 07 2020

Дар аввали моҳи октябри соли 1993 дар пойтахти Россия, шаҳри Маскав ҳаводисе ба вуқӯ пайваст, ки ба задахӯрди мусаллаҳона пеш оварда, боиси рехтани хуни мардум гардид. Дар натиҷаи ин ҳаводис, тибқи ахбори расмӣ зиёда аз 150 нафар ва тибқи сарчашмаҳои мустақил зиёда аз 1000 нафар одам ба ҳалокат расиданд.

Ду ҳокимиятӣ

Дар Россия баъди таъсиси мансаби Президентӣ, дар соли 1990 як навъ ду ҳокимиятӣ ба амал омад. Тибқи Сарқонуни Россия ҳокимияти олӣ дар ин кишвар ба Анҷумани вакилони мардумӣ тааллуқ дошт. Бештари ин вакилони мардумӣ дар Шӯрои Олии Россия фаъолият карда, дар оғоз аз Елтсин ва ҷонибдоронаш тарафдорӣ намуданд. Ҳангоми аз миён бардоштани Горбачев, вакилони мардумии Россия дар канори Елтсин қарор гирифтанду ин ду ҳокимиятӣ дар кишвар чандон ба назар намерасид.             Аммо баъдан вазъият тағйир кард. Сиёсати иқтисодии Елтсин норизогии тарафдорони дирӯзаашро ба миён овард ва вакилони мардумӣ бо сарварии Руслан Хасбулатови чечен алайҳи президенти Россия қиём карданд. Даргирии тарафайн моҳи декабри соли 1992 аз Анҷумани 7-уми вакилони мардумӣ оғоз гардид. Дар ин Анҷуман вакилон ва роҳбарияти Шӯрои Олӣ, давлати Егор Гайдарро зери танқиди сахт қарор доданд. Анҷуман номзади "ислоҳотчии"  Елтсинро ба вазифаи Раиси нави давлат рад кард ва Президенти Россия дар ҷавоб масъаларо ба референдуми умумихалқӣ кашида, аз вакилони мардумӣ хост, қазоватро ба мардум вогузор кунанд, то худи мардум тасмимашро бигирад.           

Тартиботи махсус

20 марти соли 1993 Елтсин тариқи телевизион ба мардум муроҷиат карда, эълон намуд, ки Қонуни асосии кишварро лағв намуда, дар идоракунии кишвар "тартиботи махсус"-ро ҷорӣ мекунад. Баъди се рӯз Суди конститутсионии Россия назари худро ироа намуда, амалкарди президентро хилофи Сарқонун номид. 28 март ба қазия Анҷумани вакилони мардумӣ ҳамроҳ шуд. Вакилон пешниҳоди Президент "оиди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президент ва вакилони мардумӣ"-ро рад кард ва дар навбати худ барои аз вазифа гирифтани президент овоздиҳиро роҳандозӣ намуданд. Аммо кӯшиши вакилон барои эълони "импичмент" (нобоварӣ) амалӣ нашуд. Барои сабукдӯш кардани президент аз вазифааш 617 вакил овоз дод, аммо барои қабули ин қарор 689 овоз лозим буд.                     

Президенти Россия инчунин 1 сентябри соли 1993 бо фармони худ муввақатан Алескандр Рутскойро аз вазифаи витсе-президентӣ барканор кард. Рутскойро ба ришвахорӣ муттаҳам карданд ва то анҷоми тафтишот, Президент ҳаққ дошт ӯро аз вазифа сабукдӯш кунад. Аммо тафтишот нишон дод, ки Рутской ришва нагирифтааст ва ҳуҷҷатҳои аллайҳи ӯ ҳама сохтакорианд. Вакилони мардумӣ фармонӣ Елтсинро сахт маҳкум карда, ӯро ба дахолат ба системи судии кишвар муттаҳам намуданд.  

Фармони тақдирсоз

Аммо Елтсин ба ҳеҷ ваҷҳ ақиб нишастанӣ набуд. Президенти Россия 21 сентябр фармони тақдирсозӣ №1400 "Оиди ислоҳоти марҳила ба марҳилии конститутсионӣ дар Федератсияи Руссия"-ро ба имзо мерасонад ва маҳз ин фармон боиси бесарусомониҳо ва задухӯрди мусаллаҳона миёни тарафайн мегардад.

Чоршанбе, Сен 30 2020

 

26 сентябри соли 1983 системи огоҳкунии ҳамлаи мушакии шаҳраки “Серпухов-15”, партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. Дар марказ дар ҳол коршоямии тамоми асбобҳоро санҷиданд, вале ҳамаи системаҳо кор мекарданду компютер иттилоъ медод, ки мушаки ҷангии атомӣ ҷониби СССР дар парвоз аст. Он шаб дар ин марказ, полковник Станислав Петров навбатдорӣ мекард, ки аз таҷрибаи зиёди корӣ бархурдор буда, яке аз таҳлилгарони боистеъдоди нерӯҳои зиддиҳавоии шӯравӣ ба шумор мерафт. Ба бахти ҳар ду абарқудрат, полковники бо таҷриба ба компютер бовар накард ва фармони зарбаи ҷавобиро надод.

Қуллаи ҷанги сард

Дар солҳои “ҷанги сард” нерӯҳои стратегии атомии ИМА ва СССР ҳамеша дар ҳолати омодабоши комили ҷангӣ қарор доштанд. Ва моҳи сетябри соли 1983 ҷанги атомӣ миёни ин ду кишвар қариб ба вуқӯъ мепайваст. Умуман, соли 1983 дар таърихи муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ИМА чун қуллаи “ҷанги сард” маъруф гардидааст. Дар ин сол президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роналд Рейган бори аввал Иттиҳоди Шӯравиро “императории шарр” муаррифӣ карду ВАО-и ғарбӣ ин истилоҳро ба таври васеъ алайҳи аввалин кишвари Шӯроҳо истифода мебурданд. ИМА бо баҳонаи таҳдиди таҷовуз, нерӯҳои стратегии атомии худро пурра навоварӣ карда, ба сохтани мушакҳои нави балистикии байниқитъавӣ оғоз намуд.                                                                                                                             Чанде қабл аз ин ҳодиса, 1 сентябри соли 1983 тайёраи қиркунандаи шӯравии “Су-15” дар осмони Сахалин тайёраи мусофирбари “Боинг-747”-ро, ки ба ширкати ҳавоии “Кориэн Эйрланз”-и Кореяи Ҷанубӣ таалуқ дошт, зада афтонд. Президенти ИМА, ин бор низ тамоми гуноҳро ба гардани СССР бор карду ин ҳодиса ба таъбире, дасти Амрикоро боз намуд. Маҳз баъди ин ҳодиса, ИМА мушакҳои дуриашон миёнаи худро дар Аврупо ҷойгир намуда, ин вазъият боз ба нафъи худ тағйир дод. Иттиҳоди Шӯравӣ низ мушакҳои худро дар Олмони Шарқӣ ва Чехословакия мустақар кард, аммо мушакҳои шӯравӣ боз ҳам ба ҳудуди Амрико намерасиданд. Аммо ИМА метавонист тамоми қисмати аврупоии СССР-ро мушакборон кунад. Бо вуҷуди ин Юрий Андропов, котиби генералии вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ваъда дод, ки СССР дар кӯтоҳтарин вақт ба Амрико посухи муносиб хоҳад дод.  

Даъват ба интиқом

Юрий Андропов, роҳбари Шӯравӣ он шабу рӯз аллакай сахт бемор буд ва дар маҷмӯъ бештари аъзоёни Бюрои сиёсии КМ ҲК ИҶШС низ пир ва фартут шуда буданд. Аммо ин муйсафедон ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари ИМА сар фаровардани набуданд. Он шабу рӯз  ҳама чиз мисле, ки дар болои як мӯи борике қарор дошт. Баъд аз ҳодисаи “Боинг” дар ИМА ва кишварҳои дигари ғарбӣ, даъват мекарданд, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ интиқом гиранд. 

Полковник Станислав Петров дар маркази фармондеҳии “Серпухово-15” ба ҳайси таҳлилгари (аналитик) асосӣ фаъолият мекард. Таҳлилгарон танҳо ду маротиба дар моҳ навбатдорӣ менамуданд, хушбахтона шаби 26 сентябр маҳз рӯзи навбатдории полковник Петров буд. Дар ин шаб системаи огоҳкунии ҳамлаи мушакӣ, партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. 

Чоршанбе, Сен 23 2020

23 сентябри соли 1922 Иосиф Сталин лоиҳаи маъруфи худро, ки аз мухторикунонии (автономизатсия) ҷамоҳири шӯравӣ иборат буд, барои муҳокима ба Бюрои сиёсии ВКП(б) пешниҳод кард. Тибқи ин лоиҳа, тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ мебоист ба тобеъияти бевоситаи РСФСР медаромаданд, аммо В.Ленин ин лоиҳаро рад кард.

Комиссари миллатҳо

Моҳи августи соли 1922 бо таклифи Бюрои сиёcии КМ ҲК Комисиюне таъсис дода шуд, ки мебоист масъалаи муносибатҳои ояндаи РСФСР-ро бо ҷумҳуриҳои советии тозабунёд баррасӣ намояд. Раиси ин комисиюн И.В.Сталин таъин гардид. Сталин аз оғози барпо шудани ҳукумати шӯроҳо дар ин ҳукумат вазифаи Комисари халқӣ оид ба корҳои миллатҳоро ба ӯҳда дошт. Аз тарафи дигар Сталин ҳанӯз пеш аз инқилоб миёни болшевикон, чун мутахассиси масоили муносибати байнимилатҳо шинохта шуда буд.                                                                                       

Ба комисиюн инчунин болшевикони собиқадори дигар, аз ҷумла Куйбышев, Г.Орджоникидзе, Х.Раковский ва Г.Саколников шомил гардиданд. Комисиюн бо сарварии Сталин баъди барасии масаъала қарор дод, ки ҷумҳуриҳои шӯравии Украина, Белорусия ва ҷумҳуриҳои шӯравии Қафқоз, чун ҷумҳуриҳои мухтор (автономӣ) ба ҳайати РСФСР ҳамроҳ гарданд. Қарори комисиюни Сталинӣ таҳти унвонӣ  "лоиҳаи мухторикунонӣ (автономизатсия)" баъди чанде таҳия гардид. Мутобиқи ин лоиҳа КИМР (ВЦИК)-и РСФСР ва ШКХ (СНК)-и РСФСР мебоист ба органҳои олии давлатии ин иттиҳоди нав табдил меёфтанд ва аксарияти комисариатҳои халқии ин ҷумҳуриҳо аз комисариатҳои халқии РСФСР итоат мекарданд.                                                                                                                         

Зиддияти гурҷиҳо

Қарори ин комисиюн барои баррасӣ ба КМ ҳизбҳои комунистии ин ҷумҳуриҳо фиристода шуд. Коммунистони Озарбойҷон ва Арманистон аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд, аммо КМ ҲК Гурҷистон зидди он баромад. Коммунистони гурҷӣ иброз доштанд, ки Иттиҳод ба ин шакл ҳанӯз бемаврид аст. Онҳо пешниҳод карданд, ки ҷумҳуриҳои зикршуда сиёсати хоҷагидорӣ ва умумии худро ҳамоҳанг кунанд, яъне сиёсати ягона дошта бошанд, аммо истиқлоли ҳар кадом маҳфуз бимонад. Ин маънои барпогаштани як навъ федератсияи ҷумҳуриҳои шӯравиро дошт, ки фаъолиятҳои ягонаи ҳарбӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва хоҷагидориро доро буд.                   

Дар Тифлис Серго Орджонекидзеро, ки намояндаи Маскав дар ҷумҳуриҳои Қафқоз буд, яке аз аъзоёни КМ-и ҲК Гурҷистонро латукӯб мекунад. Бюрои сиёсии КМ барои рӯшани андохтан ба ин масъала комисияи махсусе бо сардории Ф.Э.Дзержинский ба Гурҷистон мефиристад. Бештари аъзоёни КМ ҲК Гурҷистон барои бевосита ва чун ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҳайати СССР шомил шудани Гурҷистонро ҷонибдорӣ карданд.

Орджоникидзе ин амалро милатгароӣ хонд ва Сталин низ иброз намуд, ки дар Гурҷистон сотсиал-милатгароӣ лона сохта аст. Комиссияи Дзержинский бе баррасии далелҳо рафтори Орджоникидзеро дуруст донист ва ин норозигии коммунистони гурҷиро боз ҳам бештар кард.       

Чоршанбе, Сен 16 2020

14 сентябри соли 1936 дар нишасти махфӣ НКВД СССР қарор дод кормандони худро ба сурати оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги граждании ин кишвар фиристад. Бо ин қарор мудохилаи СССР ба Испания оғоз гардид. Амалиёт "Х" номугозорӣ шуда, ҳазорон ихтиёриёни шӯравӣ равонаи ин кишвари дур шуданд. 

"Фронти халқӣ"

Моҳи феврали соли 1936 дар Испания интихоботи парлумонӣ доир гардид. Дар ин интихобот "Фронти халқӣ", ки аз иттиҳоди ҳизбҳои чапгаро иборат буд, пирӯз шуд.  Дар натиҷа ду намояндаи ин фронт Мануэл Асаня ва Касарес Кирога президент ва сарвазири Испания таъин гаштанд. Ин ду нафар ғасби заминҳои заминдорони калонро аз ҷониби деҳқонон қонунӣ карда, маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо озод намуда, чанд роҳбари фашистро ба зиндон андохтанд. Ин амалкард мухолифати шадиде дар ҷомеаи дингарои испанӣ ба вуҷуд овард ва намояндагони калисои католик, монархистон, заминдорони калон ва фашистон бар алайҳи давлати нав муттаҳид гардиданд. Ҷомеаи испанӣ ба ду дастаи ба ҳам муқобил тақсимбандӣ ва ҳатто артиши испанӣ ҳам ду даста шуд. Дар артиш тарафдорони давлат Иттиҳоди ҳарбии ҷумҳуриявии зиддифашистиро таъсис ва мухолифони давлат бошанд Иттиҳоди ҳарбии испаниро созмон доданд, ки ба он генерали испанӣ Эмилио Мола сарварӣ мекард.

Шӯриши Марокаш

Моҳи июли соли 1936 дар Марокаши Испания аввалин шӯриши ҳарбиён ба вуқуъ пайваст. Шӯришгарон баъди чанде қудратро ба даст гирифта,18 июл генерал Гонсало Кейпо де Ляно дар шаҳри Севиляи Испания даст ба шӯриш зад. Дар натиҷа ду шаҳри бандарии Испания дар ҷануб, Севиля ва Кадис ба тасарруфи шӯришгарон даромаданд. Тасарруфи Севиля ва Кадис ба шӯришгарон имкон фароҳам овард, ки дар ҷануби кишвар платсдарми қулайро барои вуруди нерӯҳояшон аз Марокаш соҳиб шаванд. То 19 июл аллакай 80%-и артиши испанӣ шӯриш бардошта, ҳарбиён шаҳрҳои Сарагоса, Толедо, Оведо, Кордова ва Гранадаро ишғол намуданд.                                                                                                                   

Миқёси шӯриши ҳарбиён барои ҳукумати марказии Мадрид комилан тааҷҷубовар буда, онҳо гумон мекарданд шӯришро ба осонӣ саркуб мекунанд, аммо кор комилан ранги дигар гирифт. 19 июл Касарес Кирога ба истеъфо рафт ва сарвари нави ҳукумат, роҳбари ҳизби ростгароӣ-либеролӣ "Иттиҳоди ҷумҳуриявӣ" Диего Мартинес Баррио таъин шуд. Баррио кӯшиш кард бо шӯришгарон гуфтугӯ карда, як ҳукумати коалитсионӣ созмон диҳад. Аммо генерал Мола ин пешниҳодро рад карду ин амалкарди Баррио боиси хашми ҳаммаслаконаш дар "Фронти халқӣ" гашт. Баррио худи ҳамон рӯз ба истеъфо рафт. Ба ҷои ӯ Хосе Хирал сарвазири нави Испания таъин шуд. Хирал дарҳол фармон дод ба мардум силоҳ тақсим кунанд.

Панҷшанбе, Сен 10 2020

9 сентябри соли 1991 дар Душанбе, иҷлосияи ғайринавбатии вакилони мардумии ШО доир қардид. Ин иҷлосия қароре қабул кард, ки барои Тоҷикистон таърихӣ ба шумор мерафт. Қарор "Бобати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дошт ва дар рафти иҷлосия, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандони ШО Нурулло Ҳувайдуллоев фишурдаи онро ба вакилон қироат кард. Дар қонун аз ҷумла гуфта мешуд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад". 

Октябри пурҳаводис

Соли 1924 дар Осиёи Миёна се ҷумҳурии шӯравӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон таъсис дода шуданд. Тоҷикистон дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайати Ӯзбекистон шомил мегашт. Аммо баъди дахолати инқилобиёни тоҷик, монанди Нусратуллои Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов ва ғ. Маскав ба тоҷикон иҷоза дод  дар қисмати шарқии Бухоро, Ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд. Ҳамин тариқ 14 октябри соли 1924 сессияи дуввуми КМИ СССР қарори пешинаашро лағв кард ва дар Осиёи Миёна РСС Туркманистон, РСС Ӯзбекистон ва Республикаи Автономии Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дод. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуд ва ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайати Тоҷикистони автономӣ, вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротеғин (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ),  Кӯлоб, Қурғон-Теппа, Панҷакент, Ӯро-Теппа ва Сари-Осиё дохил гаштанд.                                                   Моҳи январи соли 1925 ВМК Бадахшон таъсис дода шуд ва он низ ба мухторияти тоҷик шомил гардид. Бо вуҷуди ин қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. 26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нусратулло Махсум раиси ин Кумита интихоб гардид. Ба Кумитаи Инқилобии Тоҷикистони автономӣ инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Шириншо Шоҳтемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон ва дигарон шомил гардиданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб карда шуд ва инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ гардиданд                                                                                                                                             

Соли 1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир гардид. Дар ин интихобот ҳайати КМИ нав интихоб карда шуда, ба КМИ супориш дода шуд, то Анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР, Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Моҳи декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Нусратулло Махсум раиси КМИ ва Абдулқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб гардиданд.   

саҳ 21 аз 60

Китобҳо

Flag Counter