ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 10 2020

4 июни соли 1956 Департаменти Давлатии ИМА маърӯзаи "махфии" Никита Хрушёвро, ки "Бобати шахсиятпарастӣ ва авомили он" ном дошт ва дар Анҷумани ХХ-уми Ҳизб қироат гардида буд, рӯи чоп овард. Матни пурраи ин маърӯза бошад худи ҳамон рӯз аз минбари радиои "Аврупои Озод" қироат карда шуд. Маърӯзаи Хрушёв як таҳаввуле дар зеҳнҳои ходимони ҳизбӣ ба вуҷуд овард. Дар СССР барои бори аввал буд, ки  роҳбарияти олии ҳизбӣ роҳбари собиқи худро сиёҳ карда, падидаеро бо номи "шахспарастӣ" ошкор намуд.

Репрессияи тарафдорони Сатилн

Хрушев то соли 1955 тавонист бо ёрии ҳарбиён мухолифини худро маҳв кунад ва собиқадорони собиқи ҳизбӣ монанди Берия, Молотов, Маленков, Каганович ва одамони ба онҳо содиқ, ки ба Сталин наздик буданд, кушта ё ба ҳошия ронда шуданд. Дар арафаи баргузории Анҷуман раванди сиёсӣ дар СССР ба демократикунонии тамоми ҷомеа равона гардида буд. Бӯи озодӣ дар ҳамаи ҷомеаи шӯравӣ танинандоз шуд. Раванди озодтар ва демократитар шудани ҷомеа пеш аз ҳама ба он бастагӣ дошт, ки дар СССР он шабу рӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар роҳбарияти олии ҲК ва ҳамчунин роҳбарияти ҳизб дар ҷумҳуриҳо одамони нав таъин мегардиданд. Ин одамон маъмулан аз "гвардияи кӯҳна" фосила доштанд ва бо ҷиноятҳои низоми сталинӣ алоқаманд набуданд. Маҳз ин падида, сабаби фаъол гардидани афкори умумӣ шуд ва Хрушёв маҷбур буд бобати шахспарастии собиқ назари ҳизбро муаян кунад ва шахспарастии Сталинро ифшо кунад. 

Асоси маърӯза 

Тирамоҳи соли 1955 Никита Хрушев ҷаласае орост ва ба он теъдоде аз роҳбарони олирутбаи ҳизбӣ даъват гардиданд. Дар ин ҷаласа Хрушев тасмим мегирад ҷиноятҳои Иосиф Сталинро ба вакилони Анҷумани дар пешистодаи ХХ-ум нақл кунад. Молотов, Маленков ва Каганович зидди ин иқдоми Хрушев мебароянд, аммо ба таъбире гапашон ба Никита намегузарад.       

 Дар баробари ин, солҳои 1954-1955 дар СССР комиссияҳои гуногун оиди баррасии парвандаҳои ҷиноии шаҳрвандони шӯравӣ, ки замони Сталин беасос айбдоршуда буданд, фаъолият мекарданд. Ин комиссияҳо дар рафти кори худ камбудиҳои зиёдеро ошкор карда, аввалҳои моҳи феврали соли 1956 натиҷаҳои кори худро ба Раёсати КМ ҲК пешкаш намуданд. Дар рафти кори худ ин комиссияҳо муаян карданд, ки ҷазодиҳии оммавӣ, ҷаъли аснод, шиканҷа, нобудкунии беамони фаъолони ҳизбӣ, бевосита аз ҷониби худи Сталин тайид мегардиданд.     

Чоршанбе, Июн 03 2020

Коммунаи Париж, ки расо 150 сол муқаддам маҳв гардид, то ҳанӯз дар олам инқилоб мекунад. Револютсияи ленинӣ, инқилобҳои Кубаву Аргентинаву Чилӣ, Испанияву Германия, Либияву Ирону Афғонистону Чину Ветнаму Камбоҷаву Мочин паёмади ҳамон коммунаанд, ки мардум дарк кард, бе шоҳу феодалу ғуломдорон низ метавон ҳукм ронд. Ин матлаби мо муруре бар ҳамон фоҷеаи 150 сола пеш аст. Мо Метавонем!

 28 майи соли 1871 дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж охирин сангаи Коммунаи Париж-аввалин кӯшиши синфи коргар барои барқарорсозии ҳукумати худ торумор карда шуд. Замони СССР дар аввалин кишвари Шӯроҳо дар тақвимҳои рӯдеворӣ як рӯз (18 март) ба рӯзи Коммунаи Париж ихтисос дода шуда буд. Аммо бештари мардум дар бобати ин Коммуна огоҳии зиёд надоранд.Танҳо огоҳтаринҳо медонистанд, ки он 72 рӯз арзи вуҷуд намудааст ва коммунарҳо дар қабристони Пер-Лашези Париж парронда шудаанд. Аммо ин коммуна аз куҷо пайдо шуд ва чаро ҳама чиз бо хунрезиву қатли омм ба итмом расид, барои бисёриҳо муаммост.

Асорати император

Оғози Коммунаро бисёриҳо ба ҷанги Фаронсаву Олмон дар соли 1870 рабт медиҳанд. Императори фаронсавиҳо Наполеони III ба гумони ин, ки немисҳоро зуд танбеҳ медиҳад, бо Олмон вориди ҷанг шуд, аммо кор комилан ранги дигар гирифт. Немисҳо фаронсавиҳоро торумор карда, худи императорро ба асорат гирифтанд.                                                                                                                   

  Асорати император дар пойтахти Фаронса шурӯ ғавғое барпо кард ва мардуми Париж моҳи сентябри соли 1870 даст ба инқилоби навбатӣ заданду дар натиҷаи он инқилоб Фаронса ҷумҳурӣ эълон карда шуд. Аммо немисҳо, ки бо кишвари Фаронса меҷангиданд ва барояшон ҳеҷ фарқе надошт, ки сохти давлатдории ин кишвар императорист ё ҷумҳурӣ ба ҳуҷуми худ идома доданд ва баъди чанде Париж ба муҳосира гирифта шуд. Дар шаҳр гуруснагӣ оғоз гардид. Барои рафъи  гуруснагӣ ҳукуматдорони Париж горди миллиро таъсис доданд, Ба ин горд хоҳишмандонро ба ивази озуқаи ҳаррӯза қабул мекарданд ва баъди чанде теъдоди нерӯҳои горди нав ба 300 ҳазор нафар расид.                                              

Моҳи январи соли 1871 тарафҳо билохира барои имзои муоиддаи сулҳ розӣ шуданд. Немисҳо талаб карданд, ки тамоми нерӯҳои мусаллаҳ дар дохили Париж халъи силоҳ гарданд, аммо Горди миллӣ ин талаби немисҳоро қотеъона рад кард.

Чоршанбе, Май 20 2020

 

9 Май дар собиқ СССР ва ҳатто баъди азҳампошии он ҳам, чун Рӯзи ғалаба бар фашизми олмонӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар Аврупо ин ҷашнро як рӯз қабл-8 Май ҷашн мегиранд. Аммо ин, ки чаро дар собиқ СССР ва Аврупо Рӯзи Ғалабро дар рӯзҳои гуногун ҷашн мегиранд, барои бисёриҳо муаммост.

 Фоҷеаи Рейх

Дар аввали соли 1945 вазъи Олмони фашистӣ дар ҷанг фоҷеабор гардид. Ҳуҷуми Артиши Сурх аз Шарқ ва артишҳои иттифоқчиён аз Ғарб, шикасти Рейхи саввумро ба як воқеъият табдил дод. Дар ин шароит артиши олмониро як хараҷу мараҷе фаро гирифу немисҳо дар соли 1945 ҳатто талафоти худро ҳам сабт намекарданд ва дар ин бобат маълумоти дақиқ то ба ҳол вуҷуд надорад.16 апрели соли 1945 Артиши Сурх амалиёти таҳоҷумии худро ба самти Берлин оғоз намуд ва баъди панҷ рӯзи амалиёт, 21 апрел аввалин ҷузъу томҳои Артиши Сурх ба қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии Берлин зада даромаданд. 22 апрел дар қароргоҳи Гитлер нишасти фармондеҳони олмонӣ баргузор гардида, дар он қарор дода шуд, армияи 12-уми генерал Венкро аз фронти Ғарбӣ гирифта ба муқобили нерӯҳои Артиши Сурх равона кунанд. Ин охирин кӯшиши фармондеҳии олмонӣ барои таъсир расондан ба натиҷаи амалиёт буд. Аммо ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷом гирифт. 25 апрел гурӯҳҳои зарбазании Артиши Сурх ба маркази Берлин баромаданд ва худи ҳамон рӯз дар соҳили дарёи Элба, нерӯҳои шӯравӣ бо нерӯҳои амрикоиҳо пайвастанд. Дар натиҷа нерӯҳои олмонӣ, ки барои пойтахташон меҷангиданд аз ҳам ҷудо гардида, иртиботашон бо ҳам қатъ гардид. Баъди ҷангҳои шадид, бегоҳии 28 апрел нерӯҳои Артиши Сурх ба наздикии Рейхстаг, маркази Рейхи саввум наздик шуданд. Субҳи  30 апрел бинои Вазорати корҳои дохилии Олмон ишғол карда шуд ва баъдти ин, роҳ ба сӯи Рейхстаг боз гардид. 

Худкушии Фюрер

Адолф Гитлер он ҳангом дар бинои зеризаминии Рейхсконселярия қарор дошт. Ба шаҳодати ҳаммаслаконаш, Гитлер дар рӯзҳои охир сахт метарсид, ки русҳо бинои зеризаминиро бо бомбҳои гази хоболуддошта бомбаборон кунанд ва ӯро асир гирифта, ба Маскав баранд ва дар қафас дар малаи диди мардум қарор диҳанд. Аз тарси ин паёмад Адолф Гитлер нисфирӯзии 30 апрел бо ҳамроҳии маъшуқааш Ева Браун ва яке аз ҳаммаслакони содиқаш Йозеф Геббелс даст ба худкушӣ зад.

Чоршанбе, Апр 22 2020

Ба зодрӯзи Владимир Илич Ленин саду панҷоҳ сол пур шуд. Ин санаро ҷашн ҳисоб мекунам ва ҳамаи ҳамақидаҳоямро ба ин муносибат табрик менамоям. Зеро ман аз эътиқодмандони ақидаи Ленин мебошам. Гумон мекунам,ки агар андешаи сиёсии ӯ дар соли 1917 пирӯз намешуд,имрӯз аҳволи халқи тоҷики мамлакати мо, яъне миллати давлатдори Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сарнавишти тоҷикони Афғонистон,курдҳои Эрон,Ироқ,Туркия ва Сурия,арабҳои Фаластин беҳтар намебуд. Чунки зимомдорони давлатҳои Туркистону Бухоро мутлақо ба тоҷикон истиқлолияти сиёсӣ ва миллиро қоил набуданду намешуданд. Давлати шӯравӣ тоҷиконро беватан накард, балки аз панҷаи ситами дигарон, ақалан як лахти замини аҷдодии моро зӯран гирифта, давлате бароямон сохт. Ба ҳаминаш ҳам раҳмат, зеро дар ҳазор соли то он ҳеҷ кас, ин корро барои мо накард ва ниёгони савлатдори мо аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд.

Қадри ин ҳиммату талошро эҷодкорони ҳамон замони мо донистанд. Устод Садриддин Айнӣ дар навиштаҳои зиёдаш таъкид намуд ки ҳукумати шӯравӣ ҳар он чизеро, ки барои зиндагӣ ва рушди як халқ, як миллат зарур аст, ба мо дод. Шоири халқ Саидалӣ Вализода боифтихор суруд, ки:

Ленин ба мо дилдор шуд

Бар камбағалҳо ёр шуд.

Золим ҳама ҷо хор шуд,

Ленин бародар раҳнамо.

Воқеан Ленин роҳбари давлат буд, аммо ба халқ бародарвор муносибат мекард. Ин хислаташро адиби бузурги шӯравӣ А.М.Горкий нозукона зикр намудааст:”Халқ Плехановро барин (хуҷаин,соҳиб), Ленинро бародар мегуфт”.

Ман,ҳамчун муҳаққиқ ба ҳуҷҷатҳо, мактубҳо, декретҳову резолютсияҳои имзокардаи Ленин бисёр корафтода шудаам.Аз ҷумла, аз онҳо дарёфтам, ки ӯ ба сарнавишти мардуми мусулмони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Ба коммунистони рус, ки дар ин минтақа кор мекарданд, гаштаю баргашта таъкид дошт, ки ба мардуми маҳаллӣ сахт нарасанд, маданият ва эътиқодашонро эҳтиром намоянд, аз сарнавишти онҳо бепарво ва беаҳамият набошанд, ба онҳо дасти мадад диҳанд. Ленин мегуфт:

Чоршанбе, Май 27 2020

 

24 майи соли 1937 маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Тухачевский аз сафи ВКП(б) хориҷ карда шуд ва Сталин ба ҳабси ӯ ризоят дод. Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳи 30-юм, болотарин рутбаи ҳарбӣ дар Артиши Сурх ба шумор мерафту дар сафи артиш 5 маршал вуҷуд дошт. Дар рафти тозакунии Артиши Сурх аз ин 5 маршал 3 нафарашон (Тухачевский, Блюхер ва Егоров) кушта шуданд, ду маршали дигар-Ворошилов ва Будёнийро зинда монданд.

Мухолифин дар Артиш

Маълумот бобати вуҷуди мухолифин дар Артиши Сурх бо сарварии Тухачевский, бори аввал соли 1929 аз ҷониби духтари генерал Зайончковский садо дод. Соли 1932 ҳамин гуна маълумотро ҷосуси шӯравӣ Адолф Хайровский (бо тахаллуси «Сюрприз») ба Маскав ирсол намуд. Солҳои 1934 ва 1936 ду ҷосуси дигари шӯравӣ Илинич ва «Венера» ҳам, ингуна маълумотро дода буданд. Аммо ин маълумот танҳо моҳи январи соли 1937 аз ҷониби роҳбарияти ниҳодҳои ҷосусии шӯравӣ (мактуби А.Х. Артузов) ба иттилоъи роҳбарияти олии кишвар расонида шуд. Ногуфта намонад, ки маълумотро бобати норозигии афсарони олирутба дар Артиши Сурх, худи ниҳодҳои қудратии шӯравӣ, аз ҷумла ОГПУ ҳангоми баргузории амалиёти маъруфи «Трест» ва «Синдикат-4» дар хориҷ аз СССР паҳн карда буданд. Албатта чекистон бо паҳн кардани ин маълумоти дурӯғин мехостанд роҳабрияти нерӯҳои зидди шӯравиро ба СССР даъват кунанд. Аз ҷумла чекистон ба хадамоти ҷосусии як қатор кишварҳо (Фаронса ва Полша) ному насаби Тухачевскийро ҳам гушзад карда буданд. 

Куштори Сталин

Ҳанӯз тсоли 1930 ОГПУ кори ҷиноиро алайҳи як қатор роҳбарони олирутбаи Артиши Сурх оғоз намуда буд. Чекистон он замон иддао доштанд, ки маршал Тухачевский бо сарварии як қатор фармондеҳони олирутбаи дигар, мехоҳанд қудратро дар СССР ғасб кунанд ва Сталинро ба қатл расонанд. Ин маълумотро чанд нафар устодони Академияи ҳарбӣ, ки чанде қабл ба ҳабс гирифта шуда буданд ба чекистон маълумот доданд. Аз ҷумла муаллимони калони Академияи ҳарбӣ Н. Какурин ва И.Троитский. Аммо Сталин он замон ба ҳарфи устодони Академияи ҳарбӣ бовар накарду кори ҷиноии сарлашкарон мутаваққиф гардид. Моҳи октябри соли 1930 бошад миёни Тухачевский ва Какурину Троитский дидори мустақим баргузор карда шуд ва Тухачевский ба пуррагӣ сафед гардид.   

Нақшаи Гейдрих

Дар оғози соли 1937 генерали собиқи артиши сафед Скоблин ба сардори «полиси бехатарии» Рейхи саввум Рейнхард Гейдрих, асноде ирсол намуд, ки дар он нишон дода мешуд, ки дар роҳбарияти болоии Артиши Сурх мухолифат бо Сталин вуҷуд дорад. Гейдрих қарор дод, ин аснодро дар бозии худ алайҳи роҳбарияти шӯравӣ истифода барад. Ӯ фикри худро ба иттилоъи Гитлер расонд. Аммо Гитлер ба таври худ рафтор кард ва ба асноди Скоблин чанд ҳуҷҷати дигарро изофа намуда, ҳамаро ба тарафи СССР интиқол дод. Ин аснод ба андешаи Фюрер, мебоист Сталинро мутақоид мекарданд, ки миёни роҳбарияти артиши олмонӣ «Вермахт» ва Артиши Сурх созиш вуҷуд дорад. Сталин бояд бовар мекард, ки гурӯҳи афсарони олирутбаи Артиш мехоҳанд ӯро шахсан нобуд кунанд ва дар Маскав низоми тарафдори олмониро барқарор намоянд.         

Чоршанбе, Апр 22 2020

 

Нахустин кайҳонавард

Имрӯз қариб тамоми дастовардҳои илмии бани башар, аз алоқаи мобилӣ гирифта, то интернет ба кайҳон бастагӣ доранд. Солҳои тӯлонӣ тасхири кайҳон ба масъалаи доғи сиёсӣ низ табдил гардида буд ва асоситарин майдони рақобат миёни абарқудратҳои вақт, хусусан СССР ва ИМА ба шумор мерафт. Ва дар ин рақобат, аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша як қадам аз ИМА пеш ҳаракат мекард ва аввалин шуда, кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин 12 апрели соли 1961 ба фазои кайҳонӣ баромад. 

Мушак ва таърихи он

Заминасози парвози аввалин техникаи мушакӣ гардид. Маҳз ба шарофатии мушакҳо, аввалин киштиҳои кайҳонӣ ва аз ҷумла "Восток”-и Гагарин сохта шуданд. Мушакҳо ва моҳвораҳоро мешуд ҳам ба мақсади осоишта ва ҳам бо мақсади ҳарбӣ истифода бурд. Пешгоми мушаксозӣ дар ҷаҳон немисҳо ба шумор мерафтанд. Олмон баъди шикаст дар ҷанги ҷаҳонии аввал, тибқи сулҳномаи Версал аз доштани тупхонаи дурзан маҳрум гардида, фармондеҳии олмонӣ қарор дод, силоҳи мушакиро бисозад. Олимони немис аз миёнаҳои даҳаи 20-уми қарни гузашта, ба сохтани силоҳи мушакӣ рӯй оварданд ва соли 1942 гурӯҳи кории олимони немис бо сарварии Варнер фон Браун, ба партоби аввалин мушак муваффақ шуданд. Соли 1943 бошад Олмон ба истеҳсоли саноатии мушакҳои "Фау-2" оғоз намуд. Ин мушак то 1000 кг маводи тарканда дошт ва метавонист 300 км масофаро тай кунад.                                                                                                     

  Дар авохири ҷанги ҷаҳонии дуввум ҳам СССР ва ҳам ИМА мекӯшиданд ба технологияҳои мушакии немисҳо даст ёбанд. Амрикоиҳо дар ин ҷодда муваффақтар буданд. Фармондеҳии амрикоӣ баҳори соли 1945 дар Олмон амалиёти махсусеро таҳти унвони "Скрепка" (Часпаки оҳанин) пиёда кард. Дар натиҷаи ин амалиёт "падари" саноати мушакӣ Варнер фон Браун бо гурӯҳи калони олимони немис ба ИМА интиқол дода шуд. Бо вуҷуди ин аввалин кишвари Шӯроҳо дар ин сабқат пештоз гардид. Ба андешаи мутахассисон пештозии СССР чанд сабаб дошт. Баъди анҷоми Ҷанги ҷаҳонии дуввум ИМА аз теъдоди зиёди тайёраҳои бомбафкани дурпарвоз бархурдор буд.

саҳ 24 аз 60

Китобҳо

Flag Counter