ХАБАРИ ДОҒ


Асорати талх
3.08.1995 тайёраҳои қиркунандаи Толибон дар фазои ҳавоии Афғонистон тайёраи "Ил-76"-и русиро, ки ба ширкати тотории "Аэростан" тааллуқ дошт, ба замин фуроварданд. “Ил-76” аз Тирана-пойтахти Албания ба ш.Кобул парвоз дошт ва мебоист ба нерӯҳои ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мебурд. СССР пеш аз суқути худ қарор дода буд, ба ҳеҷ тарафи даргир дар Афғонистон кумаки ҷангӣ накунад, аммо ворисони ин абарқудратро рафторашон аллакай дигар шуда буд.

Ин бор Албания хост ин халои СССРро пур кунад ва Тирана бо ҳукумати Раббонӣ қарордоди ҳамкорӣ баста, Кобулро бо силоҳ таъмин мекард. “Ил-76” с.1994 дар Тошканд сохта шуда, танҳо 1 сол мавриди истифода қарор гирифта буд. Ин дафъаи сеюм буд, ки "Ил-76" ба Бағроми Кобул парвоз мекард. Ин бор дар дохили тайёра 1304 қуттӣ тири 7,62 мм, ки интиқоли он тавассути тайёраҳо тибқи қарордоди байналмилалӣ иҷоза дода шуда буд ва 1 қуттӣ тири тӯп низ қарор доштанд. Гирандаи бевоситаи лавозимот вазири дифоъи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд-қаттолтарин душмани Толибон буд. Летчикҳои он 7 тан шаҳрвандои рус буданд: фармондеҳи тайёра Владимир Шарпатов, сарнишини дуввум Ғозинур Хайруллин, роҳбалад (штурман) Александр Здор, муҳандиси тайёра Асхат Аббязов, радиочӣ Юрий Вшивцев ва муҳандисон Сергей Бутузов ва Виктор Разянов. Бешатри онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тотористон буданд. Ҳини кофтукови тайёра он қуттии бе бахт пайдо шуд ва сарнишинони тайёра ба интиқоли ғайриқонунии силоҳ айбдор шуданд. Он шабу рӯз Толибон бо Нерӯҳои эътилофи Шимолӣ дар ҷанг буданд ва тайёраи русӣ бошад ба душманони онҳо силоҳ мебурд. Ҳамаи ин вазъи сарнишинони "Ил-76"-ро боз ҳам мушкилтар мекард. Асорати сарнишинони тотор 378 рӯз тӯл кашид ва сахтиҳои зиёдеро дар бар дошт. Барои раҳоии сарнишинон аз ҳама бештар ҳукумати Тотористон ва шахсан президенти ин кишвар Минтемир Шаймиев талош варзид. Ёрдамчии ӯ Тимур Акулов 26 бор ба Афғонистон барои гуфтушунид бо Толибон парвоз кард. Тоторҳо ният доштанд, сарнишинони "Ил-76"-ро ба ивази қисмҳои эҳтиётӣ барои чархболҳо иваз кунанд, аммо Толибон баъди чанде аз ин пешниҳод рӯ тофтанд. Ба раванди музокирот барои озодии сарнишинони тоторӣ президенти ИМА Бил Клинтон ва сарвазири Покистон Беназир Бҳутто низ ҳамроҳ шуданд, лек Толибон дар ин масъала касеро гӯш намекарданд. Бо вуҷуди ин ба намояндагони Тотористон муяссар шуд, Толибонро барои мулоқотҳои шахсӣ бо летчикҳо розӣ кунонанд. Дар натиҷаи дидорҳо нақшаи фирори ҳавонавардон матраҳ карда шуд.

Ислом, ё марг
Сарнишинони тайёра дар шароити сангине ба сар мебурданд. Толибон ба онҳо барои интиқоли силоҳ ҳукми қатл дода буданд ва ҳеҷ чиз монеъи ин корашон набуд. Ҳукуматдорони Русия бошанд, талоши чандоне барои озод кардани онҳо намекард ва сухани Маскав он шабу рӯз дар арсаи байнулмилалӣ қурбе надошт. Толибон ба летчикҳо пешниҳод намуданд, рӯ ба ислом биёранд ва ба сафи онҳо пайванданд. Чанд тан аз летчикҳо, ки тотор буд, пайрави ислом буданд, аммо ин Толибонро қонеъ намекард. Шарпатов дар мусоҳибае ёдовар мешавад, ки Толибон назди онҳо касеро намемонданд: "Ба назди мо танҳо муллоҳо меомаданд ва ба мо талқин мекарданд, ки исломро бипазирем. Мо ҷавоби рад додем, лек чанд дуоро аз ёд кардем. Мо намедонистем фардо моро чи интизор аст ва ҳамеша дар ҳолати бедаракӣ ба сар мебурдем. Аз ҳама рӯзи сангин дар асорат, рӯзе буд, ки моро шабона нигаҳбонон бедор ва саросема савори автобусе намуда, ба ҷои номаълум бурданд. Ман гумон кардам, моро барои паррондан мебаранд. Лек баъдан маълум шуд, ки Толибон танҳо мехостанд ҷои моро иваз кунанд, чун аз озодсозии эҳтимолии мо тавассути нерӯҳои вежаи русӣ бим доштанд".
 
Фирор
"Ил-76" ва он ҳам истеҳсоли с.1994 барои Толибон бозёфти нодир будӣ. Он метавонист корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Сарнишинон низ тавонистанд Толибонро бовар кунонанд, ки "Ил-76" аҳамияти зиёд дорад ва бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор гирад. Ба гуфтаи Шарпатов: "Мо шавқу рағбати Толибонро нисбати тайёра дидем ва онҳоро бовар кунондем, ки ба тайёра бояд ҳамеша хизматрасонии техникӣ расонида шавад, дар ҳолати акс "Ил-76" аз парвоз мемонад”. Маҳз ин кор заминаи асосии фирори ояндаи сарнишинонро фароҳам намуд. Нақшаи фирори оянда ҳини мулоқотҳои сарнишинон бо Темур Акулов мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз нақшаи оянда тарафи Эрон ҳам огоҳ буд. Ахир, пас аз 378 рӯз 16.08.1996 ҳангоми азназаргузаронии техникии навбатӣ барои сарнишинон имкони фирор фароҳам шуд. Он рӯз Толибон летчикҳоро
барои таъмири чархи кафида назди "Ил-76" бурданд. Он рӯз ҷумъа буд ва бештари нигаҳбонони ҳавонавардони тоторӣ барои хондани намози ҷумъа рафта буданд. Ҳамроҳи онҳо ҳамагӣ чанд посбон қарор дошту халос. Летчикҳо муҳаррикҳои тайёраро бо баҳонаи гармкунӣ ба кор дароварда, дарҳои тайёраро мебанданд. Сипас тайёраро ба ҳаракат медароранд. Хадамоти фурудгоҳ натавонистанд монеъи парвози "Ил-76" шаванд. Дар дохили он 3 нафар нигаҳбони дигар қарор додтанд, лек сарнишинон онҳоро ором мекунанд, ки тибқи дастуруламал онҳо бояд 1 парвози санҷишӣ анҷом диҳанд ва баъд фуруд хоҳанд омад. Қиркунандаи Толибон низ ба ҳаво набаромад. Баъдан аён шуд, ки летчики он ягона летчики Толибон он рӯз барои аёдати бастагонаш ба деҳа рафта буд.

Аз Эрон ба Шарҷа
Сарнишинон тибқи нақшаи пешакӣ барои фиреби таъқибкунандагони эҳтимолӣ "Ил-76"-ро на ба самти шимол, балки ба ғарб, ҷониби Эрон париданд. Хадамоти зиддиҳавоии Эрон барои гузаштани он аз болои ҳарими ҳавоияш иҷоза дод ва баъди парвози якунимсоата, "Ил-76" дар ш.Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб фуруд омад. 3 нигаҳбони толиб баъди фаҳмидани қазия таслим шуданд. Толибон ҳатто сӯзишвориро ҳам аз тайёра холӣ накарда буданд ва сарнишинони тотор бе ҳеҷ танқисӣ ба нуқтаи даркорӣ расиданд. Дар Шарҷа сарнишинонро аллакай намояндагони сафорати Русия интизор буданд. Билохира бегоҳии ҳамон рӯз летчикҳои тотор аллакай дар Маскав буданд ва 18 август ба Қазон баргаштанд. Барои фирори сарбаландона аз асорати Толибон сарнишинони тотор аз ҷониби ҳукумати Русия қадр шуданд. Борис Елтсин ба фармони худ ба фармондеҳи тайёра ва сарнишини 2-ум Ғозинур Хайруллоев унвони фахрии "Қаҳрамони Русия" ро ато кард ва ҳар 2 бо медали "Ситораи Сурх" қадр гардиданд. Медалро ба сарнишинон дар Кремл роҳбари ҳукумати Русия Виктор Черномирдин тақдим кард. Аъзои боқимондаи тайёра-роҳбалад Александр Здора, муҳандис Асхат Аббязов, муҳандисон Сергей Бутузову Виктор Рязанов ва радиочӣ Юрий Вшивцев бо ордени "Мардонагӣ" мушарраф шуданд. Фирори ҳавонавардони тотор дар ВАО ва синамо низ инъикоси зиёд пайдо кард ва с.2010 режиссери рус Андрей Кавун, дар асоси ин рӯйдодҳо филмеро таҳти унвони "Фирор аз Қандаҳор" ба навор гирифт, ки мухлисони зиёде ин филмро ба хушнудӣ қабул карданд. Тайёраи боркаши "Ил-76", рақами бақайдгириаш RA-76842 бошад баъди ин ҳодиса тавассути ширкати "Аваикон Цитотранс"-и ш.Екатеринбург харидорӣ шуд. "Ил-76" дар ҳайати ин ширкат дар амалиётҳои гуногуни гуманитарии СММ, Барномаи ҷаҳонии озуқа, Ташкилоти Байналмиллалии Салиби Сурх ва Фонди кӯдакони СММ иштирок намуда, ҳамаи вазоифи дар наздаш гузоштаро бе каму кост иҷро кард.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter