ХАБАРИ ДОҒ

Ихтилофи казакҳо

13.06.1930 бо қарори Шӯрои Ҳарбӣ-Инқилобӣ дар ҳайъати Артиши Сурх (АС) аввалин бригадаҳои механиконидашуда таъсис дода шуданд. Ин бригадаҳо 1 навоварӣ дар илми ҳарбӣ буданд ва ҶБВ дурустии истифодаи онҳоро собит кард. "Корпусҳои оҳанин" дар пирӯзиҳо нақши ҳалкунанда доштанд. Баъди пирӯзӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳарбиёни шӯравӣ ба 2 даста тақсим шуданд. 1 даста бо сарварии Тротский инқилобро ҳанӯз поён наёфта мешумориданд ва ақида доштанд, ин равандро бояд идома дод. Аз ҷумлаи касоне, ки аз ӯ ҷонибдорӣ мекард, маршали оянда Тухачевский буд. Ин дастаро инчунин "казакҳои червонӣ" низ меномиданд. Дастаи 2-ум бошад бештар ба Сталин майл доштанд ва асоси онҳоро ҷанговарони Армияи 1-и савораи Ворошилов ташкил медоданд, ки онҳо низ бештар аз казакҳо буданд. Ин гурӯҳ то охир канори Сталин монд ва роҳбари он Ворошилов-яке аз сарсахттарин мухолифини дивизияҳои механиконидашудаи Тухаческий будӣ. 

С.1927 мубориза миёни Сталин ва Тротский ба авҷи аъло расид. Сталин дастгоҳи давлатӣ ва идораи кишварро дар СССР созмон дода, дар идораи кишвар ба ин дастгоҳ такя мекард. Тротский бошад аз қудрат канор монда, натавонист ҷонибдорони худро дуруст созмон диҳад. Ӯ танҳо ба шӯҳрати собиқи худ, шиорҳои баланд ва иддаи начандон калони тарафдоронаш такя мезад. Дар асл мубориза на миёни 2 пешво, балки миёни 2 ғояи рушди сотсиализм сар зад. Ӯ марксисти баръало буду сотсиализми сирф марксистӣ, яъне фармонравоиро тарафдорӣ ва талаб мекард, ки онҳо бояд тибқи “манифести коммунистии” Маркс амал намуда, армияҳои меҳнатӣ созмон диҳанд. Сотсиализми ӯ ҳарбикунонии меҳнатро тақозо мекард. Меҳнат бояд маҷбурӣ мешуд, чун талаботи асосии марксизм тақсимбандии одамон ба синфҳо будӣ.

Тротский маҳз чунин системаро мехост. Лек Сталин хубӣ мефаҳмид, ки оқибати ин сиёсати ғалат ба нобудии СССР меанҷомад ва зидди ин ақида баромад. Хулоса, солҳои 1920 дар аввалин кишвари Шӯроҳо 2 нерӯ-тарафдорони марксизми ғуломдории казармагӣ бо сарварии Тротский ва ҷонибдорони сотсиализми нисбатан мулоим бо сарварии Сталин, дар даргирии ашаддӣ миёни ҳам қарор гирифтанд.

 Маршалҳои сурх

Маршали СССР дар солҳои 1930 болотарин рутбаи ҳарбӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо буд. Пас аз он командарми дараҷаи I қарор гирифта буд. Ба диди бархе дар роҳбарияти олии ҳарбии СССР 5 маршали СССР, ки яке Тухачевский буд ва 5 командарми дараҷаи I вуҷуд доштанд. Дар рафти тозакунии артиш Сталин 3 маршал ва ҳар 5 командарми дараҷаи I-ро кушт. 3 маршал-Тухачевский, Блюхер ва Егоров дар натиҷаи поксозии АС дар солҳои 30 фавтиданд. 2 тани боқимонда-Ворошилов ва Будёный аз қудрат канор зада шуданд. На Ворошилов ва на Будёний пеш аз ҷанг вазифаҳоеро, ки аз фард таҷриба, ақл ва донишро мехостанд, ишғол намекарданд. Онҳо ҳеҷ дахле дар сиёсат надоштанд ва таъсире ба ҷараёни ҳаводис намерасониданд. Яъне пеш аз ҷанг Сталин ҳар 5 маршалро аз қудрат канор зад. Маршалҳои баъдӣ танҳо с.1940 пас аз ҷанг бо Финляндия дар АС пайдо шуданд. Инҳо Б.М.Шапошников, Г.И.Кулик ва С.К.Тимошенко ба шумор мераванд. Тибқи омори расмӣ Сталин дар солҳои поксозии АС наздик ба 40.000 генералро ба куштан дод. Бархе теъдоди аниқи рақамро 35.761 генерал гуфтаанд. Ба ин рақам боз 3000 қумандони флоти баҳриро ҳамроҳ карда, рақами 40.000-ро ба даст меорем. Яъне АС солҳои поксозӣ 40.000 генералро аз даст дод. Мисол, дар кулли артиши Англия 20 генерал вуҷуд дошт, аммо дар АС бошад 40.000 генерал кушта шудаанд. Теъдоди АС дар с.1937 1,1 млн. нафар буд. Агар воқеан дар АС 40.000 генерал мебуд, ба 27 сарбоз 1 генерал рост меомад. Ҳар 1 взвод генерали худро бояд медошт. Аз ин бармеояд, ки 40.000 нафар ҳамагӣ генерал набуданд. Балки афсарони дигар низ ба шумули ин теъдод дохил мешуданд.

С.1929 бо ташаббуси Тухачевский Раёсати марказии идораи механикунонӣ ва моторикунонии АС ва дар ҳайъати он аввалин полки механиконидашуда созмон дода шуд. Ин полк с.1930 ба бригадаи механиконидашуда табдил дода шуд, ки 110 тонки МС-1 ва 27 тӯп дошт. С.1932 дар ҳайъати АС якумин шуда дар ҷаҳон 2 корпуси механиконидашуда таъсис дода шуданд. Дар аввали с.1939 дар АС 4 корпуси тонкӣ вуҷуд дошт, лек тирамоҳи с.1939 баъди баррасии таҷрибаи ҷангии Испания роҳбарияти АС қарор дод, корпусҳои механиконидаро барҳам диҳад ва ин кор то с.1940 мутаваққиф шуд. Аммо ҳаводиси с.1940, хоса, фатҳи барқосои Фаронса аз ҷониби немисҳо ба василаи корпусҳои механиконидашуда дурустии ақидаи Тухачевскийро собит кард. Лиҳозо, тобистони с.1940 роҳбарияти олии АС бо сарварии маршал Тимошенко қарори қаблии худро бекор карда, ба таъсиси корпусҳои механиконидашуда идома дод. Бо ҳамин, дар оғози ҶБВ АС аз нерӯи зиёде бархурдор буд. АС яке аз бузургтарин нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷаҳон ва теъдоди умумии ҷанговарон 5,8 млн нафар буд. Аз ин теъдод 3,1 млн. ҷанговар дар марзи ғарбии кишвар мустақар буданд. Дар тонку тӯпу тайёра бошад, АС бар немисҳо ва иттифоқчиёнашон бартарӣ ҳам дошт. Аммо истифодаи дуруст аз дивизияҳои механиконидашуда ба немисҳо имкон дод дар давраи аввали ҷанг нерӯҳои шӯравиро ба муҳосира гирифта, торумор карданд ва вазъ вақте тағйир ёфт, ки корпусҳои механиконидашудаи СССР ба майдон оянд. Дар авохири ҶБВ АС аллакай дорои 14 корпуси механиконидашуда буд, ки 10-тоашон барои шуҷоат бо унвони "гвардиягӣ" сазовор шудаанд. 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter