ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 30 2019

24.10.1929. Панҷшанбеи сиёҳ дар Аврупо ва Амрико. Бузургтарин буҳрони иқтисодии дунё, ки ба суқути иқтисоди кишварҳои аврупоӣ мунҷар гардид. Аз ҳама бештар дар ин буҳрон Олмон зарар дид.

24.10.1935. Дар манораи Спасскии Кремли Маскав ситораҳои ёқутии сурх насб гардиданд. Ин ситораҳоро аз ёқути сурх дар ш.Днепропетровск сохта буданд.

24.10.1941. Артиши немисҳо дар рафти ҶБВ саввумин маркази бузурги индустриалии СССР - шаҳри Харковро ишғол намуд.

24.10.1960. Таркиши мушаки байниқитъавии балистикии Р-6 дар полигони Байконур. Дар натиҷаи ин таркиш 74 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо маршали асосии артиллерия Митрофан Иванович Неделин низ буд.

25.10.1977. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Табиби халқии СССР" ҷорӣ карда шуд.

26.10.1932. Роҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин нависандагонро "муҳандисони рӯҳи одамӣ" муаррифӣ кард.

26.10.1947. Дар СССР бузургтарин бадарғакунии оммавии аҳолии украин аз навоҳии Украинаи Ғарбӣ ба вуқӯъ пайваст.

27.10.1962. Буҳрони Кариб. Тайёраи ҷосусии амрикои U-2 болои Куба бо мушаки зиддиҳавоии шӯравӣ зада ғалтонда шуд. Сарнишини тайёра майор Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. Ин рӯз дар таърих бо "шанбеи сиёҳ" маъруф аст ва дар он ҷаҳон дар як ваҷаб аз ҷанги ҷаҳонии атомӣ қарор дошт.

Чоршанбе, Окт 23 2019

17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет ба кор шурӯ кард. Ин аввалин оператори мобилӣ дар ҳудуди СССР буд, ки кишварро ба шабакаи Интернет мепайваст.

18.10.1920. Дар бинои Хонаи матбуоти Маскав Анҷумани I-уми Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ баргузор, низомномаи иттиҳоди нависандагони пролетарӣ қабул ва Ассотсиатсияи Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ (ВАПП) таъсис дода шуд.

18.10.1921. Дар РСФСР декрети таъсиси мухторияти Қрим қабул ва Қрим чун мухторият вориди Русияи шӯравӣ шуд. С.1945 ба вилоят табдил дода шуд ва с.1954 Никити Хрушев онро ба РСС Украина ҳадя кард. Аммо Русия с.2014 дубора Қримро ба тасарруфи худ даровард.

18.10.1929. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари "К-5". Он якумин тайёраи мусофирбарии СССР буда, бо теъдоди зиёд истеҳсол мешуд ва то с.1940 тайёраи асосии ширкати Аэрофлот будӣ.

19.10.1918. Дар РСФСР Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволже таъсис дода шуд. Он баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳои Поволже табдил ёфт ва с.1941 аз ҷониби Сталин пароканда карда шуд.

19.10.1956.СССР бо Япония эъломияи муштаракеро қабул карданд, ки дар он гуфта мешуд, миёни 2 кишвар ҳолати ҷангӣ қатъ шуда, 2 тараф муносибатҳои дипломатиро барқарор мекарданд. Инчунин тибқи ин эъломия СССР баъди имзои созишномаи сулҳ, мебоист ҷазираҳои Хаобами ва Шикотанро ба Япония медод, аммо он имзо нагардид.

20.10.1929. Дар СССР КМ ВКП(б) расман коллективикунонии сартосарии хоҷагии қишлоқро эълон намуд. 

21.10.1917.Дар пойтахти Русия-ш.Петроград гарнизони ҳарбии шаҳр ба сӯи Кумитаи Муваққатии Инқилобӣ (ВРК) гузашт ва ин кори инқилоби болшевикиро осонтар намуд.

Чоршанбе, Окт 16 2019

10.10.1919.Антанта ва ИМА муҳосираи иқтисодии Русияи Шӯравиро эълон намуданд.

11.10.1922. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ воҳиди нави пулӣ - червонетс роҳандозӣ гардид.

11.10.1931. Дар СССР бо қарори ҳукумат савдои хусусӣ комилан манъ карда шуд ва савдогарӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо як кори зишт таъбир мешуд.

11.10.1961. Дар полигони Семипалатинскийи РСС Қазоқистон аввалин озмоиши зеризаминии бомбаи атомӣ анҷом дода шуд.

12.10.1924. Дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Украина Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд.

12.10.1958. Дар маҷаллаи "Ватандӯсти Шӯравӣ" (“Советский патриот”) бори аввал шиори "Нақшаҳои ҳизб - нақшаҳои халқ" роҳандозӣ шуд.

12.10.1960.Дар ассамблеяи 15-и СММ роҳбари СССР Н.Хрушёв бо кафши худ минбарро кӯфта, таҳдид кард, ки "модари Кузка"-ро ба "Ғарби пӯсида" нишон медиҳад.

13.10.1921. Имзои созишномаи Карск. Ин созишномаи дӯстӣ бо миёнаравии РСФСР миёни Ҷамоҳири Шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон бо Туркия ба имзо расид.

14.10.1962.Тайёраи ҷосусии ИМА дар ҳудуди Куба мушакҳои шӯравиро ошкор намуд. Маҳз бо ин ошкоршавӣ буҳрони Кариб оғоз гардид.

14.10.1964.Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии КМ ҲКИШ ва роҳбари кишвар интихоб гардид. Ӯ дар ин маснад Хрушёвро иваз кард. 

15.10.1964.Дар СССР бузургтарин хатти интиқоли нафт бо номи "Дӯстӣ" (“Дружба”) ифтитоҳ ёфт, ки нафти Сибири Ғарбиро ба Аврупо интиқол медод.

15.10.1970.Якумин ҳолати рабудани тайёра дар СССР, ки ба шакли густарда миёни ҷомеъа ошкор шуд. Падару писар Бразинскасҳо тайёраи "Аэрофлот" Ан-24 ро, ки дар хатсайри Сухумӣ-Батумӣ парвоз мекард, рабуданд. Ҷинояткорон ҳамроҳи парвоз (бортправодница) Надежна Курченкоро ба қатл расонида, тайёраро маҷбур карданд, ки дар ш.Трабзони Туркия ба замин фарояд.

Чоршанбе, Окт 09 2019

27.09.1940. Олмон, Итолиё ва Япония дар пойтахти Рейхи саввум-ш.Берлин зери эътилофе имзо гузоштанд, ки бо Паймон (пакт)-и сегона маъруф шуд.

27.09.1960. Дар СССР сохтмони манораи телевизионии Останкино оғоз шуд, ки баландтарин манораи телевизионӣ дар Аврупо ба шумор меравад.

27.09.1977.Чернобил, ки аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар РСС Украина буд, ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз кард. Он баъдан дучори садама шуд ва аз кор монд.

27.09.1990. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шомили Интерпол гардиданд.

27.09.1991. Дар Маскав Анҷумани XXII-и комсомоли ленинӣ (ВЛКСМ) ба кори худ сар кард. Дар ин Анҷуман масъалаи ягона "тақдири ВЛКСМ" мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қарор дода шуд, ба фаъолияти ин ташкилот хотима дода шавад.

28.09.1925.Дар СССР дастурамал бобати Милитсияи коргарӣ-деҳқонӣ қабул шуд.

28.09.1939. Артиши Олмонӣ дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2-ум пойтахи Полша-ш.Варшаваро тасарруф намуд. Худи ҳамин рӯз Олмон бо СССР миёни ҳам Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадотро ба имзо расониданд.

28.09.1943.Суди шаҳри Токио ҷосуси шӯравӣ Рихард Зоргеро ба қатл маҳкум кард. 

30.09.1928.Дар рӯзномаи "Правда" мақолаи Николай Бухарин "Қайдҳои иқтисодчӣ" ба чоп расид, ки сиёсати иқтисодии Сталинро зери суол мебурд.

Чоршанбе, Окт 02 2019

20.09.1990. РСС Украина Эъломияи соҳибистиқлолии худро қабул намуд.

20.09.1990. Ҷумҳурии мухтори Осетияи Ҷанубӣ эълон намуд, ки аз Гурҷистон ҷудо мегардад. Ин ҷудошавӣ ба ҷанги осетину гурҷӣ мунҷар шуд, ки яке аз аввалин ва хунинтарин даргирӣ байни миллатҳо дар собиқ СССР ба шумор мерафт. 

21.09.1920. Шӯрои Комиссарони халқии РСС Украина бо қарори худ, таълими ҳатмии забони украиниро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ намуд.

21.09.1949. Роҳбари коммунистони Чин - Мао Дзэдун кишварашро Ҷумҳурии Халқӣ эълон намуд.

21.09.1973.Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.

22.09.1921.Латвия, Литва ва Эстония ба Лигаи Миллатҳо (СММ) пазируфта шуданд.

22.09.1939.СССР ва Олмони фашистӣ сарҳадоти давлатии худро дар Полша тариқи рӯдхонаи Висла муайян карданд.

22.09.1991. Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ эълон карда шуд. Албатта ин мамнӯъият ҳамагӣ 1 рӯз идома ёфт ва 1 рӯз пас парлумони кишвар қарори мамнӯъияти Ҳизби коммунистро бекор ва Қадриддин Аслоновро аз мансабаш сабукдӯш кард. Ба ҷои Аслонов коммунист Раҳмон Набиев сарвари Тоҷикистон таъин карда шуд.

23.09.1922.Иосиф Сталин дар рафти муҳокимаи барпошавии СССР лоиҳаи худро, ки "мухторикунӣ" (автономизатсия) ном дошт, барои муҳокима ба ШКХ пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи ӯ ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ворид ва тобеъи РСФСР мешуданд. Аммо В.Ленин ин лоиҳаро рад кард ва СССР дар шакли дигар барпо карда шуд. 

23.09.1989.РСС Қазоқистон забони қазоқиро забони давлатии кишвар эълон кард.

Чоршанбе, Сен 25 2019

 

12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева, бо имзои 1 созишнома миёни ҳам иттиҳоди сиёсӣ таъсис доданд, ки бо номи “Антантаи Балтик” дар таърихнигорӣ маъруф шуд.

13.09.1953. Никита Хрушёв-котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

13.09.1968. Албания аз Ташкилоти Созишномаи варшава берун рафт.

14.09.1936.НКВД СССР дар машварати махфӣ қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, ки он ҷо ҷанги гражданӣ дар авҷ буд, барои кӯмак ба ҷумҳурихоҳони испанӣ фиристад.

14.09.1954.Артиши Шӯравӣ дар полигони ҳарбии Тотск, воқеъ дар вил.Оренбург, машқҳои ҳарбӣ дар шароити таркиши воқеии бомбаи атомӣ роҳандозӣ намуд. Дар ин машқҳо 45.000 афсару аскари шӯравӣ аз тамоми воҳидҳои артиш ширкат карданд.

14.09.1991.Роҳбарияти вақти РСС Ӯзбекистон Ҳизби коммунистро пароканда кард ва бо номи нав ба Ҳизби Халқӣ-Демократӣ табдил дод. Раиси ҳизби нав Ислом Каримов таъин шуд.

15.09.1833. Дар СССР, дар ш.Ленинград чекистон бо сарварии Генрих Ягода ҷамъияти ҳамҷинсгароёнро ошкор карданд. Ӯ дар навбати худ ин хабарро ба И.Сталин расонид. Ин ҷамъият бо "ҷамъияти педараст"-ҳо маъруф шуд ва ҳангоми баргузории амалиёт чекистон зиёда аз 150 нафарро қапиданд. 

15.09.1959.Оғози сафари 13-рӯзаи Никита Хрушёв ба ИМА. Хрушёв аввалин роҳбари Шӯравӣ буд, ки ба ИМА сафари расмӣ дошт.

16.09.1941.Нерӯҳои Артиши Сурх бо фармони қароргоҳи Сарфармондеҳӣ Олӣ ш.Одессаро тарк карданд. Он яке аз шаҳрҳои калидӣ дар ҷанубу-ғарби СССР буду бештари аҳолияш яҳудӣ. Ба самти Одесса нерӯҳои муттаҳидаи олмонӣ-руминӣ меҷумбид ва баъди рафтани аскарони сурх немисҳо Одессаро ба руминҳо доданд.

саҳ 2 аз 31

Китобҳо

Flag Counter