ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 02 2019


27.12.1917. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КИМ ва ШКХ қонуни назорати коргарӣ ба тасвиб расид.
27.12.1919. Дар шаҳраки Нижнеудинскийи Сибири Шарқӣ адмирал Колчак яке аз боризтарин чеҳраҳои муқовимати зиддиболшевикӣ ба ҳабс гирифта шуд. Болшевикон баъди чанде ӯро дар Иркутск ба қатл расониданд ва чорае ҳам ҷуз ин надоштанд. Яке аз содиқтарин пайравони ӯ, генерал Владимир Оскарович Каппел вақте фаҳмид, ки Колчак дар Иркутск асир шудааст, ба ёрии ӯ шитофт. Дар Сибири Шарқӣ зимистони қаҳратун ҳукмрон буд ва сафедҳо ба ин нигоҳ накарда, ҷониби Иркутск ҳаракат карданд. Каппел баъди чанде ҳангоми убури дарёи Кан бо асп зери ях фурӯ рафт ва 29 январ мурд. Аммо ин ҳам сафедҳоро боз надошт. Ба ҷои ӯ, генерал Войтсеховский фармондеҳ шуд ва артиши сафедӣ ҳаракати худро ҷониби Иркутск идома дод. Ахир, сармозадаву бемадор, ҳудуди 3-4 ҳазор аскари сафед 30 январ ба роҳи оҳан баромада, баъди истироҳати кӯтоҳ ба Иркутск ҳамла карданд. Набарди Иркутск яке аз шадидтарин даргириҳои ҷанги граждании Русия аст. Тарафҳо дар ин ҳарб ҳатто асир намегирифтанд. Билохира, сафедҳо хатти мудофиаи болшевиконро рахна карда, ба 7 км Иркутск наздик шуданд. Ба соати 12 фардои рӯзи дигар ҳуҷуми ҳалкунандаи Иркутск бояд сар мешуд, аммо чехҳои сафед ҳукумати болшевиконро дар Иркутск наҷот доданд.

Чоршанбе, Дек 26 2018


19.12.1946. Оғози ҷанги Фаронса дар Ветнам. Дар натиҷа, Ветнам ба 2 давлати мустақил-Ҷумҳурии демократии Ветнам бо пойтахташ дар Ханой ва Ҷумҳурии Ветнам бо пойтахташ дар Сайгон тақсимбандӣ гардид.
20.12.1935. Дар пойтахти СССР-ш.Маскав меҳмонхонаи "Маскав" ифтитоҳ ёфт. Он яке аз бузургтарин меҳмонхонаҳои шӯравӣ ба шумор мерафт ва меҳмонони хориҷии пойтахти СССР дар ин меҳмонхона ҷой дода мешуданд.
20.12.1938. Дар СССР бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуданд.
20.12.1944.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи илмҳои тиббии СССР таъсис дода шуд.

20.12.1991. Бо қарори ҳукумати Русия Бонки давлатии СССР барҳам дода шуд ва тамоми дороии он дар ҳудуди РСФСР ба ихтиёри Бонки марказии РСФСР (Бонки Русия) гузашт.
21.12.1940.Артиши Сурх аввалин намунаҳои силоҳи автоматӣ "пистолет-пулемёти Шпагин" (ППШ)-ро дарёфт кард. ППШ, ки аз ҷониби силоҳсоз Георгий Шпагин сохта шуда буд ва бо тири 7,62 мм таҷҳизонида мешуд, яке аз муваффақтарин силоҳҳои автоматӣ дар ҶБВ ба шумор мерафт.
22.12.1943. ШКХ СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро тасдиқ кард.
23.12.1947.Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР 1 январ рӯзи идона ва истироҳат эълон карда шуд.
24.12.1989. Анҷумани дуввуми вакилони мардумии СССР бо қарори махсуси худ вуруди нерӯҳои Артиши шӯравиро ба Афғонистон, ки моҳи декабри с.1979 иттифоқ уфтода буд, маҳкум кард.

Панҷшанбе, Дек 20 2018


14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарорри махсуси ШКХ тамоми бонкҳо дар қаламриви кишвар миллӣ кунонида шуданд.
14.12.1918. Дар Украина гетман Павел Петрович Скоропадский аз қудрат сарнагун карда шуд. Ӯ яке аз чеҳраҳои пушти парда мондаи сиёсатмардони украинист. Фарзанди заминдори калони губернияҳои Полтава ва Чернигов буд ва ин оила яке аз доротарин дар Украинаи пешазинқилобӣ буд. Павел олитарин таҳсилоти ҳарбиро дар Русияи подшоҳӣ гирифта, аллакай дар ҷанги русу япон дар с.1904 фаъолона ширкат варзид. Майи с.1905 аллакай ба вазифаи адютанти Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи пиёданизом ва баҳрӣ, ки алайҳи Япония меҷангиданд, генерал Н.Линевич таъин шуд. Дар ҷанги русу япон соҳиби 6 орден, аз ҷумла, “Аннаи муқаддас” ва аслиҳаи тиллоии "Барои шуҷоат" шуд. С.1912 императори рус ӯро соҳиби рутбаи генерал-майор гардонида, вориди "Аҳли рикоб"-и худ кард. Гетман дар ҷанги ҷаҳонии 1 низ ба ҳайси генерали ҷангӣ ширкат карда, дар оғоз ба полки савора фармондеҳӣ мекард. С.1915 фармондеҳи дивизияи 5-и савора таъин карданд. Баъди 2 сол ӯ корпуси 34-и савораро сарварӣ намуд. Августи с.1917 бо маслиҳати Карнилов ҳайъати миллии корпуси худро тағйир дод.

Чоршанбе, Дек 12 2018


2.12. 1917. Финляндия соҳибистиқлолии худро аз императории Русия эълон намуд.
6.12.1925. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ-СССР нерӯгоҳи барқии Шатурск ба истифода дода шуд. Ин нерӯгоҳи барқӣ номи Ленинро гирифта, он шабу рӯз бузургтарин нерӯгоҳи торфӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёфт.
6.12.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Сарқонуни нав қабул карда шуд. Ин 2-умин Сарқонун дар СССР буд ва Сарқонуни Сталинӣ унвон гирифт. Тибқи ин Сарқонун дар Иттиҳоди Шӯравӣ Шӯрои Олӣ ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон карда шуд.
7.12.1919. Дар Русияи Шӯравӣ ба 6 театри қадимтарини рус (Театри Калон, театри Хурд, Театри Тасвирӣ дар Маскав, Театри ба номи Александров, театри Мариинский ва Михайловский дар Петроград) унвони театри Академӣ дода шуд.
7.12.1941. Ҳуҷуми артиши японӣ ба базаи ҳарбии амрикоиҳо дар Пёрл-Харбор. Бо ин ҳуҷум японҳо вориди Ҷанги ҷаҳонии дуввум гардиданд ва СССР низ аз хатари ҳуҷуми самурайҳо ба манотиқи шарқии худ эмин шуд.
7.12.1988. Заминларзаи сахт дар Арманистон. Ин заминларза, ки бо шиддати 6,9 балл бо ҷадвали Рихтер ба вуқӯъ пайваст, шаҳрҳои Спитак ва Ленкорани Арманистонро ба харобазор табдил дод. Спитак комилан нобуд ва Ленкоран бошад 80% вайрон шуд.

Чоршанбе, Дек 05 2018


29.11.1920. Дар Русияи шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди когаронашон аз 10 нафар зиёд буд, миллӣ кунонида шуданд.
29.11.1941. Немисҳо дар деҳаи Петришевои назди Маскав яке аз тахрибкорони шӯравӣ Зоя Анатолевна Космодемянская ба дор овехтанд. Ӯ аъзои гурӯҳи тахрибкории фронти Ғарбӣ ба шумор мерафт. Ин гурӯҳ мебоист тибқи фармони №0428-и Иосиф Сталин "Оид ба сӯзонидани ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин дар ақибгоҳи душман" 10 деҳаро дар назди Маскав ба оташ мекашид. Зоя ҳангоми оташ задани чанд хона дар деҳаи Петришево ба дасти немисҳо афтида, бераҳмона ба қатл расонида шуд. Ӯ аввалин зане гардид, ки дар рафти ҶБВ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардонида шуд.
30.11.1939. Оғози ҷанги Шӯравӣ бо фин. Нерӯҳои фронти Ленинград дар гарданаи Карел ба ҳуҷум мегузаранд ва Лигаи миллатҳо бошад СССРро таҷовузгар хонда, аз ҳайати худ хориҷ мегардонад.
30.11.1979. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаҳои назорати халқӣ ҷорӣ гардонида шуданд.
2.12.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ фаъолияти тамоми бонкҳои хориҷӣ дар қаламрави РСФСР мамнуъ эълон карда шуд.
2.12.1956. Фидел Кастро бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш дар музофоти Ориентаи Куба ба хушкӣ фуруд омад ва муборизаи мусаллаҳонаро алайҳи ҳукумати Батиста оғоз намуд. Ин рӯз дар Куба чун Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Чоршанбе, Нояб 28 2018


22.11.1934. КИМ СССР ва ШКХ СССР дастуруламал оид ба Комиссариати халқии мудофиаро ба тасвиб расонид. Комиссариати нав тавассути ба ҳам омадани Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода шуд.
23.11.1955. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР "манъи исқоти ҷанин (аборт)" бекор карда шуд. Тибқи қарори нав, ҳар зан худ масъалаи модар шуданро мебоист ҳал мекард ва агар мехост сиқти ҷанин мекард. Ин қонун то ба имрӯз ҳам дар бештари ҷамоҳири собиқ Иттиҳод амал мекунад.
25.11.1918. Розике Швиммер фаъоли зидди ҷанги (патсефист) венгерӣ, сафири ин кишвар интихоб карда шуд. Ӯ аввалин сафири зан дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ гардид.
25.11.1926. КМ ВКП(б) қарор оид ба сохтмони Днепрогэсро ба тасвиб расонид. Он яке аз бузургтарин сохтмонҳои индустриалии СССР гардид ва дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Замони ҶБВ онро хароб ва баъди ҷанг дар зарфи муддати кӯтоҳ дубора бунёд карданд.

26.11.1942.Миёни ҳукумати СССР ва намояндагони ҳукумати дар муҳоҷират будаи Фаронса созишномае ба имзо расид, ки тибқи он дар ҳудуди СССР дастаи ҳавоии фаронсавӣ созмон дода шавад. Ин даста баъди чанде ба полки ҳавоӣ табдил ёфт ва бо номи "Нормандия-Несан" дӯшодӯши ҳавонавардони шӯравӣ бо немисҳо меҷангид.

саҳ 10 аз 32

Китобҳо

Flag Counter