ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 26 2018


19.04.1943. Дар СССР Раёсати асосии зиддиҷосусӣ "Смерш" таъсис дода шуд. "Смерш" (Смерть шпионам), ки марг ба ҷосусон тарҷума мешуд, ба яке аз ниҳодҳои қудратманд дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфта, худиву бегона аз он ҳарос доштанд.

20.04.1933. Дар СССР аввалин китоб аз маҷмӯаи "Зиндагиномаи одамони аҷоиб" ба нашр расид. Ин маҷмӯа дар нашриёти "Гвардияи ҷавон" бо ташаббуси Максим Горкий роҳандозӣ гардид ва яке аз беҳтарин маҷмӯаҳои китобӣ дар собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт. Аввалин китоби маҷмӯаи мазкур китоби "Генрих Гейн" гардид.

Чоршанбе, Апр 18 2018


12.04.1918. Дар РСФСР Декрети Шӯрои Комиссариати Халқӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он тамоми ҳайкалҳои хонадони шоҳӣ ва ходимони низоми собиқ барканда, ба ҷояшон ҳайкалҳои ходимони Инқилоби сотсиалистӣ насб гарданд.

12.04.1919. Дар Маскав, дар истгоҳи роҳи оҳани "Москва-Сортировочная" аввалин шанбегии коммунистӣ доир шуд. Дар ин шанбегӣ роҳбарияти ҳизби болшевикӣ, аз ҷумла, раиси ШКХ Владимир Ленин ширкат варзиданд.
12.04.1949. Дар шаҳри Маскав сохтмони бинои асосии ДДМ (МГУ) оғоз гардид. Бинои мазкур дар кӯҳҳои Воробёви Маскав сохта шуда, яке аз зеботарин биноҳои пойтахти СССР ба шумор мерафт.

Панҷшанбе, Апр 12 2018


5.04.1930.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори КМИ СССР орденҳои Ленин ва Байрақи Сурх таъсис дода шуданд. Ордени Ленин дар он шабу рӯз олитарин мукофоти СССР маҳсуб меёфт ва бо он шаҳрвандони шӯравӣ барои хизматҳои шоён дар ҳаракати инқилобӣ, дӯстӣ миёни халқҳо ва дигар хизматҳо дар назди давлати Шӯравӣ қадр мешуданд.

Панҷшанбе, Апр 05 2018


29.03.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо фармони Комиссариати халқии мудофиа Академияи ҳарбии ҳайати қумандонӣ-новбари (штурмовик)-и Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ (ВВС) таъсис дода шуд. Академия ҳайати фармондеҳии нерӯҳои ҳавоиро тайёр мекард ва аз с.1968 ба Академияи ҳарбӣ-ҳавоии ба номи Ю.Гагарин тағйири ном кард.

Панҷшанбе, Март 29 2018


21.03.1917. Дар Русия оилаи Романовҳо ба ҳабс гирифта шуд. Қарори ҳабси шоҳро Шӯрои петроградии коргарон ва аскарон ба Ҳукумати муваққат пешниҳод намуд. Дар сурати радди ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати муваққат, Шӯро тасмим гирифт худсарона Николайи 2-ро ба ҳабс бигирад. Билохира, шоҳ ва аҳли оилааш ба ҳабс гирифта шуда, ба Таболск бадарға шуданд ва баъди 1 сол аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуданд.

21.03.1919.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Венгрия. Ин ҷумҳурӣ муддати зиёд давом накард ва аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи румин сарнагун карда шуд.

Душанбе, Март 26 2018


13.03.1964. Бо қарори раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ Вазорати бехатарии давлатӣ (МГБ) ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) тағйири ном кард.
13.03.1970. Сарвари КГБ-и СССР Юрий Владимирович Андропов фармон дод, ки ҷасади Адолф Гитлер ва Паул Йозеф Геббелс-2 раҳбари асосии Рейхи саввум махфиёна дар шаҳраки ҳарбии Магдебурги Олмони шарқӣ дафн карда шуда буданд, нест карда шаванд.

саҳ 13 аз 29

Китобҳо

Flag Counter