ХАБАРИ ДОҒ

Аз тавлиди самбо то хитоби ГенСек

  • Ҷумъа, Нояб 17 2017


16.11.1938. Кумитаи умумииттиҳодии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо фармони худ тарзи гӯштини "самбо"-ро яке аз беҳтарин васоили мудофиавӣ ва нодиртарин намуди варзиш эътироф кард. Ин рӯзро метавон рӯзи таваллуди "самбо" муаррифӣ кард. Дар РСС Тоҷикистон аввалин ҷаҳонпаҳлавон дар ин риштаи варзиш Саидмуъмин Раҳимов гардида буд.
16.11.1972. Ширкати амрикоии "Пепсико" барои фурӯши маҳсулоташ "Пепси-кола" и маъруф дар СССР иҷозатнома дарёфт кард ва 1 соли баъд ин нӯшокии амрикоӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо низ фурӯхта мешуд. Дар иваз СССР ба ширкати "Пепсико" ҳуқуқи фурӯши арақи "Столичний"-ро дар ИМА дод.

17.11.1941.Дар СССР Фармони Сарфармондеҳии олии кишвар таҳти №0428 рӯи чоп омад. Тибқи он нерӯҳои Артиши Сурх мебоист тамоми маҳалҳои аҳолинишинро дар ақибгоҳи душман оташ мезаданд.
17.11.1960. Дар шаҳри Маскав Университети дӯстии халқҳо ифтитоҳ ёфт. Соли 1961 ба он номи Патрис Лумумба-ходими сиёсии чапгарои Конго дода шуд ва он солҳои тӯлонӣ ба яке аз асоситарин марказҳои таълиму тарбияи коммунистони ҷавони хориҷӣ табдил ёфт. Ҳукумати Русия с.1992 номи донишгоҳро тағйир дод ва исми Лумумбаро аз он гирифт.
18.11.1956. Никита Хрушев-роҳбари СССР дар аввалин мулоқоташ бо ҳайъати дипломатии амрикоӣ дар Маскав ба дипломатҳои амрикоӣ хитоб карда гуфт: "Мо шуморо зери хок мекунем!".
19.11.1942. Оғози амалиёти Уран. Ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Сталинград. Дар рафти ин ҳуҷум нерӯҳои асосии армияи 6-и фелдмаршал Паулюс дар Сталинград ба муҳосира гирифта шуданд ва баъди муқовимати бенатиҷа ахир таслим шуданд. Ин бузургтарин шикасти артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ ба шумор меравад.
20.11.1945. Дар Нюрнберги Олмон мурофиаи судии роҳбарони Рейхи 3-ум бо ширкати намояндагони СССР, Англия ва ИМА доир шуд. Дар рафти он 24 роҳбари олии Рейхи 3 баъзе ба қатл ва баъзе ба зиндони тӯлонӣ маҳкум шуданд.
20.11.1962. Иттиҳоди Шӯравӣ розӣ шуд, тайёраҳои бомбаандози худро аз Куба барорад ва дар ҷавоб ИМА муҳосираи баҳрии ҷазираи озодиро қатъ кард.
21.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ монополияи давлатӣ ба савдои дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Акнун касе ғайр аз давлат ҳақ надошт чизеро ба фурӯш барорад. Ин иқдом боис шуд, сиёсати "коммунизми ҳарбӣ" дар аввалин кишвари Шӯроҳо ҷорӣ гардад.
21.11.1941.Ба нерӯҳои Шӯравӣ муяссар шуд тавассути кӯли Ладога ба Ленингради “асир”-уфтода роҳи мошингардро боз кунанд. Ин роҳ аз болои яхи кӯли Ладога мегузашт ва танҳо дар зимистон боз буд. Сокинони шаҳр онро "Роҳи ҳаёт" ном ниҳода буданд ва дар ҳақиқат он ҷони мардуми зиёдро наҷот дод.

М.Салимшо

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter