ХАБАРИ ДОҒ

Чаро дуои бобои Талабшо нагузашт?

  • Ҷумъа, Сен 15 2017


Ёд дорам, яке аз донишмандтарин ва калонсоли деҳаи мо шодравон Талабшоҳ Алиев-иштирокчии ҶБВ ва маҷруҳи ҷанг, ҳангоми сура хондан ин дуои некро мегуфт: «Илоҳо, парвардигорам дар кишвар мулки амон, нархи арзон, баракат дар хонадонро зиёд намоед…». Боре ҳангоми сурахонии бобои Талабшо, ки дар ҳамсоягии мо мезист, дӯстам, шодравон Бӯрихон Амиров-узви ИЖТ охири асри гузашта, котиби рӯзномаи «Роҳи Ленини»-и собиқ вил.Кӯлобро ба ӯҳда дошт, бо шӯхӣ эрод гирифта гуфт: «Бобои Талабшоҳ, намедонам, аз чӣ бошад, ки доимо ҳангоми фотиҳахонӣ «мулки амон, нархи арзон» мегӯяду ҳеҷ не, ки нархҳо арзон шаванд. Баръакс нархҳо бо суръат хеста истодаанд». Воқеан, охирҳои солҳои 1980 фалаҷшавии СССР оғоз ёфта буду сол то сол нархҳо афзоиш меёфт. Ҳоло бошад шукронаи офаридгорро мекунем, ки дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони биҳиштосои ман тинҷу ободу зеботар шуда истодааст, ки ин боиси ифтихори кулли тоҷикистониён аст. Аммо нархҳо чӣ? Боиси таассуф аст, ки дар ҷумҳурӣ даҳҳо сохтору идораҳои давлатӣ фаъоланду ягонтои онҳо қобилияти зери назорат ва ба танзимдарории нархҳоро надоранд.


Ҷаббор Раҷабов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter