ХАБАРИ ДОҒ

Чӯпонҳоро чӣ хел ғорат мекунанд?

  • Чоршанбе, Март 20 2019


Салом, СССР! Мо-чӯпонҳои хоҷагии Тебалайи н.Муъминобод 1 мушкили иҷтимоӣ дорем. То ин дам ба тамоми масъулини ноҳиявӣ муроҷиат карда, ягон натиҷа надидем. Мехоҳем аз раҳбарияти хоҷагии Тебалай пурсида шавад, ки дар с.2014 аз чанд сар барра даромад шудааст? Зеро солҳои 2015, 2016, 2017, 2018 аз мо сари ҳар баррае 350 сомонӣ талаб мекарданд… Мо дар мавзеи Олимтой 9 сарчӯпон будем. Агар ҳар сарчӯпон 150 барра даромад мекард, ҳисоб кунед, ки аз 350 сомонӣ чӣ қадар пул ҷамъ мешавад. Ин ҳама барраҳо дар 3 ферма ҷойгир буд. Агар 3 ферма 4-5 ҳазор сар барра дошта бошад, ҳамаро мефурӯхтанд ва дигар касе намедонист, маблағҳо куҷо мерафту чӣ мешуд. Болои ин, ба мо маош намедоданд ва ба ҳар баҳона аз гӯшту пӯст мегардонданд. Хӯроки гарму сару пӯшок, коҳу донагӣ намедоданд. Ин дар ҳолест, ки хоҷагии Олимтой 575 га замини кишт дорад. Ҳамаи маблағро ба суди худ истифода мебаранд. Аз с.2012 Мирзошо Пӯлодов сарзоотехник шуд. Ӯ ҳамроҳи хусураш Зубайд Неъматов ҳар сол пас аз бозгашти мол аз айлоқ мошини худро бо иномаркаҳо иваз мекарданд. Аламовараш дар ин аст, ки ба 1 сарчӯпон ҳар баҳор 300-400 мол дода, моҳи ноябр пурра нобуд мекарданд. Боз аз соли нав 300-400 мол медоданд. Хулоса, дар 3-4 сол 4-5 ҳазор сар мол нобуд мешуд. Ин қадар пулу чорво куҷо шуд? 34-35 кашарро бо заминҳояш ба мансабдорон додаанд. Дар хоҷагии мо беш аз 200-300 нафар коргар буду 200-300 оила бо ризқу рӯзӣ таъмин. Раҳбарони нав ҳамаро нобуд карданд. Натанҳо мо-коргарҳоро фиреб доданд, балки дар буҷаи давлат зиёни калони молӣ расониданд. Дар кашари фермаи №3 чанд сол боз Халифаев Мирзо сарчӯпонӣ мекард. Бегматов Сафар-сарбухгалтери хоҷагӣ ӯро аз кор пеш карда, ба кашар ва заминҳои мавзеъ соҳиб шуд.

Шарифхон Почоев, Муъминов Саидабдулло, Давлатов Шомурод,
тел: 900-88-14-47, 918-30-90-59, 985-48-14-04, н.Муъминобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter