ХАБАРИ ДОҒ

Маошро не, нафақаро зиёд кунед

  • Чоршанбе, Март 27 2019


Муҳтарам намояндагони мардумӣ! Қаблан барои ба нафақа рафтан 2 соли охири корӣ кифоя буд, вале Қонун дар бораи нафақа аз оғози с.2017 амал намуда, 2 соли охирро нею 20 соли охирро гирифт. Аз ин қонун собиқадорон умеди калон доштанд, аммо афсӯс, ки нафақапулӣ хеле кам шуд. Ба ҷои он ки сатҳи зиндагии нафақахӯрон сол ба сол каме ҳам бошад беҳ шавад, якбора бад шуд. Нарху навои бозорҳо рӯз то рӯз хестан дорад, лек сатҳи зиндагии аксари нафақахӯрон поён. Фаромӯш набояд кард, ки вақте шахс бо 45-50 соли собиқаи бенуқсони кор ба нафақа мебарояду маблағ ба зиндагӣ басанда нест, ба ҷавонон бетаъсир намемонад, чунки онҳо низ ояндаи худро фикр мекунанд. Лиҳозо, бояд нафақапулӣ қаноатбахш бошад, то ки ҷавонон бо дили гарм кор кунанд. Онҳо низ рӯзе ба нафақа мерасанд. Ба гуфти масъулон касе ба нафақа баромадаасту боз кор мекунад, маошаш зиёд мешаваду нафақааш не. Аксари нафақахӯроне, ки ҳоло кор мекунанд, дар он фикранд, ки аз маош дида нафақапулиро зиёд мекарданд, хубтар мебуд. Вақте ҷойро ба ҷавонон холӣ мекунанд, ягона даромади зиндагиашон нафақапулии ночиз мемонаду халос. Аз ин рӯ, аз шумо намояндагони мардумӣ эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба ин масъалаи муҳим муфассал равшанӣ андозед. Зеро Шумо метавонед!

Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter