ХАБАРИ ДОҒ

Левакант: рамзро рост кардем!

  • Чоршанбе, Май 12 2021

Дар рӯзномаи бонуфуз ва серхонандаи СССР чанде пеш маводе бо сарлавҳаи «Левакант: таҳқир ба рамзи миллӣ?» чоп шуд, ки ин албатта Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Левакантро нигарон намуд.

Чун мо дар остонаи 30-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бояд ин ҷашни фархундаи миллиро бо дастовардҳои арзанда ва омодагии ҳамаҷониба истиқбол гирем. МИҲД-и ш.Левакант низ тасмим гирифтааст, ки то ҷашн 1 қатор корҳои созандагию ободониро бо сокинони шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми ташкилоту муассисаҳо роҳандозӣ намояд. Хабарнигори рӯзномаи СССР дар маводаш нигоштааст, ки муддати 6 моҳ дар яке аз симчубҳои шоҳроҳи Бохтар-Левакант рамзи миллӣ Нишони давлатӣ чаппа часпонда шуда буду касе онро надид ба ҷуз худи ӯ. Ҳол он ки бо ин роҳ чандин меҳмонҳои олиқадр омаданду рафтанд. Онҳо дақиқан ба ҳар 1 гӯша таваҷҷуҳи махсус мекарданд ва касе то ҳол дар ин бора чизе нагуфта буд.

Дар ин бора хабарнигори рӯзномаи СССР дар нишасти хабарии солонаи раиси шаҳри Левакант, ки 15.02.2021. баргузор гардид, посух гирифта буд, ки аз нимашаби 13.02.2021 бо сабаби торикии шаб кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию комуналӣ»-и шаҳр, дар ҳақиқат рамзи Нишонро  чаппа часпонида буданд,  вале 14.02.2021. тақрибан соатҳои 13 то 14 ин камбудӣ аз тарафи кормандони корхонаи мазкур ислоҳ карда шуд. 

Зарина Давлатзода, раиси ш.Левакант

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter