ХАБАРИ ДОҒ

Фархор: мизу курсихои мактаб он қадар кӯҳна нестанд

  • Чоршанбе, Май 19 2021

Бахши фарҳанги МИҲД н.Фархор ба маълумоти шумо мерасонад, ки мақолаи танқидии «Фархор-ҳоли табоҳи мактаби мусиқӣ» (Таваралӣ Авсақолов) №10 (651) аз 11.03.2021 санаи 17.03.2021, дар маҷлиси васеъи кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуд. Бояд иттилоъ дод, ки мактаби бачагонаи санъати н.Фархор соли 1973 таъсис дода шуда, шомили бахши фарҳанги ноҳия мебошад.

Дар мактаби номбурда 19 нафар омӯзгорон ба 278 нафар  хонандагон сабақ меомӯзонанд. Аз ҷумла, 8 нафар омӯзгорон бо маълумоти олии соҳавӣ ва 11 нафар бо маълумоти миёнаи махсус соҳаи санъат фаъолият доранд. Дар мактаби мазкур аз рӯи ихтисосҳои фортепиано, маҳорати актёрӣ, таблаку доира, ғижак, санъати рассомӣ, най, ҳунарҳои мардумӣ, таърихи санъат ва рубоби қошқарию прима таълим дода мешаванд. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки 4 филиали мактаби мазкур дар деҳот амал менамоянд, ки дар онҳо беҳтарин омӯзгорон ба шогирдон сабақ меомӯзонанд.

Мактаби мазкур ба бинои мувофиқ, яъне ҳамагӣ 750 метр дуртар аз марказ кӯчонида шуд. Масоҳати умумии ҷойгиршавии мактаб 17 сотих буда, бино аз 12 синфхона иборат ва дар ҷои мувофиқ мебошад, яъне дар шафати меҳмонхонаи ҳукумат ҷойгир аст. Аз хусуси он, ки гӯё бинои мактаб фарсуда буда, тирезаҳояш  аз бинои кӯҳна (почтаи замони советӣ) оварда насб гардидааст, ягон асоси воқеӣ надорад. Дуруст аст, ки мизу курсиҳо ва асбобҳои мусиқӣ кӯҳнаанд, вале на ба он тарзе, ки муаллифи мақола ба қалам додааст. 

З.Манонзода, мудири бахши фарҳанги МИҲД н.Фархор   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter