ХАБАРИ ДОҒ

«Меҳмонҳои нохонда»-и беморхонаи шаҳрӣ!

  • Чоршанбе, Дек 01 2021

 

Салом ба ҳафтаномаи СССР-и мардумӣ! Чанде пеш ҳамсарамро бо сабаби беморӣ ба маркази тиббии №3 шаҳри Душанбе маъруф ба «Ожоговый» бурдем. Бояд қайд намоям, ки беморхона дар шароити бади санитарӣ қарор дорад! Ҳоло аз таъмирталаб будану палатаҳои фарсуда бо деворҳои рехтаву сақфи вайронаи утоқи хоби беморон, ки метарсӣ ҳамин ҳоло сарат меафтад, чизе намегуям. Мушкили даҳшатнокаш ин аст, ки махсус дар шуъбаи ҷароҳии эндокринӣ ва фасодию-септикӣ, ки ҳамсари ман он ҷо бистарист, тамоми ҷой аз таракан пур шудааст-дар назди кати беморон тараканҳо баҳузур «сайру гашт» мекунанд. Магар шуъбаи зиддифасодӣ бояд ҳамин хел бошад?

Аслан беморхона аз ин навъ ҷондорҳо бояд тоза карда шавад, ин ҷо беморони захмию вазнин хобанд, мабодо нисфи шаб ба гӯши беморон ҳашароте дарояд чӣ? Худи беморон барои таскини худ аз шароит мегӯянд, қубурҳои гармдиҳӣ, ки ҳаст тараканҳо дар гирди он ҷамъ мешаванд. Тавре медонем таракан дар ҷойҳои ифлос пайдо мешавад. Магар масъулони беморхона ҳади ақал дезинфексия намекунанд? Ва ин ҳам дар шароите, ки имрӯз вируси сироятии COVID-19 бароямон ҳар лаҳза хатар дорад…

Ҷамолиддини Абдураҳим,

н.Шоҳмансур

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter