ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 04 2020

 

Соли оянда аз замони ба дасти хонанда расидани романи ҳаҷвии  “Сагузашти Сафармахсум” 50 сол пур мешавад. Дар ёд дорем, ки   муаллифони ин асар Ҳабибулло Назаров ва Ҷалол Икромӣ баъди чопи роман, бо обрезии муҳаққиқону ҷонибдорону мухлисон  ба осиёби баҳс доир ба кӣ будани муаллифи асосӣ талоши доманадоре баргузор шуда буд.

Ба муҳтавои баҳсҳо наздик нашуда қайд карданием, ки ин асар бо тарзи баён ва қабл  аз ҳама бо самаранок истифода бурдани эҷодиёти шифоҳии халқу ба садои дили мардум наздик буданаш  асари рӯйи дастии бисёриҳо гашта буду дар тӯли ним аср ин ҷаззобияти  худро аз даст надодааст.

Ҳамагон огаҳанд, ки дар идомаи  сужаи ин роман ва саргузашти қаҳрамони он асари Ҷалол Икромӣ “Сафармахсум дар Бухоро” иншо гардид. Мазмуни пйесаи Ато Ҳамдам, ки дар асоси мазмуни ин асар навишта шудаю ба саҳна гузошта шудааст, дар озмунҳои байналхалқӣ соҳиби ҷоизаҳо гардид. Ҳарчанд дар бисёр мавридҳо номи кашшофи нахустину асосии  образи  Сафармахсум аз сатри варақаҳою эълонҳо афтида буданд, симои қаҳамони асарро  дар ин ним аср хонандаю тамошобин ва ашхоси  шунида бо табассум ва хушҳолӣ пеши назар меорад, бо номи ӯ латифаҳо мебофанд.

  Пас, Сафармахсум чӣ гуна симо буд? Офаридаи адиб (адибон) ё шахси воқеӣ ва ё симое, ки бо истифода аз ному лаҳзаҳои    саргузашти он ва  дар асоси эҷодиёти бойи даҳонии халқро офаридаанд? Яъне Сафармахсум гуфтанӣ одам буд ё   онро сохтанд?

Дар як суҳбат устоди азиз, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев таъкид карда буданд, ки нависанда образу воқеаро аз ҳаёт мегирад. Адиб ба ҳодисае, чи кӯчаку чи калон шоҳид мешавад, дар пеши назараш рух медиҳад, аз байни анбӯҳ симоеро мебинад ва дар офаридани ғояи асараш  онро маъқул мешуморад ва дар атрофи ҳамон воқеаю симо ҳунари баёнгарии худро ба намоиш гузошта, онҳоро пурра кардаю мувофиқи мақсадаш тағйир додаву иловаҳо карда асарҳо меофарад.

Ин гуфтаҳои устод ҳақиқати ҳол ва дар талаботи қонунияти илми адабиётшиносӣ аст. Аз ин рӯ, баъди мутолиаи асари  “Сагузашти Сафармахсум” ҳар як хонанда ба худ савол медиҳад, ки оё чунин шахс дар воқеъ дар ҳамон давра буд ё не? Мо ҳам ин саволро пайгирӣ мекардем ва ба он ҷавоб меҷустем  Албатта, медонистем, ки ин образ типпӣ аст, барои нишон додани як гӯшаи ҳаёти иҷтимоии пурмуаммо ва наҷиби замони ибтидои асри гузаштаи халқи тоҷик дар Бухорои Шарқӣ бо усули танзу ҳаҷв иншо шудааст.  

 

Султонмурод Одина,

адиб,

 Корманди шоистаи Тоҷикистон

 

Чоршанбе, Окт 28 2020

 

Б.Ғафуров аз соли 1956 то охири умраш директори Институти шарқшиносии АУ СССР буд. Тадқиқоти олим асосан дар се самт: омӯзиши таърих ва вазъияти ҳозираи ҳаракати миллии озодихоҳии халқҳои Шарқ, сиёсати 

миллии ленинии КПСС, таърихи халқҳои Шарқ ва пеш аз ҳама давраҳои қадим ва асримиёнагии он ҷараён ёфтааст. Ӯ дар ин солҳо чандин мақола, маҷмӯаҳо, ҳуҷҷату дастурҳо интишор намуд, ки ба масъалаҳои инқирози системаҳои мустамликадории империализм ва ташаккули давлатҳои ҷавони мустақили Осиё ва Африка бахшида шудаанд.

Муҳаббат ба Қуръон ва орзуи тавофи Каъба

Падару модари Бобоҷони хурдсол нисбати тарбияи хуби ӯ диққати калон медоданд ва онҳо ҳамчун шахсони босаводу бофарҳанг аз рӯи таълимоти китобӣ рафтор менамуданд. Аз ҷумла, ба фарзанди калонӣ таълимоти хуби диниро низ дода буданд.

Ман 7-уми апрели соли 1990 бо хоҳари калонии Б.Ғафуров-Тоҷинисо Ғафурова сӯҳбати тӯлоние доштам. Дар аснои сӯҳбат, аз ҷумла, гуфтанд, ки модарам Бобоҷон-акаамро бо ояти Қуръон таълим медод. Ва то охири умр бародарам ҳамчун мусулмон ба китоби муқаддастарини мо-Қуръони маҷид муҳаббати бепоён доштанд.

Ҳамин эътиқоду муҳаббати Б.Ғафуров ба китоби мусулмонон Қуръон буд, ки баъди сарвари пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР шудан (соли 1956), аввалин кӯшиши эшон ҳарчӣ тезтар ба чоп омода кардани Қуръон шуд. Сониян, Б.Ғафуров чун фарзанди мусулмон, аз хурдӣ адо кардани ҳамаи панҷ рукнҳои мусулмониро медонисту риоя мекард. Ва яке аз онҳо тавофи Каъбаро сидқан ва самимона мехост. 

Нахустин ҳоҷӣ-академик-коммунист

Инак, соли 1974 ба ӯ имконият мешавад, ки барои зиёрати хонаи худо Макка ва Мадина ба ҳаҷ равад. То академик Б.Ғафуров ҳеҷ намояндаи мусулмонони шӯравӣ ва ҳеҷ як донишманд ва замоне котиби аввали ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ба ин сафари ҳаҷ нарафта буд. Профессорон З.П.Хоҷаев, Ю.Б.Исҳоқӣ ва дигарон рафтаанд, аммо на тариқи расмӣ. 

Пеш аз сафари ҳаҷ Б.Ғафуров моҳи маи соли 1974 ба сари қабри модар, ба ш.Душанбе омада, сурае аз Қуръон қироат намуд. Ин гӯё як фотиҳаи модар ба писар ба ин сафари муборак буд. Бобоҷон Ғафуров соли 1974 сафари муборакро дар Арабистони Саудӣ аз ш.Ҷадда оғоз мекунад. Подшоҳи онвақтаи мамлакат Файсал Абдулазиз ас-Саудшоҳ эшонро қабул мекунад. Яке аз аввалин суоли шоҳ ин буд, ки «Оё Шумо Каъбаро тавоф карданиед?» «Оё коммунистон ба ин эътиқодманданд?» ва дигар чизҳоро пурсид.

Б.Ғафуров, ки аз Қуръон бохабар буд, бадоҳатан ҷавоб дод:

- Каъбаро тавоф кардан, пеш аз ҳама шарт аст, ҳазрат. Ҳар фарде, ки худро мусулмон мешуморад, бояд аз ҳақиқати ислом бохабар бошад. Мо, ки алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастем, бояд вазифаи мусулмониро аз худ кунем ва аз рӯи нишондоди он амал намоем.

Дар ин сӯҳбат бо шоҳ Файсал Б.Ғафуров ояте аз сураҳои Қуръон оварда, илова мекунад, ки ҳеҷ пирӯзӣ бе дӯстиву рафоқат даст надодааст. Дар ин ҷо ҳадиси ҳазрати пайғамбар алайҳиссаломро оварда гуфтааст: 

«Мӯъминон дар дӯстӣ ва раҳму шафқат монанди як ҷисманд, узве агар ба дард ояд, ҳамаи узвҳои дигар низ дард мекашанд. Мо бояд мамлакатҳои бо ҳам тифоқ бошем, сулҳу салоҳро сиёсати хирадмандонаи худ донем. Каъба, хонаи худо, муқаддастарин ҷои мусулмонони олам аст. Ман, ки фарзанди мусулмон ҳастам, тавофи Каъбаро аз овони ҷавонӣ сидқан ва самимона мехостам. Вале нуқси поям имконият намедод, ки рукни муқаддасотро иҷро намоям. Ҳоло ҳам дар андешаам, ки бо ин пои ланг дар ин синну сол чӣ тавр ҳаҷ мекунам. Оё бо ин пой ба кӯҳи Арафот мебаромада бошам?»

Аз ин сӯҳбат, аз ин ҷавобҳои пурмаъно ва хирадмандонаи Б.Ғафуров 

шоҳ Файсал ба ваҷд омада, як луқмае мепартояд:

- Воаҷабо, агар коммунистон ин хел мӯътақиди дини ислом бошанд, сад офарин!

Баъд шоҳ ба Б.Ғафуров рӯ оварда мегӯяд: - Барои Шумо аробаи дучарха пайдо мекунем ва ба аробача мешинед ва ҳаҷро адо мекунед. Рӯзи дигар зиёрати Каъбаро карданд, баъд ба Миною Муздалифа ва кӯҳи Арафот рафтанд.

Зиёрати ҳаҷ-бақои дӯстии СССР ва Арабистони Саудӣ

Баъди зиёрати Каъба шоҳ Файсал аз сари нав Ҳоҷӣ-академик Б. Ғафуровро қабул кард. Дар ин сӯҳбат Ҳоҷӣ Бобоҷон тавассути китобҳои хондаи худ аз рӯи «Таърихи Табарӣ», «Таърихи масъудӣ»-и Байҳақӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд оид ба таърихи дини ислом, ҳаёти Муҳаммад-Расули худо нақл мекунад. Яъне аз маълумотҳои аз китоби ниёгон ва махсусан модари босаводи худогоҳаш гирифтааш дар ин сафар кор дод. 

Барои Б.Ғафуров ҳаҷ на фақат ибодат, балки як анҷуманест, ки тамоми мусулмонони олам дар он ҷо мусоҳиб мешаванд. Устод чун донандаи хуби Қуръон аз сураи «Бақара» ояти 196 огоҳ буд, ки мегӯяд: «Аъмоли ҳаҷ ва умраро барои худои мутаол ба поён расонед». Аз ин ҷост Ҳоҷӣ-академик Б.Ғафуров зимни ин сафари муборак ҳамаи шартҳои асосию муҳими ҳаҷро ба ҷо овард. Аввалан, Каъбаро зиёрат карда ба хондани дуои «Лабайка Оллоҳума лабайк», яъне дуои талбия ҳафт маротиба онро тавоф намуд.

Баъди он, санги сиёҳ, ки онро Ҳаҷаруласвад меноманд, мебӯсад, аз чашмаи Зам-зам оби муқаддас менӯшад ва ҳафт маротиба байни теппакӯҳи Сафо ва Марвро ба хотири он, ки Ҳоҷар-завҷаи Иброҳим алайҳиссалом дар атрофи он ҷойҳо дар ҷустуҷӯи об давутоз намуда буд ва аз рӯи ривоятҳо кӯдак пайдо шуда буд, метозад. Б.Ғафуров дар хонаи худо чун марди поку некхоҳ қадам мегузорад. 

Аксари мо расми дар Каъбатуллоҳ гирифтаи устод Ҳоҷӣ-академикро дар либоси эҳром дидаем. Он рӯзҳои дар либоси эҳром будан Б.Ғафуров худро чун хушбахттарин фард меҳисобид. Ӯ дид, ки ҳамаи эҳромбастагон бародарони моанд ва ваколату намояндагии маънавии моро ба дӯш доранд. 

Сипоси Андропов

Баъди ду-се рӯзи баргаштани Б.Ғафуров аз Маккаю Мадина рӯзе занги утоқи кориаш баланд мешавад. Аён аст, ки занги ҳукуматӣ. Аз он тараф садо меояд, ки ҳозир раиси кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ)-и СССР Ю.В.Андропов дар тамос мешавад. Академик Б.Ғафуров ҳайрон мешавад, ки чӣ гапу чӣ коре бошад, ки худи Раиси амният гап мезадааст? Баъди салому алейк ва ҳолпурсӣ Ю.В.Андропов гуфтааст:

- Офарин Бобоҷон Ғафурович, шумо бо сафари Макка зиёрати худро ҳамчун мусулмон адо карда, бо ин ба мустаҳкамию дӯстии ду давлат мақоми калон гузоштед.

Оре, Б.Ғафуров ҳам сиёсатмадору дипломат, ҳам сарвари хирадманд, ҳам олими нуктадон ва ҳам мусулмони ба имон буд.

 

Усмонҷон Ғаффоров, с.1999

 

 

Чоршанбе, Окт 21 2020

 

Рӯзҳои 15-17 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Рӯдакии ш.Хуҷанд Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» баргузор хоҳад гашт. Ҳамоиши илмӣ ба 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуда, тибқи барнома 15 октябр маросими гулгузорӣ дар  пояи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ баргузор гардида, гурӯҳи меҳмонон турбати Камолро зиёрат ва аз хона-музейи шоир боздид менамоянд. Инчунин дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш пешкаши иштирокдорони симпозиум гардонида мешавад.

16 октябр дар Кохи Рӯдакӣ симпозиуми байналмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Дар баробари сухани табрикии иштирокдорони симпозиум, инчунин суханони табрикии видеоии донишмандони камолшинос аз давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Франсия, Германия, Покистон, Ҳиндустон ва Туркия манзури иштирокдорон гардонида мешавад. Пасон Симпозиуми байналмилалии «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ду бахш идома хоҳад ёфт. Дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ донишмандон дар мавзӯъҳои «Истиқлолият ва заминаҳои тасҳеҳи бунёдии ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Мактаби адабии Камоли Хуҷандӣ», «Маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар баёни матлаб», «Камоли Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек», «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар барнома ва китобҳои дарсӣ», «Мақоми шоирии Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳиши А.Афсаҳзод», «Мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ», «Нуфузи шеъри Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тотор», «Андешаи миллӣ ва афкори ватандӯстӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ» ва ғайра маърӯза мекунанд.

Дар доираи симпозиум барномаи фарҳангӣ ва фестивали шеъру сурудҳо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ шоу-барномаи ҳунармандони ҷавони вилоят доир карда мешавад.

 

«Ҳабдаҳ чаман» бо 8 забон

Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наве бо номи «Ҳабдаҳ чаман» аз тариқи нашриёти «Хуросон» дар вилояти Суғд  ба  нашр расид. Дар китоби мазкур тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва 17 гуфтор дар бораи ӯ бо 8 забон ҷой дода шудаанд. 

Китоби «Ҳабдаҳ чаман»  бо ташаббуси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз чоп баромада, мураттибони китоб Баҳром Раҳматов ва Фирӯза Қодирова мебошанд. Тарҷумаи ғазалиёт ба забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ ва чинӣ бори аввал бо дархосту супориши МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» сурат гирифтааст.

Инчунин, бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти “Ношир”-и ДДХ 3 китоби нав ба нашр расонид.

Китоби аввал “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” унвон дошта, аз  маҷмӯи мақолоти олимони ватаниву хориҷӣ дар бораи рӯзгор ва осори Шайх Камоли Хуҷандӣ иборат мебошад. Дар китоб мақолаҳо ва тадқиқоти пурқимати донишмандони фақид, чун устод Садриддин Айнӣ, Азизи Давлатободӣ, Саъдулло Асадуллоев  ва дигар муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ гирд оварда шудаанд. Китоб аз 640 саҳифа иборат буда, зери назари  доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва дар таҳияи адабиётшинос Саидумрон Саидов нашр шудааст.

Китоби дувум бо номи «Камол Худжанди в России: Исследования и переводы» низ бо ташббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода нашр шуд, ки дар таҳияи он профессор Матлубаи Мирзоюнус ва адабиётшинос Субҳон Аъзамзод заҳмат кашидаанд. Китоб аз ду бахши бузург иборат аст. Дар бахши аввал маҳсули пажӯҳишҳои ховаршиносони маъруфи рус роҷеъ ба Камоли Хуҷандӣ-Е.Э.Бертелс, И. С. Брагинский ва дигарон фароҳам омадаанд, ки аз арзишмандтарин асарҳо дар ин заминаанд.

Дар бахши дувум тарҷумаҳои ғазалиёти шоири бузурги тоҷик аз ҷониби тарҷумонҳои хушсалиқа А. Адалис, В. Звягинтсева, В. Потапова, И. Селвинский, Я. Козловский ва М. Синелников ба забони русӣ ва асли тоҷикиашон ҷой дода шудаанд.

Китоби сеюм  “Тӯҳфаи ҷон” ном дошта, зери назари Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона ба табъ расидааст. Дар китоб 40 ғазали шоир аз ҷониби муҳаққиқон Бадриддин Мақсудов, Равшани Ҳамроҳ, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султон ва Баҳром Раҳматзод шарҳ шудааст. 

 

Чоршанбе, Окт 14 2020

Пас аз таъсиси дастаи ҳунарии фолклориву этнографии «Ганҷина»*, соли 1987, ансамбл барои муаррифӣ ва ғанӣ гардондани хазинаи филармония ба шаҳру навоҳии собиқ вилояти Кӯлоб ба сафари ҳунарӣ баромад. 

Шаҳраки Москва, ҳозира маркази ноҳияи Ҳамадонӣ. Дар саҳнаи мудаввари болокушода барномаи ҳунарии «Ганҷина» ҷараён дошт. Дар миёнаҳои барнома навбати бадеҳаи «Куҷо будӣ Секинак?» дар иҷрои ҳунармандон Тоҳир Тоҳиров (домоди Гадопанҷсади Кангуртӣ, арӯс набераи мӯйсафед – У. Ш.)  ва Зебо Ризоева фаро расид.

Қабл аз оғози ин ҳунарнамоӣ, дар фосила солисти даста Чилахон Холов дид, ки Тоҳир 6 номгӯй ҷиҳозе, ки дар суруд истифода мегардид: сурма, усма, тоқӣ, кафш, рӯймол ва куртаро бо тартиб гузошта, канор рафт.

Ҳуши ҳама ба саҳна буд. Чилахон зуд аз либосовезак поҷомаи занонаеро гирифта, хушрӯ ба ҷои курта таҳ карда монд.

Ровӣ эълон кард: бадеҳаи «Секинак», дар иҷрои… Ва суруд оғоз ёфт.

Зебо:

- Куҷо будӣ Секинак?

Тоҳир:

- Бозор будам ширинҷон.

Зебо:

- Чиҳо – чиҳо овардӣ?.. 

Тоҳир бо навбат ҷиҳози аз бозор харидаашро сурудхонон ба маъшуқааш нишон медод. Навбат ба курта расид. Тоҳири аз оламу одам бехабар бо завқ «курта» - ро аз бағал берун кашида, «…бозор будам ширинҷон… куртаи… овардам» суруда буд», ки Зебо қарақасти ханда бардоштаву шармида ба пушти саҳна гурехт.

Мухлисон чунон қарс заданд, ки мусиқӣ аз зарби доду ғирев тамоман шунида намешуд. Ҳамҳамаи кафкӯбӣ паст намешуд. Мардум ҳамоно механдиданду механдиданд. Тоҳир ҳайрон мобайни саҳна куҷо рафтанашро намедонист. Ҳич сарфаҳм намерафт, ки онҳо барои чӣ механданд. Ниҳоят, чашмаш ба «курта» - и дасташ расид, фаҳмид, ки чӣ гап шудааст. Ӯ низ ба ханда даромад ва почаи эзор дар даст хандазанон саҳнаро тарк гуфт…

Устод Зафар Нозим он шомгаҳӣ бо дӯсти деринаш Қурбон Зардаков дар шаҳри Кӯлоб дами беғам мезад. Ҳунармандон пас аз консерт ба қароргоҳи муваққатии хеш, ба шаҳри Кӯлоб баргаштанд. Маддоҳе қазияи онрӯзаро ба Зафар Нозим расонд. Устод ба таҳқиқ ва дарёфти «гунаҳкор» пардохт. Аммо бенатиҷа… 

Бо гузашти чанд рӯз, сари нишасти чортание Чилахон аз сарояндагони машҳур ва ҳаводорони воқеии ноҳияи «Московский» ёдовар гашт. Пас ба «гуноҳаш» иқрор ва ба таҳсини устод: «Ҳа, ҷонша Чилахон» мушарраф гардид. 

 

Умари ШЕРХОН

12.5.2020

_________________

*Таъсиси «Ганҷина» - соли 1986

 

Чоршанбе, Окт 07 2020

   

Чанд рӯзи ахир дар шабакаи ичтимоии Фейсбук дар мавриди Зардушт ва дину оини зардуштӣ байни журналисти шинохта Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва онҳое, ки аз таърихи дину ислом фарсахҳо дуранд, баҳси ҷиддӣ ба по хест. Мо тасмим гирифтем барои маълумоти бештар додан ба хонандагон дар бораи Зардушт ва дину оини он фишурдае аз матлаби Комрони Далер, яке аз муаллифони доимии газетаро нашр кунем.

Аксари мардум медонанд, дар дунё 5 дини барои пайравонаш машҳуру муқаддас мавҷуд аст. Инҳо динҳои зардуштӣ-дини аҷдодони Тоҷикон, Яҳудия-дини қавми ҷуҳудон, Буддоия-дини ҳиндувон, Масеҳия (насрония) дини пайравони Исо, дини Ислом-дини арабҳо (мусулмонҳо). Ҳар кадоме аз ин динҳо ба якборагӣ пайдо нашуда, балки давраҳои дурударози муайяни таърихиро аз сар гузаронидааанд. 

Барои ба вуҷуд омадани дини зардуштӣ на кам аз 3-4 ҳазор сол аз давраи пешдодиён то ба пайдоиши китоби «Авесто» лозим омад. Таърих бо гузашти забону алифбои ниёгонамон-Ориёиҳоро ба пуррагӣ тағйир доду мо забони ҳаммиллатони гузаштаи худро намефаҳмем. 

Дини давлатӣ

Дар ҳаёти одамӣ ва ҷамъиятӣ пеш аз пайдоиши дини Зардуштӣ динҳои қавмӣ, маҳаллӣ ва гурӯҳии алоҳидаи гуногун ҷой доштанд, ки пайравони онҳо ба қувваҳои табиат итоат ва саҷда мекарданд. Яке офтобу дигаре моҳтоб, яке ситораю дигаре ҳайвонот ва ғайраҳоро мепарастиданд.

Дар ҳолате, ки дар оғоз мардум ақидаҳои Зардуштро қабул надоштанд, ӯ назди шоҳ Виштасп рафт, он ба Виштасп маъқул омада, динро писандид. Ба мардуми кишвараш амр намуд, ки дини зардуштиро қабул кунанд ва бо ҳамин дин дини давлатӣ шуда, Зардушт паёмбар эълон гашт. Зардуштиҳо барои худ офаридгор муқаррар карданду ӯро Аҳуро Маздо, яъне «Ҷаноби оқилу доно» номиданд. Ӯ қувваи олӣ ва асосии дин буда, ба мардум некию хушвахтиҳоро меоварад. Тарафдори қувваи бадию душманӣ бошад, ин Аҳримани бадбахт мебошад. Миёни қувваҳои некию бадӣ мунтазам мубориза мерафт.

Митра-Меҳр, Хуршед

Дар Зардуштия 6 Амшеспентаҳо (ба қавли арабҳо «Фариштаҳо») мавҷуданд, ки вобаста ба намудҳои (соҳаҳои) гуногуни амалиётҳои ҳастӣ кор мебаранд. Масалан, ба соҳаи ҳайвонот Геншурван, ба заминдорӣ Суруш вобаста буданд.

Ба Аҳуро Маздо Язатҳо ёрӣ мерасонанд. Масалан, Язати аввал ин Митра аст. Ӯро Худои Офтоб ва ғалаба меноманд. Митра (Миҳр, Хуршед) ҳамоне аст, ки дар байни мардумони юнонзамин ва гирду атрофаш бо ҳамин ном медонандаш. Дар Зардуштия худоҳои борону обу алаф, фаровонҳосилӣ ва ғайраҳо мавҷуд буданд.

Дар бисёр ҳолатҳо тоҷикон калимаҳои деҳхудо, нохудо ва мисли инҳоро истифода мебаранд, ки онҳо маънои калимаи «Худоро» намедиҳад.

Ба андешаи ман вақте арабҳои ҷоҳил ва биёбонӣ форсзаминро забт карда, динамонро барҳам заданд, аз бадбинию душманӣ номи Офаридгори оламамонро тағйир доданд, то ки он дар байни одамон аз гуфтугӯй барояд ва ӯро  «Худо» ном ниҳоданд. 

Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек

Дар Зардуштия Худоҳои бисёре мавҷуд мебошанд ба монанди: Аши-худои тақдир ва бахт, Худои Вайу-оид ба шамол ва марг, Вата-худои борон, Арштар-худои ростӣ ва ҳақиқату  адолат, Раман-худои тинҷиву оромиш, Чисти-худои дониш ва боз чандин худоҳои дигар. Инҳо асос медиҳанд ба хулосае омад, ки ин худоҳо офаридгор нестанд, балки аз гурӯҳи азатҳоянд, ки ба офаридгор мадад мерасонанд. 

Мавзеъҳо ва дарёҳое, ки дар китоби «Авесто» ёдовар шудаанд, ба он далолат мекунанд, ки сарзамини ориёиҳо ва пайдоиши дини Зардуштия дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон ҷойгир будаст. Дар Зардуштия Яздони (худои) Атар (оташ) мақоми махсусе дошт. Парастиши оташ ҳамчун рамзи нури беохир дар Замин боиси оташпарастӣ ном гирифтани зардуштиён (ориёиҳо) гардид. Таълимоти Зардуштӣ аз заҷида иборат, ки онҳо андешаи нек, сухани (гуфтори) нек ва аъмоли нек иборат мебошанд.

Асоси ҳама динҳо якест!

Ҳамдиёрон ва рӯҳониёни муҳтарам, агар ин навиштаамро беғаразона хонда бошед, маълуматон гардид, ки тамоми динҳои ҷаҳонӣ-яҳудӣ, ҳиндуҳо, насрониҳо ва арабҳои Исломӣ асос ва сарчашма аз дини аҷдодони қадимаи Тоҷикон-Ориёиҳои Зардуштӣ гирифтаанд ва дар ин ягон шакку шубҳае ҷой надорад. Агар шумо ба сохторҳои ташкилии динҳо аҳамият диҳед мебинед, ки ҳама як рангу як зайл аст:

Офаридгор: Яҳво, Вишнаю Кришна, Бог ва Оллоҳ. Дар ҳама динҳо паёмбарон- Мусо, Буддо, Исо ва Муҳаммад ҳастанд. Барои ҳама динҳою паёмбарон китобҳо, Таврот, Типитака, Инҷил ва Қуръон фиристода шудаанд. Дар ҳама динҳо қазою қадар, насибаю тақдир, қудрати офаридани Оллоҳ Инсону оламро, ризқу рӯзӣ, ба охир расидани дунё, пули сирот, биҳишту дузах, боғи Фирдавс ва ғайра нишон дода, ба ғайри баъзе тағйиротҳо дигар ҳама аз Зардуштия рӯбардор карда шудаанд.

Оллоҳ дар китоби Қуръон ба паёмбар Муҳаммад (а.с) амр додааст, ки «Қуръонро бароят ваҳӣ фиристодам, то онро ба мардуми Макка ва шаҳру деҳаҳои атрофи он бифаҳмонӣ, онҳоро аз азоби охират битарсонӣ». Дар бораи ба дигар мамлакатҳо ҳамла оварда, ҷанг кардан ва Исломро ҷорӣ кардан чизе гуфта нашудааст. 

Дар китоби Қуръон навишта шудааст, ки Оллоҳ динҳои Яҳудӣ, насронӣ ва исломро ба вуҷуд овардааст. Китобҳои Таврот, Инҷил ва Қуръонро офаридааст. Мӯсо, Исо ва Муҳаммадро ба паёмбарӣ расондааст ва мусулмонҳоро зарур аст ба ин ҳама Имон оваранд. 

Ман оиди динҳо ва китобҳою паёмбарону офаридгарон (парвардигорҳо) ба таври хело мухтасар навиштам. Шояд пайдо шаванд касоне, ки дар ин масъалаҳо васеътар, пурратар ва ба далелҳои таърихӣ такя намуда нависанд.

 

Комрони Далер, ш.Бохтар     

   

                                                                                                                                                                                                                       

      

 

 

 

Чоршанбе, Сен 30 2020

Имрӯзҳо гурӯҳҳои мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дур аз Ватан аз минбарҳои баланд ҷор зада мегӯянд, ки гӯё сабаби ба ДИИШ шомил шудани бархе аз ҷавонон аз бесаводӣ ва маҳдуд кардани омӯзиши дини ислом аз ҷониби Ҳукумат бошад. Аввалан ин ки Ҳукумат ба омӯзишу эътиқоди динии мардум ягон монеа эҷод накардааст. Баъдан чунин савол пеш меояд, ки воқеан ҳам мухолифин зоҳиран мусалмони қавӣ буда, вале ҳадаф чӣ бошад, ки онҳо на дар кишварҳои мусалмоннишин, балки дар кишварҳои ғайримусалмоннишин маскан гирифтаанд? Фикр мекунам мухолифин кӯшиши ғасби Ҳукуматро доранд. Мабодо сари Ҳукумат оянд (чунин қудрат надоранд), бо кадом кишварҳои мусалмонӣ тақлиду пайравӣ мекарда бошанд, Ироқ, Сурия ё Афғонистон? Оё метавон гуфт, ки дар замони ҷаҳоншавӣ пешрафти техникаю технология танҳо бо омӯзиши динӣ мардум куллан босаводу бомаърифат гардида, илму техника ва ҷомеа рушд кунад?

1 блогери тоҷик бо номи Абдураҳмон 09 дар баромадҳояш пайваста зикр мекунад, ки «Алҳамдуллилоҳ аввал мусалмонем ва баъд тоҷик». Аввал тоҷикем ва баъд мусалмон, бояд гуфт. Магар онҳо аз таърихи дин, аз таърихи тоҷикони тамаддунофар огаҳӣ надоранд? Вақте тоҷик вуҷуди ҳастиву дини худро дошт, дар бораи дини ислом ҳатто тасаввуроте набуд. Пайдоиши исломро ҳамагӣ 1400 сол шудаасту халос. Ин  гуна беэҳтиромию нодидагириҳо нисбати тоҷики тоҷдори бостонӣ таҳқири маҳз аст. Мухолифи режими Ҳукуматҳо дар тамоми давлатҳои дунё ҳаст, вале ба воситаи интернет, ки тамоми ҷаҳон онро мешунаванду тамошо мекунанд, мусалмон нисбати мусалмон таҳқиру дашномҳои қабеҳ доданро раво мебинад, магар ин мусалмонист? Боз шарм накарда, ҷор мезананд, ки аз ҳама дини поку беолоиш ин дини ислом асту халос.

Аз ин рӯ, аз сиёсатмадорони асил хоҳиш карда мешавад, ки ба ин суолҳои сиёсӣ равшантар ва муфассалтар бо факту далелҳои мушаххас посух гуянд, то ки мардуми қаторӣ низ бархурдор шаванд.

Табаралӣ Авсақолов, 

н.Фархор

 

саҳ 25 аз 83

Китобҳо

Flag Counter