ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 17 2019

   КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ТАЛКО тасмим гирифтааст боғи марказии ш.Кӯлобро навсозӣ намуда, то 9.09.2019 онро пас аз таҷдид ба истифода супорад.

   Тавре ба мухбири мо аз дафтари матбуоти раиси ш.Кӯлоб хабар доданд, айни замон 200 нафар коргарони маҳаллӣ дар сохтмон ва таҷдиди боғи мазкур ширкат карда, дар он сабзонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва сафолакпӯшӣ намудани роҳравҳо ҷараён дорад. То имрӯз 60% корҳо ба анҷом расидааст. 

   Боғи марказии ш.Кӯлоб 15 га масоҳат дошта, таҷдиду азнавсозии он тӯҳфаи арзандаест барои сокинон ва меҳмонони шаҳр дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоияти давлатии ҶТ.

 

 

 

Ҷумъа, Июл 05 2019

 Дар 2 боғи фарҳангиву фароғатии пойтахт-ба номи С.Айнӣ ва А.Дониш ду минтақаи озоди Интернет таъсис дода шудааст. Ҳамакнун, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ аз ин минтақа, ки бо Интренети баландсуръат таъмин карда шудааст, истифода бубаранд.

   Чунин имконотро барои сокинон ширкати Мегафон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати ш.Душанбе фароҳам овардааст.

 

 

Панҷшанбе, Июн 20 2019

   Шоми 21.06.2019 дар майдони 800 солагии Маскав, саҳни Театри опера ва балети ба номи с.Айнӣ барномаи калони фарҳангӣ баргузор мешавад, ки он ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ- (Fête de la Musique)-Ҷашнвораи Диҷейҳо бахшида шудааст.

    Чуноне ки ба мухбири мо дар Маркази фарҳангии «Бохтар» хабар доданд, барномаи иҷроӣ дар саҳни театри мазкур аз соати 18:00 то соати 22:00 идома хоҳад ёфт. Ҷашнвора тавассути Маркази Фарҳангии Бохтар ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гашта, даромад озод аст.

 

 

Чоршанбе, Июн 19 2019

 

Шарифхони Тағоймурод-журналисти маскуни ш.Маскав, ки ба ватан баргаштааст, дар саҳифааш бонги изтироб зад, ки:

-Ҳой, мардум! Ҳафтаи гузашта, чанд рӯзамро сарф карда, ба зиёрати мазори Султон Увайси Қаранӣ ба н.Ховалинг рафтам. Вале дар газетаи СССР хондам, ки ин бузургвор дар ин ҷо гӯронда нашудааст. Пас, ман киро зиёрат кардам? Кӣ ба ман ин моҷароро шарҳ медиҳад?

Аз СССР: Воқеан ҳам аксарияти мазороти Тоҷикистон мазорҳои ифтихориянд, яъне дар онҳо ягон бузургвори ислом хоб нест. Мазори ифтихорӣ ин аст, ки мардуми мухлиси ин бузургворон, ки имконияти зиёрати қабри ишонро дар қораи Араб надоштанд, инҳоро бунёд кардаву тавоф мекарданд. Дар мазҳаби мо, зиёраташон қабул буд. Зимнан аз Шумо низ қабул аст! 

Дар ин бора чанд шумора аст, ки Ҳотам Асозода дар газетаи мардумии СССР менависад. Матлаби зер низ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Мо Метавонем!

 

Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мӯсо Ризо с.845-847 дар Мадинаи мунаввара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хонаводаи онҳо баъди чанд муддати зиндагӣ дар Мадина ба шаҳри Сомаррои Ироқ мекӯчанд. Муаррихон сабаби аз Мадина ба Сомарро тағйир додани макони иқоматро дар он дидаанд, ки эътибору шӯҳрат ва мақоми Ҳодӣ-падари Ҳасан, рӯз ба рӯз афзудан гирифт ва ин ҳолат ба халифа писанд намеомад ва ягона роҳи дар муҷодала нашудани худро бо халифа дар кӯчидан дид. Ӯ баъди 10 соли ба Сомарро омаданашон аз дунё гузашт. Тибқи васият ӯро дар хонае, ки мезист, ба хок супурданд. 

Номи дигари ш.Сомарро Мадинат-ул-аскарӣ буд, яъне онро шаҳри аскарҳо мегуфтанд. Дар ин шаҳр аскарони халифа иқомат доштанд. Ҳатто худи халифа дар ин шаҳр макони иқомат дошт. Калимаи аскарӣ дар номи Ҳасан ҳамчун ишорае ба макони зист илова шуд. Дар сарчашмаҳо номи модари Ҳасани Аскариро Савсан меоранд. Бархе аз маъхазҳо Ҳадиса гуфтаанд. Мутаассифона, дар бораи модари Ҳасан маълумоти аниқе мавҷуд нест.

 

Мазори Имом Ҳасани Аскарӣ куҷост?

Имом Ҳасан с.873-874 мелодӣ дар синни 28-29 солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Баъди вафоти ӯ дар Бағдод овозае паҳн шуд, ки имом баъди истеъмоли таоми заҳролуд фавтид. Дарвоқеъ, мухолифони хонадони Пайғамбар (с) ба ҳар кор қодир буданд. Баъди вафот ҷасади ӯро дар хоки Ироқ ба хок супориданд. Ва писари 5-солаи ӯ Муҳаммад (лақабаш Маҳдӣ)-ро ба маснади хилофат интихоб карданд. Бо вуҷуди он ки Имом Ҳасан имоми 11-уми аҳли ташайюъ аст, байни пайравони аҳли тасаннун маҳбубияти хос дорад. Ҳатто аз рӯи ихлоси баланд болои кӯҳи баланди н.Ш.Шоҳин (Шӯробод)-и вил.Хатлон маконеро бо номи ин шахси фозил мақбараи Имом Аскарӣ ном гузоштаву ба зиёратгоҳ табдил доданд. 

 Мардуми зиёд тобистону тирамоҳ болои кӯҳ баромада, вориди ғоре мешаванд, ки дохилаш назди чашмаи мусаффо қабри хоксоронае ба чашм мерасад. Ва ин қабрро ба Имом Ҳасани Аскарӣ нисбат дода, зиёрат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонон ҳангоми зиёрат дар сӯрохии кӯҳи торик дуқат шуда, тахмин 30 метрро тай карда, то қабри ифтихориие, ки Имом Аскарӣ нисбат дода шудааст, мерасанд. Ҳини вуруд ба дохили ғор аз болои сари зоирон чакраҳои оби мусаффо мечаканд. Аҷобаташ ин аст, ки аз ғор берун шудан замон дар либос осоре аз чакраҳои борон мушоҳида намешавад.

Ҳотам Асозода

Махсус барои СССР

 

Ҷумъа, Июн 14 2019

Шоми 13.06.2019 Асадулло Сӯфиев аз олами сифлӣ бибридаву бар олами улвӣ васл гардид. Ҷанозаи марҳум дар масҷиди Сари Осиёи пойтахт, дар намози Ҷумъа баргузор мегардад. Худо раҳмату мағфират кунад. Омин!

Факултаи филологияи Тоҷики Университети Давлатии ба номи В.И.Ленин (баъдан ДДМТ) чанд шоҳсутун дошт:

-Профессорон Тоҷиев, Асрорӣ, Ҳусейнзода, Маҳмуд Давлатов, Хаскашев, Эргаш Шоев, Асадулло Сӯфиев, Раҳими Мусулмониён...

Бо шунидани номи шарифи устод Сӯфиев ханда бар лаб беш аз 70.000 хатмуттаҳсилини ин факулта дар тӯли 69 соли ахир, ҳатман қиссаи мазкурро пеши назар меоранд, ки боре ӯ ба нишони эътироз ба профессор Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ гуфта буд:

-Асрорӣ! Ғазалро на ту дониву на ман!!!

Ӯ ғаввосе буд, ки дар такхонаҳои андешаи миллат фурӯ мерафт ва дурдонаҳои фолклор ҷамъовар менамуд. Хидмате, ки профессор Асадулло Сӯфиев барои эҷодиёти даҳонии халқ-фолклор кардааст, шояд дар 1000 соли баъдӣ касе карда натавонад. 

Бо тамомии лаҳҷаҳои Тоҷикистони азиз сӯҳбат мекард ва ту гӯӣ зодаи ҳамон деҳаву қишлоқ аст. Рубоиву дубайтиҳои ҳама маҳаллаҳои Тоҷикистонро бо диалекти вежаи ҳамон маҳалла месуруд...

Даҳҳо ҳазор шогирд тарбият кардааст. Бо бовар метавон гуфт, дар тӯли 70 соли ахир тамомии филологҳои мо шогирди ӯ буданд ва ҳама дӯсташ медошт. Зеро чӣ будани “тағо”, “через”, ришваву фасодро усулан намедонист!

Коммунисти поквиждон ва матинирода буд. То лаҳзаҳои ахир бар ормонҳои Марксу Энгелсу Ленин содиқ монд...

Соли 1992, вақте Ҳукумат дар дасти оппозитсияи исломӣ буд, бо устод, дар хонааш сӯҳбате доштам, ки баъдан дар газетаи “Тоҷикистон” (сардабираш Насрулло Асадуллоев) бо номи “Мо ҳатман ба сотсиализми сталинӣ бармегардем” нашр шуд. Дар ана ҳамон шабу рӯзи муҳлик, ки таассубгароёни исломӣ дилхоҳ муддаиро мепарронданд, устод сарҳетан “қозии мусалмонони ҷумҳурӣ, Тӯраҷонзода, Сайид Абдуллои Нурӣ, Шодмон Юсуф” ва ҳама дастандаркорони табаддулоти давлатиро сахт танқид кард. Ин кор дар он соли пурдаҳшат заҳраи Шер талаб мекард, ки устод онро дошт!

Ҳамон сол, Сӯфиев ягона интеллигент буд, ки ба парлумони кишвар зада даромад, минбарро ба даст гирифт ва сӯи аҳли толор гуфт:

-Ватанро нафурӯшед. Шуморо садқаи сухани ҳаққ кунад! 

Ва баромада рафт. Ҳини баромадан афзуд: 

-Сари кишварро мехӯред...

Хеле нотарс ва муҳимтар аз ин ИНСОН бо ҳарфи бузурге буд. Садҳо саҳифа камӣ мекунад, то 1 сифати устодро ин ҷо ҳаккокӣ кунем. 

Танҳо 1 нукта, ки дар пахтачинӣ аз субҳ то шом бо студентон буду барои мо рубоиву дубайтии халқӣ мехонду мисли дигар муаллимин дуртар не, ки назди мо нишаста, аз 1 табақ ғизо мехӯрд...кофист, то абадан номаш дар тафаккуру симояш дар чашм ва муҳаббаташ дар дилҳои мо-донишҷӯёни асри ХХ абадан маҳфуз монад.

Ҷоят ҷаннат ва хонаи ахиратат обод бод, устоди фавқулодда маҳбуби мо...

С. Мизроб

Аз номи куллияи хатмуттаҳсилини факултаи филологияи Тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин

 

Ҳолномаи Сӯфизода

Профессор Асадулло Сӯфизода 20.03.1932 дар деҳаи Баландчашмаи н.Данғара ба дунё омадааст. Соли 1956 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар Донишкадаи давлатии педагогии ш.Кӯлоб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Солҳои 1958-1962 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ кор карда, ҳамзамон дар аспирантураи он хондааст. Аз соли 1963 дар кафедраи фолклор ва адабиёти УДТ корро шурӯъ намуд ва қариб ним аср ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон шуғл варзид. Баробари фолклоршиносӣ ба адабиётшиносӣ, шевашиносӣ, усули таълими адабиёт, танқиди адабӣ шуғл варзида, беш аз 300 таълифот ба нашр расондааст. Хидматаш бахусус дар таҳқиқи жанри фолклории чистон бебаҳост.

Маҳсули Сӯфизода:

Сӯфизода, А. Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик. – Душанбе. – Ирфон, 1977.

Сӯфизода, А. Фолклор - афкори  эстетикӣ ва иҷтимоӣ халқ: Сарсухан аз И.С. Брагинский. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 223 с. Китоби дуюм.

Сӯфизода, А. Фолклор - санъати сухан. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 205 с.

Сӯфизода, А. Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 272 с.

Сӯфизода, А. Фолклор-ҳамрадифи таърих. – Душанбе: Адиб, 1994. – 108 с.

Сӯфизода, А. Фолклор маҳзани сухан. – Душанбе: Адиб, 2007. – 112 с.

Сӯфизода, А. Фолклор ва воқеият. – Душанбе, 2008. – 112 с.

Сӯфизода, А. Сухан ҷавҳари фикр: Эҳдо ба шастсолагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2009. – 109 с.

Сӯфизода, А. Оид ба таълими чистонҳои халқӣ дар мактаб // Мактаби советӣ. – 1963. – №10. – С.16-18.

Сӯфизода, А. Мирзо Турсунзода ва эҷоди халқ // Садои Шарқ. – 1981. – №8. – С.119-128.

Сӯфизода, А. Ленин падари халқи ҷаҳон аст: Ба пешвози 113 – солагии В.И. Ленин // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 20 март.

Сӯфизода, А. Ситоиши қаҳрамонони ватан дар фолклор // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 12 апрел.

Сӯфизода, А. Аз кафши Карим-Девона то тавсифи Сафар Махсум // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 9 декабр.

Сӯфизода, А. Вақти бараҳна гуфтан аст…: Роҷеъ ба поси хотири бузургони илму фарҳанг // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 19 январ.

Сӯфизода, А. Дӯш мекардӣ ҳисоб…: Оид ба робитаи риёзиёт бо адабиёти  классикӣ // Омӯзгор. – 1994. – 9 феврал.

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 46

Китобҳо

Flag Counter