ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 28 2021

Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ман 1 чизро намефаҳмам: чӣ лозим иваз кардани рақами хатсайрҳо? Моҳе қабл хатсайри №33 ба рақами №55 иваз карда шуда, ин амал мо мусофиронро гаранг кард. Зеро дар истгоҳҳо мо микроавтобусҳои хатсайри №33-ро интизорему ба ҷойи он беогоҳӣ №55 меояд, ки ноошност. 

Дигар ин, ки мо мусофирони хатсайри №33 маршрутро хуб медонистем-он тавассути кӯчаи Соҳилӣ равуо менамуд. Ҳамакнун микроавтобусҳои №55 сарҳуй шудаанду тавассути дилхоҳ кӯчаву хиёбон рафтуомад мекунанд. Ман 3 маротиба шуд ба микроавтобуси №55 нишаста, сарсон мешавам-якум он маро ба ҷойи к.Соҳилӣ, тавассути к.Н.Қаробоев бурд, дуввум он ки дар гардиши Маркази автомобилӣ (Автосент) «дигар намеравам» гуфта, партофт, сеюм бошад, дар истгоҳи Маркази савдои «Садбарг» «ман Ваҳдат бор мекунам»-гуфта, мардумро фаровард. Аксари ронандагон то истгоҳи охирин-Чимтеппа намераванду аз назди бозори «Корвон» мегарданд…

Ин чӣ гап аст? Чаро хатсайри беҳтарини пойтахтро тағйири ному рақам карда, ба бадтарин табдил додед, муҳтарам масъулин? 

Муҳаббат Ализода, омӯзгор, 

ш.Душанбе

 

Чоршанбе, Июл 21 2021

Салом СССР-и азиз! Мо 1 гурӯҳ сокинони биноҳои №9-и к.Н.Қаробоев ва №118-и к.Мушфиқӣ аз дасти шахсоне, ки бидуни иҷозату муҷавиз ва розигии сокинон худсарона ба амалҳои нодуруст даст мезананд, шикоят дорем. 

Дар шафати бинои мо беш аз 20 сол аст, ки дӯкони фурӯши газетаву журнал фаъолият мекунад. Фурӯшандаи ин дӯкон зани тозакор буда, гирду атрофи дӯкон низ ҳамеша тозаву озода аст. Вале чанде пеш бо баҳонаи гузаронидани қубурҳои оби гарм ин мавзеро кофта, пас аз таҷдид дӯкони газетафурӯширо ба таги бино оварда монданд. Инаш дарди ба хайр аст, чун дӯкон ба касе зарар намеорад, вале баъзе ашхос бо истифода аз мансаб ба паҳлӯи дӯкон боз 2 дӯкони дигар-ошхонаи «Тез-тайёр» ва ларёки фурӯши меваю сабзавотро, ки ба Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» дахл дорад, гузоштанду мушкилоти мардум сар шуд.

Ошхонаи «Тез-тайёр» ва ларёки шафати он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, шояд тозагиро боре ҳам надидааст. Тамоми партови ин 2 дӯкон дар ҷӯйбори гирду атрофи бинои мо рехта, вазъияти эпидемикиро боз ҳам бадтар мекунад. Ҷойе, ки ин 2 дӯконро гузоштаанд, бояд сабзкорӣ карда шавад, вале ба ҷойи ободонӣ, баръакс пур аз ифлосист!

М.Ташрипова, С.Мирзоева, О.Мӯсоева, У. Бобоева, М.Давлатов, Х.Идрисов, Г.Умарова ва боз 7 нафари дигар

 

Панҷшанбе, Июл 15 2021

 

Дар замони шӯравӣ ва дур намеравем ҳатто дар солҳои аввалини истиқлолият вақте ба боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия медаромадӣ, ҳатман ҷавонони зиёдеро медидӣ, ки саргарми бозиҳои варзишӣ буданд. Агар дар 1 тарафи боғ гурӯҳе волейбол бозӣ дошт, дар гӯшаи дигар шашкаву шоҳмот мезаданд, ҳоло чӣ? Чӣ насле ба воя расида истодааст, намефаҳмам! Ин насл на салом дораду на эҳтиром на хоҳиши таҳсилу касбомӯзӣ ва на ақлу идроку андеша ва на рағбати варзиш! Бо ин ҷавонон ба куҷо равонаем?

Алии Баҳманруд, хонанда ва мухлиси газетаи мардумӣ, н.Темурмалик

 

Чоршанбе, Июл 07 2021

 

Дар даврони СССР дар маркази ш.Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) корхонаи дӯзандагӣ бо номи «50-солагии СССР» фаъолият мекарду дар он беш аз 1000 нафар зану мард машғул буд.  Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ин корхона барҳам хӯрда, солҳои тӯлонӣ аз кор монд. Айни ҳол дар заминаи он сехи дӯзандагии ҶДММ «Меҳровар» кушода шуда, 35 нафар занҳои хонашинро ба ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин намудааст. 

Ҳоло мо нигарон аз онем, ки ширкатҳои хориҷӣ ва берун аз вилояти Хатлон омада бо тамоми муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои қудратии вилоят бо ҳар роҳ шартнома мебанданд. Ман ҳамчун роҳбари ин коргоҳи дӯзандагӣ ба Агентии таъминоти амволи махсус барои ҳамкорӣ муроҷиат кардам, аммо натиҷае нест. Мақсади ман он аст, ки ин 35 зан бекор намонанд… 

Комил Сафаров, ш. Бохтар (тел: 90 500 50 75) 

 

Чоршанбе, Июн 30 2021

Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ синамогарони тоҷик ба он муваффақ шуданд, ки чандин кинофилмҳои бадеӣ, таърихӣ, ҳуҷҷатиро пешкаши тамошобини пурбардошту пуртоқат намоянд. Чаро пурбардошту пуртоқат-савол ҷавоб мехоҳад. Дилхоҳ кинофилме, ки шабакаҳои ҷумҳуриявию вилоятию ноҳивӣ пешкаши тамошобин менамояд, саросар аз ғуссаю алам саршор мебошанд. Дар аксари филмҳои синамогарони тоҷик ҷаноза, мурдагуркунӣ, гиряю нола, фироқи бепадарию бемодарӣ пешкаши тамошобин мегардад. 

Дар филмҳои “Коса”, “Муаллим”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Марди мутаалиқи ду зан” ва ғайраҳо яъсу ноумедӣ, беҳуқуқии зан, гиряву нола, мурдан дар хорию зорӣ ба риштаи сужа кашида шудааст. Ин филмҳоро тамошобин дида, барои худ ғайр аз навмедӣ чизи дигаре эҳсос намекунад. Ҳоли қаҳрамононе, ки аз дасти замона , фарзандон, наздикон ба ҷабру ҷафо гирифтор шудаанд ва барои ҳаёти худ коре карда наметавонанд, тамошобинро ба гирдоби ғам мекашад ва хоҳ-нохоҳ ашки чашмаш мешорад. 

Масалан, падарро дар оғил ҷой кардан, аз сари китфи писар ба даруни қабр афтидани падар, зани бешавҳар бо кӯдаки хурдсол дар хона зиндагӣ намуда, зери фуш-фушҳои марди лаққӣ монда, навҳаву фиғони ятимбачагон ва ғ. ва ҳ.  ва амсоли ин ҳаракатҳое, ки касро ба яъсу навмедӣ мебарад. 

Ҳунармандонро низ мо куштем!

Дар давоми 1 соли охир ҳунармандони асил-Саврӣ Сабзалиева, Раҳмондӯсти Қурбониён, Марат Орифов аз дасти пирӣ ва касалӣ нафавтидаанд. Онҳоро ролҳои иҷронамудаашон, ки пур аз ғаму дарди қаҳрамонҳояшон буд, ба хонаи охират гусел кард. Дар айни камолоти эҷодӣ, ҳангоми додани овоз Назирмад Мӯсоев ба олам падруд гуфт. Бовар кунед, овози ӯ низ ҳамеша садои нақши гирёнчакеро ба гӯш мерасонид. 

Бо ин гуфтаниям, ки сенариянависҳою синамогарони тоҷик аз филмҳои маишии пур аз ғаму дард, ки пешкаши тамошобин мекунанд, худдорӣ намоянд. Вақти он расидааст, ки қаҳрамонии халқи тоҷикро, ки давоми солҳои истиқлолият ба даст омадааст, пешкаши тамошобин намоянд. Киноҳои мо пурраву комилан ба шаҳрвандони Тоҷикистон яъсу номуедӣ ва нобоварӣ аз фардо талқин мекунанд. Чӣ магар сенариянависони Тоҷик ба фардои кишвар бовар надоранд???

Бовар дорам, тасвири хушҳолиҳо ва ҳаёти осоиштаву пурумед ба дарозумрии ҳунармандон низ таъсири мусбат мерасонад ва иҷрокунандаи нақши қаҳрамонҳои олиҷаноб  сакта шуда намемуранд...

Зайнулобиддин Ҳусейнов, 

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон.

 

 

Сешанбе, Июн 22 2021

 

 Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой  калонтарин воҳиди  ҳудудии мақомоти маҳалии Хитой буда, яке аз панҷ ноҳияҳои худмухтор  ба шумор  меравад, ки дар он  миллатҳои  зиёд зиндагӣ  мекунанд.  

 Дар  70 соли охир, ба шарофати ғамхориҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой,  ва заҳмату ғайрати тамоми сокинони Шинҷон, ин гавҳари дурахшони Шоҳроҳи бузурги абрешим дубора дурахшидан гирифт. Имрӯзҳо аҳолии  25 млн. нафараи  Шинҷон дар раванди амали сохтани Барномаи «Як камарбанд, як роҳ» дар таърихи ноҳияи хеш саҳифаи навро оғоз намуда истодаанд. 

 Аз соли 60-и пеш аз мелод, аз замоне, ки ҳукумати марказии Хитой дар даврони ҳукмронии сулолаи Хонҳои Ғарбӣ намояндагии ҳукумати худро бо номи   Сиюй (Сарҳади Ғарбӣ ) таъсис доданд, Шинҷон, ба тарҷума аз забони хитойи – Сарҳади нав, ба таври расмӣ  дохили қаламрави Хитой гардид. 

1 октябри соли 1955  Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой  расман таъсис  дода шуд. 

Дар 64 сол  дар Шинҷон тағйиротҳои бузург  ба вуҷуд омаданд. Дар соли  2018 ҳаҷми умумии иқтисоди Шинҷон ба 1,2 трлн юан расид,  ки ин рақам нисбат ба соли 1952  қариб 200 баробар афзоиш ёфтааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 166 юан дар соли 1992 ба  49 ҳазор юан дар соли 2018  расид.   Ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ ба  20 млрд доллари ИМА расид,  ки ин рақам  1481 маротиба аз соли  1950 зиёд мебошад. Сохтори  истеҳсолоти Шинҷон сифатан дигар шуд ва ин ноҳия ба яке аз бузургтарин маркази истеҳсоли пахта ва меваҷоти тару хушк табдил гардид. 

Соҳаи  туризма дар Шинҷон  рушди бесобиқаеро нишон медиҳад:  дар соли  2018 теъдоди саёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, ки аз Шинҷон дидан намудаанд ба  150 млн нафар расид, ки ин  40,1%  бештар аз соли қабли мебошад. 

Рушди бесобиқаи иқтисодӣ дар Шинҷон мустақиман ба афзоиши сатҳи зиндагии сокинони маҳалӣ ва беҳбудии  будубоши ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Дар ноҳияи Шинҷон  системаи маълумоти ҳатмии нуҳсола  мавҷуд буда дар ҳама ҷо беморхонаҳои ҳозиразамон барои табобат ва пешгирии касалиҳо дар се сатҳи мақомоти маҳалли: дар ноҳияҳо, ҷамоъатҳо ва деҳаҳо фаъолият менамоянд, ки ба шарофати онҳо  идомаи синни миёнаи зиндагӣ ба 72 сол расидааст.   

Баъд аз таъсиси Хитойи нав, ҳукумати марказӣ ба Шинҷон иловапулиҳои давлатӣ  дар ҳаҷми  2,35 трлн юан ҷудо намуд. 19 вилоят ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Шинҷон кумакҳои мустақим  менамоянд, ки дар чаҳорчуби онҳо 1,8 трлн юан ҷудо гардид, ки имкон дод иқтисоди Шинҷон ба рушди бесобиқаи иқтисодӣ ноил шавад.  

Шинҷон дар масъалаи таъмини бехатарӣ  бо чолишҳои ҷиддӣ рубару  шуд. Аз солҳои  90-уми  асри гузашта «се неруи бадкор» (терроризм, экстремизм ва ҷудоиталабӣ) дар дохили кишвар ва дар хориҷа  нақша кашида баъдан дар Шинҷон чанд ҳазор  амалҳои мудҳиши террористиро анҷом доданд.   Амалҳои террористие, ки дар таърихи 5 июли соли 2009 анҷом гардиданд ва дар натиҷаи онҳо теъдоди зиёди одамон қурбон шуданд, тамоми ҷаҳонро такон доданд ва  эътирози ҳамагонро барангехтанд. Ин ҳодисаи хунин ба ҳамаи мо нишон дод, ки дар набудани амният, субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, намешавад дар бораи шукофонӣ ва тараққиёт ҳарф зад.  Дар шароите, ки ҷаҳонро «хабарҳои дуруғ» ва суиистифодаи ғаразнок аз вазъияти Шинҷон фаро гирифта буд, ҳукуматдорони  ин ноҳияи худмухтор, фишорҳоро бо сабру таҳаммул паси сар намуда,   чораҳои заруриро  мутобиқи қонун қабул карданд. Онҳо натанҳо бар зидди қонунвайронкуниҳо  мубориза бурданд, балки фаъолона роҳҳои пешгирии даҳшатафканӣ, ифротгароӣ  ва терроризмро пайдо намуда, бадин васила ба муваффақиятҳои калон дар соҳаи идораи давлатӣ дар Шинҷон ноил шуданд.

Қобили хушҳолӣ ин аст, ки дустони русӣ, намояндагони гуногуни ҷомеаи маданӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Русия ин ҳодисаҳоро дуруст дарк ва баҳогузорӣ  менамоянд. Мисоли ин амал  мақолаҳои хабарнигорони русӣ мебошанд, ки баъд аз боздиди Шинҷон ва марказҳои бозтарбия ва касбомӯзӣ навишта шудаанд ва дар ШМА ва кишварҳои Ғарбӣ ин марказҳоро бо сабаҳои ғаразолуд «урдугоҳҳои шиканҷа» ном мебаранд.   

Чунин  марказҳо бахотири ин кушода шудаанд, ки бо роҳи  инсондустона, роҳе  ки худи сокинони Шинҷон дар тули мубориза бо терроризм ва тафаккури ифротгароӣ, интихоб намуда буданд,   идеологияи ифротгароӣ комилан аз байн бурда  шуда, усулҳои волоияти қонун ва маърифат тавсиа пайдо намоянд. Донишу малакаи касбӣ, ки дар ин  марказҳо   омузонда мешаванд, имконияти бо ҷойи кор таъмин карданро фароҳам оварда, ба шахсоне, ки таҳти нуфузи тафаккури ифротгароӣ ва террористӣ қарор доштанд, кумак менамояд, ки ба зиндагии оддии ҷамъиятӣ боз гарданд. 

Бо дарназардошти ҳамаи ин  шароитҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар мубориза бо терроризм, барномаи дарсӣ таҳия гардид, ки ҳадафи он омӯзиши забони давлатӣ, қонунҳо, малакаи касбии техникӣ ва асосҳои зидди ифротгароӣ мебошад.  Ҳангоми гузаронидани ин дарсҳо  ягон хел «поймолкунии ҳуқуқи инсон» вуҷуд надорад. Донишомӯзон, баъд аз касби дараҷаи муайян, курсҳои омӯзиширо хатм намуда ба зиндагии оддӣ боз мегарданд. Марказҳои тарбиявӣ ва касбомӯзӣ ягон шабоҳате ба "урдугоҳҳои шиканҷа"  надоранд, ки дар кишварҳои Ғарбӣ аз онҳо ном мебаранд. Дар ин марказҳо онҳо ягон хел бадрафторӣ ва ё хунрезӣ вуҷуд надорад.  Баръакс, бештари хатмкунандагони ин марказҳо бо истифода аз малакаҳои касбӣ, ки дар марказҳо ба даст оварданд, ба зиндагии бофароғат ва хушбахтӣ ноил гаштанд. 

Ҳукумати марказии Хитой ба таври ҳамеша ба масъалаҳои озодии виҷдон барои сокинони маҳаллӣ диққати калон дода, барои ҳимояи он иқдомҳои зарурӣ меандешад.Дар Шинҷон масҷидҳо, калисоҳои насронӣ, ибодатгоҳҳои бутпарастон ва даоссҳо- дар маҷмуъ 25 ҳазор  масканҳои динӣ мавҷуд буда, теъдоди руҳониёни бонуфуз дар ҳудуди 30 ҳазор нафар ва миқдори мадрасаҳои исломӣ 10 адад мебошанд.  

Фарҳанги бошукуҳи  анъанавии миллатҳои хурд зери ҳимоя қарор дошта доиман дар ҳоли рушд мебошад. Фарҳанги ҳазорсолаи мусиқии дувоздаҳмуқоми уйғурӣ, эпоси қирғизии "Манас" ба руйхати осори фарҳанги инсонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.   Забони хаттӣ ва гуфтугуйи уйғурӣ ба таври васеъ дар  мақомотҳои маҳалии давлатӣ ва адлия, маориф, воситаҳои ахбори омма, табъу нашр, радио-телевизион, интернет ва зиндагии ҷамъиятӣ истифода мешавад.   

 Дар гузаштаи Шинҷон ҳам шукуфонӣ буд, ки бо Шоҳроҳи бузурги абрешим вобастаги дошт, ва ҳам  солҳои сахти хунрезӣ ва бетартибиҳо. Халқи Шинҷон нағз медонад, ки чи мехоҳад, чиро интихоб мекунад ва чиро намехоҳад. 

 Чжан Ханьхуэй

Таҳияи Наҷмиддин Шоҳинбодов

 

 

саҳ 4 аз 69

Китобҳо

Flag Counter