ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 19 2018


ШСХК «Барқи тоҷик» ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намудааст, ки нархи истифодаи қувваи барқро дар кишвар боло бардорад. Агар ҳукумати мамлакат ин дархостро қабул намоянд, он гоҳ нархи 1 киловатт қувваи барқ барои аҳолӣ 19,37 дирамро ташкил хоҳад дод.
Бино ба итиллои аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири СССР расида, вобаста ба ин дархост комиссия махсус ташкил карда шуда, ин пешниҳод айни замон дар ҳоли баррасист. Агар ин пешниҳод қабул гардад, он гоҳ нархи қувваи барқ дар кишвар барои истеъмолкунандагон дар тӯли 1 моҳи оянда 15% қимат мешавад.

Сешанбе, Июл 17 2018


Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқат сурат мегирад. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар асоси иҷозати Агентии «Тоҷикстандарт» сифати телефонҳои мобилиро аз назар гузаронида, баъдан ба он сертификати мутобиқат хоҳад дод. Яъне, минбаъд фурӯшандагони дӯконҳо, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд, аз Хадамоти алоқаи мамлакат барои ба фурӯш гузоштани телефонҳои мобилӣ бояд сертификати мутобиқат бигиранд. Дар ин бора дирӯз Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори хадамоти мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
 Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур бо мақсади  таъмини амнияти давлат, саломатии муштариён, пешгирӣ аз воридоти телефонҳои мобилии пастсифат ва дар ҷамъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар система ва бозори алоқаи мобилии мамлакат гирифта шудааст. Айни замон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон теъдоди  муштариёни алоқаи мобилӣ  ба 6,2 миллион нафар мерасад, ки аз он 4,4 миллионашро муштариёни фаъол ташкил медиҳанд. Шумораи муштариёни алоқаи маҳаллӣ беш аз 355 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин омор зиёда аз 130 ҳазори  он фаъоланд. Теъдоди истифодабарандагони интернет ва истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,5 миллион муштариро фаро мегирад.


Ҷумъа, Июл 13 2018


 Дар 6 моҳи аввали соли 2018 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  495 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 220 ҳодиса ё 30,7% камтар аст. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 403 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намояндаи ширкат, тағйирёбии вақти парвозҳо ва ғайра) – 35 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 20 ҳодиса ва ғайра. 
 Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 611,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 0,6 % зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда1677,0 тн.-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360,0 тн. ё 27,3 % зиёдтар мебошад. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 192,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш Эйрлайнс”, “ Кам Эйр”, Хитой, “Флай Дубай”, “Осмон Эйр”), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал - Россия, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана – Қазоқистон, Узбекистон ҳаво Йуллари) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 14 ададро ташкил медиҳад. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.


Ҷумъа, Июл 13 2018


Дар ш.Бохтар гази моеъ 5 сомонӣ шуд. Роҳкирое, ки 2 сомонӣ буд 3 сомонӣ шуд. Сокинон ва донишҷуёни шаҳр аз баланд шудани роҳкиро нигаронанд. Таксиҳое, ки дар ҳудуди шаҳр то 2 сомонӣ мебурданд, якбора имрӯз 3 сомонӣ шуд. Суҳроб Юсупов-донишҷӯи ДДҚ-и ш.Бохтар дар меҳмонии СССР гуфт, ки мо донишҷӯён аз баланд шудани роҳкиро азият мекашем. Агар мунтазири маршруткаҳои дохилии шаҳр шавем, дер мемонем. Маҷбурем, ки 10 дақиқа пои пиёда қадам занем, азбаски ҳамаи донишҷӯён бойбача нестанд, ки бо таксӣ раванд. Агар бо вақти муайян дар дарс ҳозир нашавем муаллимро пайдо намекунем. Аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунем, ки таксиҳои дохилиро ба танзим дароранд ё маршруткаҳои шаҳр дар вақти муайян ба ҷои лозимӣ ҳозир шаванд.

 Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Июл 12 2018


Аҳмадҷон Расулов, 1 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ш.Якутски Русия кору зиндагӣ мекунад, бо 1 амали худ соҳибкори шинохтаи ин кишвар Вячеслав Владимировро ба ҳайрат овард. Ӯ рӯзи 11.07.2018 дар назди шаҳрдории Якутск 1 ҳамёни калонеро пайдо карда, сипас дар муддати 2 соат соҳиби онро меҷӯяд. Ҷавони Тоҷик ҳамёнро ёфта, ба соҳибаш месупорад. Вячеслав аз хурсандӣ муҳоҷири Тоҷикро ба навор гирифта, аз ӯ барои некиаш изҳори ташаккур карда, гуфтааст, ки дар дохили ҳамён чанд корти бонкӣ ва 100.000 рубли русӣ доштааст. Владимиров-раиси ширкати «Профотсенка» дар Якутск ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ҳеҷ тасаввур намекард, ки ҳамён ва чунин маблағи бузургро баргардонанд. «Ман дар воқеъ такон хӯрдам, чун агар ҳар каси дигар мебуд, 100 ҳазор рублро мегирифт ва ҳамёнро ба партовгоҳ меандохт. Барои ҳамин ин шахс инсони бовиҷдон ва хуб аст», – гуфтааст соҳибкори рус.

Панҷшанбе, Июл 12 2018


Рӯзи 10.07.2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, марди 86-солаи сокини ш. Конибодом дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 79-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба шикамаш задааст.
Чуноне ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, дар натиҷа, пиразан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.


саҳ 79 аз 156

Китобҳо

Flag Counter