ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июн 18 2018


   Боридани борони шадиду жола ва омадани сел шаби 14 ба 15.06.2018 боиси вайрон шудани 3 пул, харобшавии роҳҳо ва осеб дидани боғу заминҳои кишт дар ш.Исфара гашт. Сел дар ҷамоатҳои Лаккон, Навгилем, Кӯлканд, Чилгазӣ ва деҳаҳои Хонаобод ва маҳаллаҳои навбунёди 13, 14 ва Сомониён ва худи ш. Исфара осеб расонидааст. Сел канори роҳҳоро тахриб карда, полези помидор ва ҳосили зардолузоро низ нобуд кардааст.
   Бино ба итиллои раиси ш.Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба мухбири СССР, дар ин робита аз ҷониби МИҲД-и ш.Исфара комиссияи махсус ташкил карда шуда, масъулин тамоми деҳаву маҳалҳои офатзадаро аз назар гузаронида, ҳисороти расидаро баррасӣ менамоянд.

Душанбе, Июн 18 2018


    Боришоти зиёди борон дар ноҳияи Мастчоҳ сабаби фуромадани сел гардид, ки хисороти зиёди моддиро дар пай доштааст. Тахминан соати 2-и 15.06.2018 дар маҳаллаҳои ба номи Малик Қурбонови Ҷамоати деҳоти Палдорак, Саъдии Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва Навободи Ҷамоати деҳоти Оббурдон сел омад. Вале зарари ин офати табиӣ дар маҳаллаи ба номи М. Қурбонов бештар будааст. Дар натиҷаи фуромаданаи сел 1 пули яке аз қисмҳои ҳарбии наздик ба маҳаллаи мазкур хароб гардида, суръати баланди об ба роҳ ва дигар иншооти гирду атроф низ таъсир расонидааст. Аз ҷумла 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар канори роҳ осеб дидаанд.
   Чуноне ки Муродуллоҳ Почозода, хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳи халқ»-и н.Мастчоҳ мегӯяд, бино ба итиллои ситоди ҳолатҳои фавқулода дар н.Мастчоҳ айни замон ҳалокати одамон ба қайд гирифта нашудааст, вале сел дар маҳаллаи мазкур сабабгори талаф шудани чорвои сокинон ва дар дигар манотиқи селзада боиси вайроншавии кишту замин ва манзили шаҳрвандон шудааст.
Аз аввалин лаҳзаҳои вуқуи ин офати табиӣ раиси н.Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, роҳбарони ҳамаи сохтору ташкилот ва муассисаҳои ноҳиявӣ дар макони ҳодиса қарор доранд ва барои бартараф намудани оқибатҳои он техникаҳои махсус низ сафарбар шудаанд.
   Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳи халқ» дар бораи зарар ва ҳаҷми ҳисорот гуфт, ки ин масъаларо комиссияи махсус ҳисоб мекунад.
- Таъсири сел дар маҳаллаи М. Қурбонов бештар аст. Боиси таассуф аст, ки дар рӯзи ид чунин воқеаи нохуш рӯй дод. Аммо ин офати табиист, ки дар натиҷаи боронгариҳои шадид ва зиёд шудани оби дамбаи ш.Истиқлол селро ба амал овард. Азбаски оби омада аз меъёр зиёд буд, аз селпарто берун шуда, ба баъзе иншооти атроф зарар расонд. Аз лаҳзаҳои аввал дар канори мардум ҳастем ва барои бартараф намудани оқибатҳои он дар кутоҳтарин вақт ҳамаи имкониятҳоро истифода мебарем, - мегӯяд Ғайрат Азиззода, раиси н.Мастчоҳ.
   Вале яке аз аъзои ситоди ҳолатҳои фавқулода, ки нахост номаш ифшо шавад, зимни сӯҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Нигоҳи халқ» дар ҷои ҳодиса гуфт, ки зарари расида шояд ба як миллион сомонӣ, ё бештар аз ин баробар шавад. Ӯ мегӯяд:
- Суръати сел хеле баланд аст. Бо гузашти беш аз 10 соат низ то ҳол паст нашудааст. Қисми ҳарбии канори роҳ низ зарар дидааст. Поёнтар аз ин 1 асп ва 4 гусфанд ба коми сел рафт. Дар маҳаллаи Навободи АХД Юсуф Вафо (Ҷамоати деҳоти Оббурдон) ҳам замин ва хонаҳои сокинон осеб диданд. Аммо хурсандибахш аст, ки ҳамаи мақомот чи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва чи кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо сокинони гирду атроф барои бартараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ саъй доранд.
    Ба гуфтаи сокинон дар 50 соли охир дар н.Мастчоҳ чунин сели пурҳисорот бори аввал рӯх додаст.

Панҷшанбе, Июн 14 2018


Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА радиои "Голос Востока” ("Садои Шарқ”) ба фаъолият шурӯъ кард. Аз рӯзи 18 июн "Садои Шарқ” ба пахши барномаҳои вижаи тоҷикӣ оғоз мекунад. Ин радио аз ҷониби соҳибкори самарқандии муқими Амрико Ашраф Зикиров таъсис ёфта, масъулияти бурдани таҳияи барномаҳои тоҷикии "Голос Востока”-ро, аз ҷумла, журналисти тоҷики муқими Амрико Умедҷон Аҳмадзода ба дӯш дорад. Умедҷон қаблан дар ТВ Сафина кор мекард ва 2 сол пеш барои таҳсил ба Амрико рафт. Ӯ гуфт, нахустин барномаи тоҷикии "Садои Шарқ” 18 июн пахш мешавад.

Сешанбе, Июн 12 2018


 Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 1.07.2018 парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе -Анталия (Туркия) оғоз менамояд. Парвозҳо дар ин масир дар даҳ рӯз 1 маротиба анҷом дода шуда, фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «Компас», намояндаи ширкати мазкур дар бозори сайёҳӣ — ҶДММ «Transavia Express» мебошад.
 Бино ба итиллои Тимур Биндишоев, котиби матбуотии ширкати мазкур, парвозҳо дар хатсайри Душанбе- Анталия дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 амалӣ гашта, парвоз 5 соат тӯл кашида, самти бозгашт ба Душанбе 4 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Аз моҳи майи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул дар 1 ҳафта 3 маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе зиёд карда,  ҳамчунин вақти парвозро тағйир дод.
Ба хотири роҳати  мусофирон аз 18 май вақтҳои парвоз аз Душанбе ва аз Истанбул тағйир дода шуданд. Акнун вақти парвоз аз Душанбе соати 05:30 ва аз Истанбул ба Душанбе соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст. шуд.
 Ҷадвали мазкур ба мусофирони тоҷир имкон медиҳад, ки субҳ ба Истанбул парвоз намуда, 1 рӯзашонро ба манфиат гузаронанд ва субҳи дигар боз ба Душанбе баргарданд. Дӯстдорони саёҳат имкон доранд рӯзҳои истироҳатиро истифода намуда, дар муддати 3 рӯз манзараҳои зебои Истанбулро тамошо кунанд ва ба Душанбе дар рӯзи аввали ҳафтаи корӣ баргарданд.

Панҷшанбе, Июн 07 2018


«Ҳоҷӣ Шариф» яке аз бузургтарини бозор дар қаламрави вил.Хатлон ба ҳисоб рафта, сокиноне, ки дар ҳамсоягии ин бозор зиндагӣ мекунанд, ба дод омадаанд. Қисматҳои ин бозор дар 2 канори роҳи мошингард ҷойгир буда, бозор бениҳоят калон аст. Сокиноне, ки дар биноҳои баландошёна мезиянд, ба мухбири СССР аз он шиква намуданд, ягона майдончаи хурдакаке, ки барои бозии кӯдакони атроф муайян шуда буд, айни замон аз ҷониби роҳбарияти ин бозор ғасб шуда, ба қисмати оҳакфурӯшӣ табдил ёфтааст. Сокинон мегӯянд, дар робита ба ин борҳо ба вакили маҳалла ва ба роҳбарияти бозор арз кардаанд, лек касе то имрӯз чорае наандешидаасту зарари оҳак бошад рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Чуноне, ки мухбири СССР дар минтақаи вилоят шоҳид гашт, воқеан ин майдони бозии кӯдакона ҳоло ба бозори оҳакфурӯшӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки аз ин мавзеи оҳакфурӯшӣ то бинои зист 30 метр масофа буда, кӯдакон дар назди оҳакҳо бозӣ карда, атрофи ин қисмат маҳкам нест. Худи оҳакфурӯшон бошанд бо ниқоб фаъолият карда, мегӯянд, онҳоро роҳбарияти бозор дар ҳамин макон ҷой кардааст. Мардум мегӯянд, ҳангоми холӣ кардани оҳак аз мошинҳои гаронвазн чанги оҳак ба фалак печида, ба хонаҳои сокинон медарояд ва ин ба саломатии мардум зиён дорад. Табибон мегӯянд, чанги оҳак ба сиҳатии одам зарари ҷиддӣ дошта, бояд макони фурӯши оҳак аз ҷои зист дар масофа аз 200 то 300 метр дур ва атрофаш маҳкам бошад. Мо натавонистем роҳбарияти бозори мазкурро пайдо карда, дар бораи чӣ гуна ба бозор табдил ёфтани майдончаи кӯдакон бипурсем. Инчунин, бароямон хеле аҷиб намуд: Чаро вақте дар ш.Душанбе масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳар 1 микрорайону маҳалла майдончаи варзишиву бозии кӯдакона бунёд кунанд, дар Бохтар баръакс, ба ҷои бунёду нигоҳ доштани майдончаҳои мавҷуда онҳоро ба бозор табдил медиҳанд!?

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Июн 07 2018


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз эълон намуд-15 июн.
 Ҳамин тариқ, рӯзи ҷумъа, 15 июн, соати 6-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози ид баргузор хоҳад шуд.

саҳ 82 аз 156

Китобҳо

Flag Counter